Афзоиши мизони таваррум дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПокупатели на рынке Мехргон в Душанбе
Покупатели на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Обуна шудан
Тибқи пешгӯии коршиносони бахши иқтисод, дар соли оянда мизони таваррум дар кишвар боло меравад, маводи ғизоӣ ва дигар молҳо қимат мешавад
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли 2022 мизони таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон 2,4% афзоиш ёфтааст. Сатҳи баландтарини он дар моҳи март - 1,7% сабт шудааст, дар ҳоле ки сатҳи таваррум дар моҳи январ 0,5% ва дар моҳи феврал - 0,2% буд.
Дар давраи муайяншуда дар ҷумҳурӣ нархи озуқа ва молҳои ғайриозуқавӣ баланд шуд. Ҳамчунин нархи хидматрасониҳои пулакӣ низ боло рафтааст.
Аз аввали моҳи март дар кишвар ба таври қобили мулоҳиза қимати як қатор маҳсулоти ғизоӣ, ки истеҳсоли дохиливу хориҷӣ мебошад, боло рафт.
Жители Душанбе покупают продукты в магазине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Бозорҳои ноустувор: дар Тоҷикистон нарх ва навбат дар банкоматҳо меафзояд
Аз ҷумла дар ин давра қимати орд, равғани офтобпараст, шакар ва дигар нархҳо гарон шуданд. Арзиши аслии маҳсулоти ғайриғизоӣ — сузишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра низ мунтазам меафзояд.
Бо дарназардошти вазъи кунунӣ Бонки Осиёии Рушд (БОР) коҳиши суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 ва барқароршавии он то соли 2023-ро пешбинӣ мекунад.
Мувофиқи дурнамои рушди Осиё барои соли 2022, пас аз эҳёи қавии иқтисодӣ то 9,2%-и соли 2021 аз 4,5%-и соли 2020 афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ то 2% коҳиш хоҳад ёфт.
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
ММД-и Тоҷикистон 25 дарсад афзоиш меёбад
Рушди пешбинишудаи ММД дар соли 2023 то 3% аст. Интизор меравад, ки чунин нишондодҳо аз ҳисоби афзоиши соҳа ва кумаки изтирории шарикони рушд барои дастгирии бозори истеъмолӣ ба даст оянд.
Таваррум, ки дар соли 2021 то 8 дарсад коҳиш ёфт, дар соли 2022 ба 15 дарсад мерасад, ки ин баёнгари болоравии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоии воридотӣ ва ҳамчунин фишор болои сомонӣ ба далели коҳиши шадиди рубли русӣ аст.
Ин дурнамо афзоиши интизории маош ва нафақаҳои ҳукумат ва ҳамчунин болоравии тарифҳои нерӯи барқро низ инъикос мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки таваррум дар соли 2023 ба далели поин рафтани қимати ғизо ва сӯзишворӣ дар ҷаҳон то 10% коҳиш хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0