https://sputnik.tj/20220406/tojikiston-afzoish-sodirot-rusiya-1047395916.html
Тоҷикистон хостори афзоиши содироти маҳсулот ба Русия шуд
Тоҷикистон хостори афзоиши содироти маҳсулот ба Русия шуд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ густариш диҳанд: барои ин онҳо ният доранд, ки форумҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои саноатӣ ташкил кунанд
2022-04-06T13:41+0500
2022-04-06T13:41+0500
2022-04-06T13:41+0500
дар тоҷикистон
гардиши молу коло
дар русия
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/82/1031518270_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_5720388e7c6353f9ac7c0c73357b6aec.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тоҷикистон содироти маҳсулот ба Русияро афзоиш медиҳад. Дар ин бора маркази матбуотии намояндагии Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод. Мавзуи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳоро сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси Палатаи савдо ва саноати Сергей Катирин баррасӣ кардаанд. Манбаъ қайд кард, ки ҳамзамон иштирокчиёни вохӯрӣ ба афзоиши содироти мол аз ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Гузаронидани форумҳои тиҷоратӣ ва намоишҳои саноатӣ тадбири самарабахш хоҳад шуд. Ҳамин тариқ соҳибкорони тоҷику рус имкони густариши тиҷорат ва табодули таҷрибаро баррасӣ хоҳанд кард. Гулмаҳмадзода ва Катирин омодагии худро барои фаъол кардани робитаҳои тиҷории ду кишвар ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳор доштанд. Дар соли 2021 гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон аз 1,3 миллиард доллар гузашт, менависад ТАСС. Ин нишондод дар 10 соли охир рекордӣ мебошад. Дар баробари ин соҳибкорони ҷумҳурӣ ба Русия маҳсулот фиристоданд, ки арзиши он 72,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.Ба гуфтаи Евгений Коренков, раиси намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон, содироти коло ба таври рекордӣ - 77 дарсад афзоиш ёфта, мизони он аз ҳаҷми замони қабл аз пандемияи коронавирус бештар аст.Ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ қариб 50% афзоиш ёфтаастДар баробари ин дар Русия маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хоми Тоҷикистон бештар маъмул гаштааст. Содироти ин навъи маҳсулот аз Тоҷикистон дар давоми сол 2,3 баробар афзуда, қариб 18 фоизи содиротро ташкил дод. Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қайд карда буд, ки дар ду моҳи аввали соли 2022 гардиши мол бо ИДМ қариб 50% афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220405/tojikiston-voridot-sodirot-1047374695.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/82/1031518270_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_ef796f41d5889d5c9b83927ce9b880f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гардиши молу коло, тоҷикистон, русия, иқтисод, афзоиш
гардиши молу коло, тоҷикистон, русия, иқтисод, афзоиш
Тоҷикистон хостори афзоиши содироти маҳсулот ба Русия шуд
Намояндагони кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ густариш диҳанд: барои ин онҳо ният доранд, ки форумҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои саноатӣ ташкил кунанд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тоҷикистон содироти маҳсулот ба Русияро афзоиш медиҳад. Дар ин бора маркази матбуотии намояндагии Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод.
Мавзуи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳоро сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси Палатаи савдо ва саноати Сергей Катирин баррасӣ кардаанд.
Манбаъ қайд кард, ки ҳамзамон иштирокчиёни вохӯрӣ ба афзоиши содироти мол аз ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Гузаронидани форумҳои тиҷоратӣ ва намоишҳои саноатӣ тадбири самарабахш хоҳад шуд. Ҳамин тариқ соҳибкорони тоҷику рус имкони густариши тиҷорат ва табодули таҷрибаро баррасӣ хоҳанд кард.
Гулмаҳмадзода ва Катирин омодагии худро барои фаъол кардани робитаҳои тиҷории ду кишвар ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳор доштанд.
Дар соли 2021 гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон аз 1,3 миллиард доллар гузашт, менависад ТАСС. Ин нишондод дар 10 соли охир рекордӣ мебошад.
Дар баробари ин соҳибкорони ҷумҳурӣ ба Русия маҳсулот фиристоданд, ки арзиши он 72,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Евгений Коренков, раиси намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон, содироти коло ба таври рекордӣ - 77 дарсад афзоиш ёфта, мизони он аз ҳаҷми замони қабл аз пандемияи коронавирус бештар аст.
Дар баробари ин дар Русия маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хоми Тоҷикистон бештар маъмул гаштааст. Содироти ин навъи маҳсулот аз Тоҷикистон дар давоми сол 2,3 баробар афзуда, қариб 18 фоизи содиротро ташкил дод.
Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қайд карда буд, ки дар ду моҳи аввали соли 2022 гардиши мол бо ИДМ қариб 50% афзоиш ёфтааст.