https://sputnik.tj/20220409/antonov-tahdid-dargiri-mustaqim-nizom-ima-1047499058.html
Антонов аз таҳдиди даргирии мустақими низомӣ Русия бо ИМА хабар дод
Антонов аз таҳдиди даргирии мустақими низомӣ Русия бо ИМА хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Дипломати рус Ғарбро ба таҳрики хунрезӣ бо интиқоли силоҳ ба Киев муттаҳам кард
2022-04-09T15:30+0500
2022-04-09T15:30+0500
2022-04-09T15:30+0500
дар русия
има
аврупо
украина
таҳдид
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102539/41/1025394183_0:84:1403:873_1920x0_80_0_0_9740891eb82085c1247630196f0cd294.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Амалҳои кишварҳои ғарбӣ дар пасманзари амалиёти вижа дар Украина хатарнок ва иғвоангез буда, метавонад боиси бархӯрди мустақими низомии Русия ва ИМА шавад, Анатолий Антонов, сафири Русия дар Вашингтон ба нашрияи амрикоии Newsweek.Сафир қайд кард, ки "марги созишномаҳои Минск" натиҷаи ҷунуни миллатгароӣ ва ҳиссиёти қасосгирии режими Киев мебошад, ки роҳи мусаллаҳшавии бошитобро интихоб кардааст. Ҳамзамон, кишварҳои НАТО ба рушди низомии Украина шурӯъ карданд, ки пур аз аслиҳа буд ва дар ҳамин ҳол президент Владимир Зеленский нақшаи ба даст овардани силоҳи ҳастаиро эълон кард. Ба гуфтаи вай, ҳамаи ин метавонад ИМА ва Русияро ба роҳи бархӯрди мустақими низомӣ барад.Вай афзуд, ҳар гуна таъминоти аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ, корвонҳои нақлиётӣ дар қаламрави Украина ҳадафи қонунии низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия хоҳад буд.Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20220408/rusiya-mariupol-zarkharidon-avrupo-jang-1047492634.html
има
аврупо
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102539/41/1025394183_51:0:1396:1009_1920x0_80_0_0_7384d3d985e886417c6ef6fe58d257d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
антонов таҳдид даргирӣ низомӣ русия има
антонов таҳдид даргирӣ низомӣ русия има
Антонов аз таҳдиди даргирии мустақими низомӣ Русия бо ИМА хабар дод
Дипломати рус Ғарбро ба таҳрики хунрезӣ бо интиқоли силоҳ ба Киев муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Амалҳои кишварҳои ғарбӣ дар пасманзари амалиёти вижа дар Украина хатарнок ва иғвоангез буда, метавонад боиси бархӯрди мустақими низомии Русия ва ИМА шавад, Анатолий Антонов, сафири Русия дар Вашингтон ба нашрияи амрикоии Newsweek.
"Кишварҳои ғарбӣ дар рӯйдодҳои кунунӣ бевосита даст доранд, зеро онҳо ба Украина силоҳу муҳимоти ҷангӣ ҳадя карданро идома медиҳанд ва ба ин васила хунрезиҳои бештарро ба вуҷуд меоранд", - гуфт ӯ.
Сафир қайд кард, ки "марги созишномаҳои Минск" натиҷаи ҷунуни миллатгароӣ ва ҳиссиёти қасосгирии режими Киев мебошад, ки роҳи мусаллаҳшавии бошитобро интихоб кардааст.
Ҳамзамон, кишварҳои НАТО ба рушди низомии Украина шурӯъ карданд, ки пур аз аслиҳа буд ва дар ҳамин ҳол президент Владимир Зеленский нақшаи ба даст овардани силоҳи ҳастаиро эълон кард.
"Мо ҳушдор медиҳем, ки ин гуна амалҳо хатарнок ва иғвоангезанд, зеро онҳо алайҳи давлати мо нигаронида шудаанд", - таъкид кард Антонов.
Ба гуфтаи вай, ҳамаи ин метавонад ИМА ва Русияро ба роҳи бархӯрди мустақими низомӣ барад.
Вай афзуд, ҳар гуна таъминоти аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ, корвонҳои нақлиётӣ дар қаламрави Украина ҳадафи қонунии низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.