https://sputnik.tj/20220412/bozor-tojikiston-narkh-navbat-bankomat-1047564141.html
Бозорҳои ноустувор: дар Тоҷикистон нарх ва навбат дар банкоматҳо меафзояд
Бозорҳои ноустувор: дар Тоҷикистон нарх ва навбат дар банкоматҳо меафзояд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе назди терминалҳои бонкӣ навбат пайдо шуд, шаҳрвандони зиёд дар пайи афзоиши қурби пули Русия барои гирифтани интиқоли рубл ба бонкҳо шитофтанд
2022-04-12T11:24+0500
2022-04-12T11:24+0500
2022-04-12T13:44+0500
дар тоҷикистон
бозор
гаронии нарх
иқтисод
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102907/05/1029070560_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_ae21e7900bcd69c3154b4a633f94050b.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар баробари навбатпоиҳое, ки дар банкоматҳо ва марказҳои хидматрасонӣ пайдо шудаанд, қимати маводи ниёзи аввалия боз боло меравад. Сокинон дар пасманзари афзоиши ғайричашмдошти қурби пули Русия пас аз моҳи феврал ба бонкҳо шитофтанд, то рубли ирсолии муҳоҷиронро гиранд. Ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, рӯзи дувум аст, ки дар терминалҳои бонкҳои Душанбе ҷамъшавии зиёди одамон мушоҳида мешавад. Мардум бо норасоии пули нақди миллӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.Дар баробари ин дар ташкилотҳои тиҷорӣ аз хориҷа интиқоли маблағҳо то ҳол идома дорад. Қисми зиёди маблағҳо барои хидматрасонӣ ва додани пули нақд дар интиқоли маблағ сарф карда мешаванд. Пас аз ҷаҳиши якбораи қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ нархи маводи ғизоӣ низ боло рафт. Ин ба он далел аст, ки воридоти коло ба Тоҷикистон бо доллару рубл сурат мегирад.Сокинони кишвар аз аввали ҳафта боз тафовути нархи маҳсулоти зарурии воридшударо ҳис карданд, хабар медиҳад сомонаи "Авесто". Илова бар ин бозори дохилӣ ба тасмими Русия дар бораи манъи содироти рӯғани офтобпараст низ ночор монд. Инак, аллакай 11 апрел рӯғани офтобпараст якбора 8 фоиз қимат шуд. Агар дар рӯзҳои истироҳат як баки панҷлитраи рӯғани офтобпарасти маъруфи "Олейна" 120 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас аз аввали ҳафта нархи он то 130 сомонӣ боло рафтааст.Қобили зикр аст, ки то ҳол дар ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон дар мавриди болоравии нархҳо изҳори назар нашудааст. Аммо таъминкунандагон ва фурӯшандагон тамоюли қиматиро бо афзоиши доллар рабт медиҳанд.
https://sputnik.tj/20220412/tojikiston-surat-internet-tez-1047560083.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102907/05/1029070560_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_cfb97de1e6214481f8d7a157dc0e17f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозорҳо ноустувор тоҷикистон нарх навбат банкомат
бозорҳо ноустувор тоҷикистон нарх навбат банкомат
Бозорҳои ноустувор: дар Тоҷикистон нарх ва навбат дар банкоматҳо меафзояд
11:24 12.04.2022 (Навсозишуда: 13:44 12.04.2022) Дар Душанбе назди терминалҳои бонкӣ навбат пайдо шуд, шаҳрвандони зиёд дар пайи афзоиши қурби пули Русия барои гирифтани интиқоли рубл ба бонкҳо шитофтанд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар баробари навбатпоиҳое, ки дар банкоматҳо ва марказҳои хидматрасонӣ пайдо шудаанд, қимати маводи ниёзи аввалия боз боло меравад.
Сокинон дар пасманзари афзоиши ғайричашмдошти қурби пули Русия пас аз моҳи феврал ба бонкҳо шитофтанд, то рубли ирсолии муҳоҷиронро гиранд.
Ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, рӯзи дувум аст, ки дар терминалҳои бонкҳои Душанбе ҷамъшавии зиёди одамон мушоҳида мешавад. Мардум бо норасоии пули нақди миллӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Дар баробари ин дар ташкилотҳои тиҷорӣ аз хориҷа интиқоли маблағҳо то ҳол идома дорад. Қисми зиёди маблағҳо барои хидматрасонӣ ва додани пули нақд дар интиқоли маблағ сарф карда мешаванд.
Пас аз ҷаҳиши якбораи қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ нархи маводи ғизоӣ низ боло рафт. Ин ба он далел аст, ки воридоти коло ба Тоҷикистон бо доллару рубл сурат мегирад.
Сокинони кишвар аз аввали ҳафта боз тафовути нархи маҳсулоти зарурии воридшударо ҳис карданд, хабар медиҳад сомонаи "Авесто".
Илова бар ин бозори дохилӣ ба тасмими Русия дар бораи манъи содироти рӯғани офтобпараст низ ночор монд.
Инак, аллакай 11 апрел рӯғани офтобпараст якбора 8 фоиз қимат шуд. Агар дар рӯзҳои истироҳат як баки панҷлитраи рӯғани офтобпарасти маъруфи "Олейна" 120 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас аз аввали ҳафта нархи он то 130 сомонӣ боло рафтааст.
Қобили зикр аст, ки то ҳол дар ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон дар мавриди болоравии нархҳо изҳори назар нашудааст. Аммо таъминкунандагон ва фурӯшандагон тамоюли қиматиро бо афзоиши доллар рабт медиҳанд.