https://sputnik.tj/20220414/izhorot-chovush-oghlu-muloqot-putin-zelenskiy-1047656666.html
Изҳороти ахири Човушуғлу дар бораи мулоқоти Путин бо Зеленский
Изҳороти ахири Човушуғлу дар бораи мулоқоти Путин бо Зеленский
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Туркия гуфтааст, ки дар ояндаи наздик руасои ҷумҳури Русия ва Украина мулоқот хоҳанд кард
2022-04-14T20:35+0500
2022-04-14T20:35+0500
2022-04-14T20:39+0500
дар русия
украина
туркия
владимир путин
владимир зеленский
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:0:3015:1696_1920x0_80_0_0_3b499f7f3661d6737fd46c4a5c793211.jpg
Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия изҳор кардааст, ки дар ояндаи наздик бо Владимир Путин ва Зеленский мулоқот хоҳад кард ва гуфтааст, ки танҳо мувофиқат бо раисҷумҳури Русия боқӣ мондааст. Оқои Човушуғлу ба телевизиони NTV гуфтааст, "ман бовар дорам, ки мулоқот дар ояндаи наздик баргузор мешавад. Ҳама чиз ба ризоият ва мавқеи Путин вобастааст. Аслан раҳбари Русия ба ин дидор мухолиф нест". Вазири хориҷаи Русия қаблан гуфта буд, мулоқоти Путин бо Владимир Зелинский замоне сурат хоҳад гирифт, ки музокироти ҳайатҳои Маскаву Киев ба поён расад. Қаблан ӯ гуфта буд, Туркия омодааст, ки музокироти руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Украинаро ташкил кунад.Маврид ба зикр аст, ки Туркия аллакай мизбони як даври дидори ҳайатҳои Русия ва Украина низ буд.Ҷониби Русия ҳамвора ба ризоияти Путин барои мулоқот бо Зеленский таъкид мекунад, аммо шарти асосии дидори президентҳоро дастёбӣ ба созиши мушаххас аз ҷониби гуруҳҳои корӣ медонад.Қаблан вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфта буд, Маскав ҳавасманд аст, ки музокирот бо Киев муваффақ анҷомад.Ӯ дар шарҳи мулоқоти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои украинияш Владимир Зеленский гуфт, ин дидор замоне сурат мегирад, ки тавофуқот ҳосил шаванд.Мулоқоти мазкур дар сурате зарур аст, ки дар масъалаи Донбасс, ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина мувофиқа ҳосил шавад, афзуд Лавров.Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия низ дар пайи музокироти Истанбул мулоқоти Путин ва Зеленскийро истисно карда, онро ба адами тавофуқот рабт дод.Пас аз амалиёти вижаи Русия музокироти аввалини ҳайатҳо рӯзи 28 феврал дар вилояти Гомели Беларус баргузор шуд. Сипас намояндагони Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча ва 7 март дар вилояти Брест мулоқот карданд. Дар нимаи моҳи март тасмим гирифта шуд, ки вохӯриҳо ҳар рӯз ба таври онлайнӣ баргузор шаванд. Охирин дидори ҳайатҳо дар Туркия баргузор шуд, аммо то кунун ин гуфтушунидҳо натоиҷи мушаххаст надодаанд.
https://sputnik.tj/20220412/putin-amaliyot-vizha-ukraina-qadam-durust-1047575446.html
https://sputnik.tj/20220329/medinskiy-muloqot-putin-zelenskiy-imkonpazir-1047169320.html
украина
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:120:2427:1940_1920x0_80_0_0_61586e6c83c6e116ccafa52163dbf4a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
изҳороти човушоғлу мулоқот путин зеленский
изҳороти човушоғлу мулоқот путин зеленский
Изҳороти ахири Човушуғлу дар бораи мулоқоти Путин бо Зеленский
20:35 14.04.2022 (Навсозишуда: 20:39 14.04.2022) Вазири хориҷаи Туркия гуфтааст, ки дар ояндаи наздик руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Украина мулоқот хоҳанд кард, аммо ҳама чиз ба ризоият ва мавқеи Путин вобастааст
Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия изҳор кардааст, ки дар ояндаи наздик бо Владимир Путин ва Зеленский мулоқот хоҳад кард ва гуфтааст, ки танҳо мувофиқат бо раисҷумҳури Русия боқӣ мондааст.
Оқои Човушуғлу ба телевизиони NTV гуфтааст, "ман бовар дорам, ки мулоқот дар ояндаи наздик баргузор мешавад. Ҳама чиз ба ризоият ва мавқеи Путин вобастааст. Аслан раҳбари Русия ба ин дидор мухолиф нест".
Вазири хориҷаи Русия қаблан гуфта буд, мулоқоти Путин бо Владимир Зелинский замоне сурат хоҳад гирифт, ки музокироти ҳайатҳои Маскаву Киев ба поён расад.
Қаблан ӯ гуфта буд, Туркия омодааст, ки музокироти руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Украинаро ташкил кунад.
Маврид ба зикр аст, ки Туркия аллакай мизбони як даври дидори ҳайатҳои Русия ва Украина низ буд.
Ҷониби Русия ҳамвора ба ризоияти Путин барои мулоқот бо Зеленский таъкид мекунад, аммо шарти асосии дидори президентҳоро дастёбӣ ба созиши мушаххас аз ҷониби гуруҳҳои корӣ медонад.
Қаблан вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфта буд, Маскав ҳавасманд аст, ки музокирот бо Киев муваффақ анҷомад.
Ӯ дар шарҳи мулоқоти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои украинияш Владимир Зеленский гуфт, ин дидор замоне сурат мегирад, ки тавофуқот ҳосил шаванд.
Мулоқоти мазкур дар сурате зарур аст, ки дар масъалаи Донбасс, ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина мувофиқа ҳосил шавад, афзуд Лавров.
Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия низ дар пайи музокироти Истанбул мулоқоти Путин ва Зеленскийро истисно карда, онро ба адами тавофуқот рабт дод.
Пас аз амалиёти вижаи Русия музокироти аввалини ҳайатҳо рӯзи 28 феврал дар вилояти Гомели Беларус баргузор шуд. Сипас намояндагони Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча ва 7 март дар вилояти Брест мулоқот карданд.
Дар нимаи моҳи март тасмим гирифта шуд, ки вохӯриҳо ҳар рӯз ба таври онлайнӣ баргузор шаванд.
Охирин дидори ҳайатҳо дар Туркия баргузор шуд, аммо то кунун ин гуфтушунидҳо натоиҷи мушаххаст надодаанд.