https://sputnik.tj/20220414/muvaqqati-eskhata-kambudi-pul-bankomatho-sharh-1047632775.html
Муваққатӣ ва ҳал мешавад: “Эсхата” камбуди пул дар банкоматҳояшро шарҳ дод
Муваққатӣ ва ҳал мешавад: “Эсхата” камбуди пул дар банкоматҳояшро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Ташкилот аз муштариёнаш узр хоста, ваъда додааст, ки мушкилии камбуди нақдина рӯзҳои наздик ҳал мешавад
2022-04-14T12:45+0500
2022-04-14T12:45+0500
2022-04-15T17:49+0500
дар тоҷикистон
пул
бонк
эсхата
камбудӣ
ислоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032778063_0:967:2049:2119_1920x0_80_0_0_a69d7a029d66f7e246033f2df90e43c8.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Бонки “Эсхата” камбуди пули нақдинаи сомонӣ дар банкоматҳояшро шарҳ дода, ба мизоҷнаш ваъда додааст, ки ин мушкилӣ рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад.Бонки мазкур дар як посухи катбӣ ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки вазъияти чанд рӯзи ахир дар банкоматҳои ташкилот чаро ба миён омад.Ёдрас менамоем, чанд рӯзи ахир сокинони кишвар шикоят мебаранд, ки аз банкоматҳои чанд бонк, аз ҷумла бонки “Эсхата” наметавонанд маблағҳои дар ҳисобашонбударо ба даст оранд ё барои гирифтани он соатҳо дар навбат мемонанд.Ҳамин тавр яке аз сабабаҳои камбуди нақдина дар банкоматҳои бонки мазкур афзоиши интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ будааст.“Эсхата” меафзояд, бинобар боло рафтани арзиши рубл якбора ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон бештар шуд ва танҳо аз тариқи ташкилоти пулии мазкур 4,5 баробар афзудааст.Омили дигари мушкили бамиёномодаро бонк ба сатҳи пардохтҳои ғайринақдӣ дар дохили Тоҷикистон, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо, он хеле кам аст, иртибот медиҳад.Гуфта мешавад, агар дар соли 2021 ҳиссаи пардохти ғайринақдӣ дар Русия 60 дарсад, Қирғизистон 40 дарсад ва Қазоқистон 77 дарсадро ташкил кунад, дар Тоҷикистон ин нишондод танҳо 10 фисад аст.“Ҳамаи ин омилҳо дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо пули нақд таъсир расониданд, вале ин мушкилӣ характери муваққатӣ дорад”, - тавзеҳ медиҳад “Эсхата”.Бонки Эсхата шаҳрвандонро даъват намудааст, ки ба таҳлука наафтанд ва сокинонро итминон медиҳад, ки маблағ ба ҳар ҳол дар суратҳисоби мизоҷон боқӣ мемонад.Ба қавли манбаъ, имкониятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ барои ҳамаи дорандагони кортҳои бонкӣ рӯз аз рӯз дастрастар мегарданд. Мизоҷон дар ҳар лаҳза метавонанд бо истифода аз пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ, талаботи худро қонеъ гардонанд.“Эсхата” ба диққати муштариёнаш мерасонад, ки дар сурати тамом шудани маблағ дар банкоматҳо метавонанд ба хазинаҳои бонк муроҷиат намоянд.Ҳамчунин ин ташкилоти молӣ мегӯяд, барои беҳтар намудани вазъият талош мекунад ва ин мушкилот рӯзҳои наздик ҳалли худро хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20220412/somoni-bankomat-bonkho-tojikiston-ghayb-1047581255.html
https://sputnik.tj/20220407/muhojiron-tojikiston-pul-intiqol-1047424888.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032778063_0:775:2049:2311_1920x0_80_0_0_680d4274133c9606140d15e5dcd0a9e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонк, эсхата, банкомат, камбуди пул, нақдина
тоҷикистон, бонк, эсхата, банкомат, камбуди пул, нақдина
Муваққатӣ ва ҳал мешавад: “Эсхата” камбуди пул дар банкоматҳояшро шарҳ дод
12:45 14.04.2022 (Навсозишуда: 17:49 15.04.2022) Эксклюзив
Ташкилот аз муштариёнаш узр хоста, ваъда додааст, ки мушкилии камбуди нақдина рӯзҳои наздик ҳал мешавад
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Бонки “Эсхата” камбуди пули нақдинаи сомонӣ дар банкоматҳояшро шарҳ дода, ба мизоҷнаш ваъда додааст, ки ин мушкилӣ рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад.
Бонки мазкур дар як посухи катбӣ ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки вазъияти чанд рӯзи ахир дар банкоматҳои ташкилот чаро ба миён омад.
Ёдрас менамоем, чанд рӯзи ахир сокинони кишвар шикоят мебаранд, ки аз банкоматҳои чанд бонк, аз ҷумла бонки “Эсхата” наметавонанд маблағҳои дар ҳисобашонбударо ба даст оранд ё барои гирифтани он соатҳо дар навбат мемонанд.
Ҳамин тавр яке аз сабабаҳои камбуди нақдина дар банкоматҳои бонки мазкур афзоиши интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ будааст.
“Дар робита ба коҳиши арзиши рубл дар охири моҳи феврал интиқоли пул аз Русия дар бонки Эсхата 44 дарсадро ташкил дода буд”, - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
“Эсхата” меафзояд, бинобар боло рафтани арзиши рубл якбора ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон бештар шуд ва танҳо аз тариқи ташкилоти пулии мазкур 4,5 баробар афзудааст.
“Илова бар ин корхонаҳо дар аввал ва охири моҳ ба кормандони худ маош медиҳанд, ки ин ҳам сарбории бонкҳоро дар таъмини шаҳрвандон бо пули нақд зиёд мекунад”, - менависад бонк.
Омили дигари мушкили бамиёномодаро бонк ба сатҳи пардохтҳои ғайринақдӣ дар дохили Тоҷикистон, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо, он хеле кам аст, иртибот медиҳад.
Гуфта мешавад, агар дар соли 2021 ҳиссаи пардохти ғайринақдӣ дар Русия 60 дарсад, Қирғизистон 40 дарсад ва Қазоқистон 77 дарсадро ташкил кунад, дар Тоҷикистон ин нишондод танҳо 10 фисад аст.
“Ҳамаи ин омилҳо дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо пули нақд таъсир расониданд, вале ин мушкилӣ характери муваққатӣ дорад”, - тавзеҳ медиҳад “Эсхата”.
Бонки Эсхата шаҳрвандонро даъват намудааст, ки ба таҳлука наафтанд ва сокинонро итминон медиҳад, ки маблағ ба ҳар ҳол дар суратҳисоби мизоҷон боқӣ мемонад.
Ба қавли манбаъ, имкониятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ барои ҳамаи дорандагони кортҳои бонкӣ рӯз аз рӯз дастрастар мегарданд. Мизоҷон дар ҳар лаҳза метавонанд бо истифода аз пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ, талаботи худро қонеъ гардонанд.
“Эсхата” ба диққати муштариёнаш мерасонад, ки дар сурати тамом шудани маблағ дар банкоматҳо метавонанд ба хазинаҳои бонк муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин ин ташкилоти молӣ мегӯяд, барои беҳтар намудани вазъият талош мекунад ва ин мушкилот рӯзҳои наздик ҳалли худро хоҳад ёфт.