https://sputnik.tj/20220412/putin-amaliyot-vizha-ukraina-qadam-durust-1047575446.html
Путин: Амалиёти вижа дар Украина қадами дуруст аст
Путин: Амалиёти вижа дар Украина қадами дуруст аст
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия ба заминаҳои ҷиддӣ ва ногузир юудани оғози муноқиша бо ҳамсояи наздиктарин ба далели сабзидани "шӯъбаҳои миллатгароӣ" ишора кард
2022-04-12T16:20+0500
2022-04-12T16:20+0500
2022-04-12T18:05+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
владимир путин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0c/1047571426_0:0:3097:1742_1920x0_80_0_0_1fb2acb7e9f47ce0523fe4b48c40a80c.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ҳадафҳои амалиёти вижае, ки Русия дар Украина оғоз кардааст, амалӣ хоҳанд шуд, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни суҳбат бо коргарони космодроми "Восточний". Ба гуфтаи ӯ, маъракаи низомӣ ҳадафҳои комилан фаҳмо ва наҷиб - кумак ба сокинони Донбассро дорад. Президент афзуд, Русия илоҷи дигаре барои таъмини амнияти худ надорад. Ягона ва дуруст қадами ҳарбӣ буд. "Мо коре карда истодаем, ки аз як тараф ба одамон кумак мекунем, одамонро наҷот медиҳем ва аз тарафи дигар мо танҳо барои таъмини амнияти худи Русия чора меандешем",- гуфт президент.Вай ҳамчунин ба афзоиши нерӯҳои зидди Русия дар Украина дар солҳои ахир, аз ҷумла неонатсизм ишора кард. Бархӯрд бо онҳо ногузир буд. Илова бар ин раисиҷумҳур аз афсарони нерӯҳои мусаллаҳи Русия, ки дар амалиёти вижа ширкат доранд, ситоиш кардааст. "[Онҳо] далерона, моҳирона амал мекунанд, аз навъҳои муосиртарин силоҳ истифода мекунанд", - гуфт раҳбари Русия.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд".Нерӯҳои мусаллаҳи Русия урдӯгоҳи пойгоҳи "Сектори рост"* дар Донетскро тахриб кардандБарои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва то 25 март вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавоноии ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20220412/putin-moh-kishtii-kayhoni-partob-1047573946.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0c/1047571426_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_37c0a3b4af909cb8a40352ef98a65ff5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин украина амалиёти вижа
путин украина амалиёти вижа
Путин: Амалиёти вижа дар Украина қадами дуруст аст
16:20 12.04.2022 (Навсозишуда: 18:05 12.04.2022) Раҳбари Русия ба заминаҳои ҷиддӣ ва ногузир будани оғози муноқиша бо ҳамсояи наздиктаринаш ба далели сабзидани "шуъбаҳои миллатгароӣ" ишора кард
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ҳадафҳои амалиёти вижае, ки Русия дар Украина оғоз кардааст, амалӣ хоҳанд шуд, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни суҳбат бо коргарони космодроми "Восточний".
Ба гуфтаи ӯ, маъракаи низомӣ ҳадафҳои комилан фаҳмо ва наҷиб - кумак ба сокинони Донбассро дорад.
"Мутаассифона, мақомоти Киев аз иҷрои тавофуқоти Минск сарпечӣ карданд. Таҳаммули ин наслкуширо идома додан ғайриимкон буд", - гуфт ӯ.
Президент афзуд, Русия илоҷи дигаре барои таъмини амнияти худ надорад. Ягона ва дуруст қадами ҳарбӣ буд.
"Мо коре карда истодаем, ки аз як тараф ба одамон кумак мекунем, одамонро наҷот медиҳем ва аз тарафи дигар мо танҳо барои таъмини амнияти худи Русия чора меандешем",- гуфт президент.
Вай ҳамчунин ба афзоиши нерӯҳои зидди Русия дар Украина дар солҳои ахир, аз ҷумла неонатсизм ишора кард. Бархӯрд бо онҳо ногузир буд.
Илова бар ин раисиҷумҳур аз афсарони нерӯҳои мусаллаҳи Русия, ки дар амалиёти вижа ширкат доранд, ситоиш кардааст.
"[Онҳо] далерона, моҳирона амал мекунанд, аз навъҳои муосиртарин силоҳ истифода мекунанд", - гуфт раҳбари Русия.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва то 25 март вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавоноии ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.