https://sputnik.tj/20220329/medinskiy-muloqot-putin-zelenskiy-imkonpazir-1047169320.html
Мединский гуфт, кай мулоқоти Путин ва Зеленский имконпазир мешавад
Мединский гуфт, кай мулоқоти Путин ва Зеленский имконпазир мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Музокироти кишвардорони Русия ва Украина дар сурати ба тасвиб расидани созишнома имконпазир мегардад 29.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-29T18:30+0500
2022-03-29T18:30+0500
2022-03-29T18:30+0500
дар русия
украина
музокирот
сиёсат
владимир путин
владимир зеленский
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047081746_0:0:2569:1446_1920x0_80_0_0_bac50ebd802f3a2ad9bf6ca60f6a3069.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Туркия музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина ба наҷом расид. Ин навбат намояндагони ин ду кишвар тақрибан се соат музокира карданд ва феълан маълум нест, ки гуфтушуниди онҳо чӣ натиҷа дод.Дар ҳамин ҳол роҳбари ҳайати Русия ва ёвари президент Владимир Мединский музокироти охиронро фоидаовар гуфт.Ӯ таъкид намуд, ки дар сурати имзо шудани созишнома эҳтимол музокироти Владимир Путин, президенти Русия ва ҳамтои украинии ӯ Владимир Зеленский баргузор гардад.Музокироти аввалини ҳайатҳо рӯзи 28 феврал дар вилояти Гомели Беларус баргузор шуд. Сипас намояндагони Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча ва 7 март дар вилояти Брест мулоқот карданд. Дар нимаи моҳи март тасмим гирифта шуд, ки вохӯриҳо ҳар рӯз ба таври онлайнӣ баргузор шаванд.Музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти низомии Русия дар Украина идома дорад. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
https://sputnik.tj/20220329/qodirov-muzokirot-rusiya-ukraina-tanqid-1047164028.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047081746_27:0:2218:1643_1920x0_80_0_0_52263ef8e55a10c24ecdecb80eff56e5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, украина, музокирот, сиёсат , владимир путин, владимир зеленский
дар русия, украина, музокирот, сиёсат , владимир путин, владимир зеленский
Мединский гуфт, кай мулоқоти Путин ва Зеленский имконпазир мешавад
Музокироти кишвардорони Русия ва Украина дар сурати ба тасвиб расидани созишнома имконпазир мегардад
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Туркия музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина ба наҷом расид.
Ин навбат намояндагони ин ду кишвар тақрибан се соат музокира карданд ва феълан маълум нест, ки гуфтушуниди онҳо чӣ натиҷа дод.
Дар ҳамин ҳол роҳбари ҳайати Русия ва ёвари президент Владимир Мединский музокироти охиронро фоидаовар гуфт.
Ӯ таъкид намуд, ки дар сурати имзо шудани созишнома эҳтимол музокироти Владимир Путин, президенти Русия ва ҳамтои украинии ӯ Владимир Зеленский баргузор гардад.
Музокироти аввалини ҳайатҳо рӯзи 28 феврал дар вилояти Гомели Беларус баргузор шуд. Сипас намояндагони Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча ва 7 март дар вилояти Брест мулоқот карданд. Дар нимаи моҳи март тасмим гирифта шуд, ки вохӯриҳо ҳар рӯз ба таври онлайнӣ баргузор шаванд.
Музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти низомии Русия дар Украина идома дорад. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.