https://sputnik.tj/20220408/mmd-tojikiston-afzoish-1047468354.html
ММД-и Тоҷикистон 25 дарсад афзоиш меёбад
ММД-и Тоҷикистон 25 дарсад афзоиш меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Мувофики дурнамои тахлилгарон Тоҷикистон дар се соли оянда ҳачми маҷмӯи маҳсулоти дохилиро якбора 25,2 дарсад афзоиш хоҳад
2022-04-08T15:30+0500
2022-04-08T15:30+0500
2022-04-08T19:33+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ммд
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116281_130:42:1400:757_1920x0_80_0_0_67b002cf6f799418d73a9d2fd0606536.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 ҷумҳурӣ ҳаҷми ММД-ро дар чанд соли оянда ба 132,1 миллиард сомонӣ (беш аз 10,5 миллиард доллар) мерасонад.Тоҷикистон ният дорад, то соли 2024 ҳаҷми ММД-и кишварро 25,2 дарсад афзоиш диҳад.Илова бар ин, тибқи ин санад, соли 2022 ММД-и кишвар беш аз 103,9 миллиард сомонӣ (8,3 миллиард доллар) пешбинӣ шудааст.Дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба маблағи беш аз 117,9 миллиард сомонӣ (9,4 миллиард доллар) пешгӯӣ шудааст.Вале дар соли 2024 афзоиши ММД аз 7,9 дарсад то 8,2 дарсад пешбинӣ мегардад.Қаблан хабар дода шуда буд, ки шумораи аҳолии кишвар дар ин давра ба беш аз 9,8 миллион нафар расидааст.Ҳамин тариқ дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бар сари аҳолӣ дар охири соли гузашта каме бештар аз 10,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 850 доллар), ҳаҷми ММД 98,9 миллиард сомонӣ (7,9 миллиард доллар)-ро ташкил дода буд.Ёдовар мешавем, ки таҳлилгарони Бонки Осиёии Рушд дар бораи қисман беҳтар шудани вазъи иқтисодии кишвар дар соли 2023 пешгӯӣ карда буданд. Иқтисоддонҳо қайд мекунанд, ки пас рушди қавии иқтисодӣ (то 9,2 дарсад дар соли 2021 ва 4,5 дарсади соли 2020) афзоиши ММД дар соли 2022 ҳамагӣ то 2 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.Коршиносон афзоиши сатҳи ММД дар соли 2023-ро то се дарсад тахмин мезананд. Рушди ММД тавассути рушди саноат ва кумаки шарикони рушд барои дастгирии бахши истеъмолӣ сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20220204/maqomot--rushdi-iqtisod-na-kam-az-8-darsad-1045494511.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116281_156:0:1400:933_1920x0_80_0_0_8b570862aa692d4e5f66814871fb2f56.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ммд, афзоиш, иқтисод
тоҷикистон, ммд, афзоиш, иқтисод
ММД-и Тоҷикистон 25 дарсад афзоиш меёбад
15:30 08.04.2022 (Навсозишуда: 19:33 08.04.2022) Мувофиқи дурнамои таҳлилгарон, Тоҷикистон дар се соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилиро якбора 25,2 дарсад афзоиш хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 ҷумҳурӣ ҳаҷми ММД-ро дар чанд соли оянда ба 132,1 миллиард сомонӣ (беш аз 10,5 миллиард доллар) мерасонад.
Тоҷикистон ният дорад, то соли 2024 ҳаҷми ММД-и кишварро 25,2 дарсад афзоиш диҳад.
Илова бар ин, тибқи ин санад, соли 2022 ММД-и кишвар беш аз 103,9 миллиард сомонӣ (8,3 миллиард доллар) пешбинӣ шудааст.
Дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба маблағи беш аз 117,9 миллиард сомонӣ (9,4 миллиард доллар) пешгӯӣ шудааст.
Вале дар соли 2024 афзоиши ММД аз 7,9 дарсад то 8,2 дарсад пешбинӣ мегардад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки шумораи аҳолии кишвар дар ин давра ба беш аз 9,8 миллион нафар расидааст.
Ҳамин тариқ дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бар сари аҳолӣ дар охири соли гузашта каме бештар аз 10,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 850 доллар), ҳаҷми ММД 98,9 миллиард сомонӣ (7,9 миллиард доллар)-ро ташкил дода буд.
Ёдовар мешавем, ки таҳлилгарони Бонки Осиёии Рушд дар бораи қисман беҳтар шудани вазъи иқтисодии кишвар дар соли 2023 пешгӯӣ карда буданд. Иқтисоддонҳо қайд мекунанд, ки пас рушди қавии иқтисодӣ (то 9,2 дарсад дар соли 2021 ва 4,5 дарсади соли 2020) афзоиши ММД дар соли 2022 ҳамагӣ то 2 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Коршиносон афзоиши сатҳи ММД дар соли 2023-ро то се дарсад тахмин мезананд. Рушди ММД тавассути рушди саноат ва кумаки шарикони рушд барои дастгирии бахши истеъмолӣ сурат мегирад.