Афзоиши рекордии гардиши савдои хориҷӣ дар вилояти Суғд

© PixabayЭкономический рост, архивное фото
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Танҳо содироти маҳсулоти ғизоӣ аз минтақаи шимолии Тоҷикистон аз аввали соли 2022 257 миллион долларро ташкил дода, 90,9% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Суғд дар моҳҳои январ-марти соли 2022 афзоиши қобили мулоҳизае дошта, 720,5 миллион долларро ташкил додааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати ин вилоят.
Ҳамин тариқ суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 150,4 фоиз таъмин гардидааст.
Дар мавриди воридот бошад, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии он ба беш аз 463 миллион доллар расид. Дар муқоиса бо соли 2021 ин 118,4 миллион доллар ё 34,3 фоиз зиёд аст.
Нитки на хлопкоперерабатывающем предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Содироти маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ба таври рекордӣ афзоиш ёфт
Содироти маҳсулоти ғизоӣ 257 миллион долларро ташкил дода, 122,4 миллион доллар ё 90,9 фоиз афзудааст.
Аз Суғд асосан ба маблағи 93,5 ҳазор тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 159,5 миллион доллар содир шудааст. Ҳиссаи онҳо дар содироти умумӣ 62 фоизро ташкил медиҳад.
Ба навъи асосии молҳои содиротӣ низ семент ва нахи пахта дохил шуданд. Ҳаҷми онҳо 35 ҳазор тонна афзуда, 168,8 ҳазор тонна, ба маблағи 4,9 миллион долларро ташкил дод.
Содироти нахи пахта нисбат ба соли гузашта 17,2 миллион доллар зиёд будааст. Дар соли ҷорӣ ҳаҷми умумии нахи пахтаи содиротӣ ба маблағи 35,4 миллион доллар, 13,4 ҳазор тонна будааст.
Дар натиҷаи татбиқи мақсадноки саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ дар вилоят нишондиҳандаҳои истеҳсолии саноати нассоҷӣ беҳтар гардиданд, ки ин аз афзоиши содироти риштаи пахтагӣ ва либос гувоҳӣ медиҳад.
Орешки и сухофрукты на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Тоҷикистон хостори афзоиши содироти маҳсулот ба Русия шуд
Дар муқоиса бо соли 2021 содироти либос беш аз 1 миллион долларро ташкил додааст. Аз аввали соли 2022 Тоҷикистон 13 ҳазору 492 тонна нахи пахта содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2 174 тонна ва ба маблағи 17,2 млн. доллар зиёд аст.
Ҳиссаи хушкмева дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят 79,8 фоизро дар бар гирифтааст. Дар ин давра 11 ҳазору 387 тонна хушкмева, ба маблағи 6,4 млн. доллар содир шудааст. Афзоиши содироти хушкмева 5 788 тонна, 4,1 млн. долларро ташкил намудааст.
Лентаи хабарҳо
0