https://sputnik.tj/20220407/sodirot-nassojii-tojikiston-rekord-1047440385.html
Содироти маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ба таври рекордӣ афзоиш ёфт
Содироти маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ба таври рекордӣ афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ нишондиҳандаи назарраси содироти нассоҷӣ аз моҳи январ то февралро эълон кард
2022-04-07T18:45+0500
2022-04-07T18:45+0500
2022-04-07T20:55+0500
содирот
дар тоҷикистон
саноат
санъати нассоҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516008_0:165:3073:1893_1920x0_80_0_0_897f270de6e40a167ba739ba5608967f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Давоми ду моҳи соли 2022 Тоҷикистон содироти нассоҷиро афзоиш додааст. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар хабар доданд. Ба иттилои ин ниҳод, ҳаҷми содироти нассоҷӣ ва маснуоти аз ин мавод омодашуда беш аз 20% афзоиш ёфтааст. Тоҷикистон аз ин гуна молҳо ҳудуди 70 миллион доллар даромад гирифт. Дар баробари ин пахта дар хориҷа аз ҳамаи маҳсулот дида, серхаридортар шуд. Ҷумҳурӣ ҳудуди 75 дарсади маблағи зикршударо (ҳудуди 52 миллион доллар) аз ин бахш дарёфт кардааст. Чунин маълумот шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми содироти маводи нассоҷиро 20% зиёд шудааст. Ҳамчунин харидорӣ аз хориҷи кишвар давом дорад. Ҳаҷми воридот дар моҳҳои январ ва феврал ҳудуди 18 миллион долларро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, кишвар маҳсулоти тайёри бофандагии дорои арзиши баланди иловагиро мехарад. Вазорати саноат қайд кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сегменти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ беш аз 40% афзоиш ёфтааст. Дар кишвар аз ҳисоби истеҳсоли матоъ (30 фоиз), қолин ва маҳсулоти қолинӣ (2,1 баробар) натиҷаҳои мусбат ба даст омадааст. Тибқи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, кишвар тасмим гирифтааст, ки содироти нассоҷиро то 20 дарсад афзоиш дода, аз фурӯши он беш аз 90 миллион доллар дарёфт кунад. Пештар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ нишондиҳандаи кишти пахта дар соли 2022-ро пешгӯӣ карда буд. То аввали моҳи апрел аллакай дар майдони 17,2 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст.
https://sputnik.tj/20220406/tojikiston-furushi-pakhta-daromad-1047389765.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516008_112:0:2833:2041_1920x0_80_0_0_ebc2b91e747f14cc2bc75506bfd107c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, содирот
тоҷикистон, русия, содирот
Содироти маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ба таври рекордӣ афзоиш ёфт
18:45 07.04.2022 (Навсозишуда: 20:55 07.04.2022) Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ нишондиҳандаи назарраси содироти нассоҷӣ аз моҳи январ то февралро эълон кард
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Давоми ду моҳи соли 2022 Тоҷикистон содироти нассоҷиро афзоиш додааст.
Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар хабар доданд.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳаҷми содироти нассоҷӣ ва маснуоти аз ин мавод омодашуда беш аз 20% афзоиш ёфтааст. Тоҷикистон аз ин гуна молҳо ҳудуди 70 миллион доллар даромад гирифт.
Дар баробари ин пахта дар хориҷа аз ҳамаи маҳсулот дида, серхаридортар шуд. Ҷумҳурӣ ҳудуди 75 дарсади маблағи зикршударо (ҳудуди 52 миллион доллар) аз ин бахш дарёфт кардааст.
Чунин маълумот шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми содироти маводи нассоҷиро 20% зиёд шудааст.
Ҳамчунин харидорӣ аз хориҷи кишвар давом дорад. Ҳаҷми воридот дар моҳҳои январ ва феврал ҳудуди 18 миллион долларро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, кишвар маҳсулоти тайёри бофандагии дорои арзиши баланди иловагиро мехарад. Вазорати саноат қайд кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сегменти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ беш аз 40% афзоиш ёфтааст.
Дар кишвар аз ҳисоби истеҳсоли матоъ (30 фоиз), қолин ва маҳсулоти қолинӣ (2,1 баробар) натиҷаҳои мусбат ба даст омадааст.
Тибқи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, кишвар тасмим гирифтааст, ки содироти нассоҷиро то 20 дарсад афзоиш дода, аз фурӯши он беш аз 90 миллион доллар дарёфт кунад.
Пештар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ нишондиҳандаи кишти пахта дар соли 2022-ро пешгӯӣ карда буд.
То аввали моҳи апрел аллакай дар майдони 17,2 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст.