Дар Бишкек Ҷоми футзали Осиё-2022 баргузор мешавад

© Федерация футбола ТаджикистанаАфганистан-Таджикистан на CAFA 2022
Афганистан-Таджикистан на  CAFA 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Обуна шудан
Тими Тоҷикистон бо дастаҳои Афғонистон, Непал ва Ӯзбекистон бозӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар Бишкек аз 10 апрел мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё - 2022 оғоз мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, дастаи миллии Тоҷикистон низ дар ин мусобиқа иштирок мекунад.
Манбаъ меафзояд, бозиҳои минтақаи ягонаи марказӣ ва ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022 аз 10 то 12 апрел баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" баромад мекунад.
Бозиҳои бонувони футболбоз миёни Тоҷикистон ва Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Чаро духтарони тоҷик дар футболу футзал пайваста шикаст мехӯранд?
Гуфта мешавад, ҳарифи дастаи Тоҷикистон дастаҳои Афғонистон, Непал ва Ӯзбекистон хоҳанд буд.
Ҳамин тариқ дастаи миллии Тоҷикистон рӯзи 10 апрел бо тими Афғонистон бозӣ мекунад. Ҳамчунин дастаи Тоҷикистон 11 апрел бо тими миллии Непал ва рӯзи 12 апрел бо тими Ӯзбекистон бозӣ анҷом медиҳад.
Ҳамин тариқ ду даста аз гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбад.
Лентаи хабарҳо
0