Чаро духтарони тоҷик дар футболу футзал пайваста шикаст мехӯранд?

© котиботи Федератсияи футболи ТоҷикистонБозиҳои бонувони футболбоз миёни Тоҷикистон ва Эрон
Бозиҳои бонувони футболбоз миёни Тоҷикистон ва Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Вазъи варзиши тоҷик хуб нест, дастаи мунтахаби занонаи футзал пайваста мағлуб мешавад
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар мусобиқаҳои Осиёи Миёна ва Осиё тимҳои занонаи Тоҷикистон гаштаю баргашта натиҷаҳои ғайриқаноатбахш нишон дода, аз дигар дастаҳо бо ҳисоби бузург мағлуб мешаванд.
Вохӯриҳо дар Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) истисно набуданд: футзалбозони тоҷик аллакай аз Эрон ва Ӯзбекистон бо ҳисоби бузург мағлуб шуданд.
Вазъи бохтҳои пайдарпайро ба Sputnik Тоҷикистон зодаи ҷумҳурӣ, мураббӣ Дамир Камолиддинов шарҳ дод. Ӯ аз беҳтарин мураббиёни кишвар буда, қаблан тими миллии Тоҷикистонро тамрин додааст ва ҳоло дар Қазон кору зиндагӣ мекунад.
Рақобати футболбозони Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Ду голи хато: рақобати занони футболбози Тоҷикистону Қирғизистон бо чӣ анҷомид?
Камолиддинов гуфт, ки бо вуҷуди кӯчиданаш аз кишвар то ҳол рушди футбол ва рӯйдодҳои футзали Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад ва ҳамчунин бо ҳамкорону сармураббии тими футзали занон Шамшод Ниятбеков дар тамос аст.
"Мунтахаби занона бо ҳисоби бузург бохт мекунанд? Дар ин ҷо ҳама чиз хеле содда аст. Ин аст сатҳи имрӯзаи мо дар футболи хурди занона. Ман ҳайрон мешудам, агар духтарони мо ба майдон баромада, ҳамаро мағлуб мекарданд", - қайд кард коршинос.
Мутахассис қайд намуд, ки агар ним моҳ пеш аз мусобиқа даста ҷамъ оварда, каме тамрин карда, кишварҳоеро, ки чемпионати футзал доранд, мағлуб мекард, он гоҳ ин на як намуди варзиш, балки як навъи дилхушӣ мешуд.
Гурдофариди тоҷик: дар Тоҷикистон ояндае барои футболи занона надидам
Ба гуфтаи ӯ, дар баробари нарасидани варзишгарони зан мушкилоти дигар низ вуҷуд дорад.
"Фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон ҳам барои футболи бузург ва ҳам дар футзал духтарон намерасанд. Метавонӣ чемпионати худро созӣ. Аммо боз ҳам аз ҳисоби ҳамон духтароне, ки футболи калон бозӣ мекунанд..."- изҳори нигаронӣ кард мураббӣ.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки гап на дар тафаккур, балки дар рушд ва оммавӣ нашудани футболи занона аст.

"Ва ин вазъият танҳо дар футболи хурд нест, балки дар баскетболу волейбол ва гандбол низ мушоҳида мешавад...Чӣ расад ба минифутбол, ки ҳатто варзиши олимпӣ нест", - гуфт Камолиддинов.

Як зодаи Тоҷикистон қайд кард, ки аз сармураббии тими миллии ҷумҳурӣ пуштибонӣ мекунад ва гуфтааст, дар бохтҳо мураббӣ гунаҳкор нест.
Камолиддинов дар охир гуфт, барои рақобатпазир шудани футболи занона дар Тоҷикистон ҳадди ақал дар дохили минтақа низомномаи вижа ҷорӣ кардан лозим аст, ки тибқи он, ҳар як бошгоҳи футбол бояд футзалбозон – дастаҳои мардона ва занонаро омода созад.
Лентаи хабарҳо
0