https://sputnik.tj/20220408/rusiya-mariupol-zarkharidon-avrupo-jang-1047492634.html
Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар Мариупол зархаридони аврупоӣ меҷанганд
Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар Мариупол зархаридони аврупоӣ меҷанганд
Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, ки дар Мариупол дар набардҳо ба ҷуз аз баталонҳои низом ва миллатгароёни Украина, сарбозони зархарид аз кишварҳои аврупоӣ низ ширкат доранд.
2022-04-08T23:03+0500
2022-04-08T23:03+0500
2022-04-11T20:46+0500
дар русия
украина
зархаридон
ҷанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047492130_0:372:2954:2034_1920x0_80_0_0_5cb625efa76e7fd33bdb83030a65a38f.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар Мариупол, дар паҳлуи баталонҳои низомии Украина зархаридони аврупоӣ низ меҷанганд, гуфт намояндаи расмии Вазорати дифои Русия, генерал-майор Игор Конашенков."Раҳгирҳои радио нишон доданд, ки дар навоҳии ишғолшудаи шаҳр ғайр аз фашистони баталони "Азов"* ва қувваҳои мусаллаҳи Украина шумораи зиёди зархаридони хориҷӣ низ мавҷуданд. Алоқаи радио, ба ғайр аз забонҳои украиниву русӣ, ба шаш забони хориҷии Аврупо низ сурат мегирад", - гуфт генерал.Конашенков гуфт, дар Мариупол зархаридони хориҷӣ иҳота шуданд, ки аз куштани славянҳо ба ивази доллар худдорӣ накарда, аз шаҳрвандони осоишта ҳамчун “сипари инсонӣ” истифода мекарданд. Конашенков таъкид кард, ки Киев аз баровардани ҷангҷӯён аз Мариупол худдорӣ кард, бо назардошти ин шаҳр аз ҷониби нерӯҳои Ҷумҳурии Мардумии Донетск ва воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия бидуни қайду шарт озод карда мешавад.Маврид ба зикр аст, ки қаблан намояндагони ҶМД ва мақомоти Русия гуфта буданд, дар сурати дастгир шудани зархаридони хориҷӣ ба онҳо чун асири ҷангӣ муносибат нахоҳад шуд."Бо онҳо чун асирони ҷангӣ муомила карда намешавад. Онҳо боздошт ва ба додгоҳ кашида мешаванд",- гуфт намояндаи милитсияи мардумии ҶМД Эдуард Басурин.Маскав низ гуфта буд, ки Русия ба ҳифзи ҳаёти зархаридони хориҷӣ дар Укаина масъул нест.Ҳамзамон Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия ба муфаттишони дастгоҳи марказии ин ниҳоди қудратӣ дастур дода буд, зархаридони хориҷиеро, ки вориди Украина мешаванд, шиносоӣ кунанд.* Баталони миллии "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
https://sputnik.tj/20220305/payomad-huzur-zarkharidon-khoriji-ukraina-baroi-jahonu-avrupo-1046570042.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047492130_133:0:2864:2048_1920x0_80_0_0_8e4e856e87c038274e4a083f4daded76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорат дифо русия мариупол зархаридон аврупо ҷанг
вазорат дифо русия мариупол зархаридон аврупо ҷанг
Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар Мариупол зархаридони аврупоӣ меҷанганд
23:03 08.04.2022 (Навсозишуда: 20:46 11.04.2022) Маълум шуд, ки дар Мариупол дар набардҳо ба ҷуз аз баталонҳои низом ва миллатгароёни Украина сарбозони зархарид аз кишварҳои аврупоӣ низ вуҷуд доранд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар Мариупол, дар паҳлуи баталонҳои низомии Украина зархаридони аврупоӣ низ меҷанганд, гуфт намояндаи расмии Вазорати дифои Русия, генерал-майор Игор Конашенков.
"Раҳгирҳои радио нишон доданд, ки дар навоҳии ишғолшудаи шаҳр ғайр аз фашистони баталони "Азов"* ва қувваҳои мусаллаҳи Украина шумораи зиёди зархаридони хориҷӣ низ мавҷуданд. Алоқаи радио, ба ғайр аз забонҳои украиниву русӣ, ба шаш забони хориҷии Аврупо низ сурат мегирад", - гуфт генерал.
Конашенков гуфт, дар Мариупол зархаридони хориҷӣ иҳота шуданд, ки аз куштани славянҳо ба ивази доллар худдорӣ накарда, аз шаҳрвандони осоишта ҳамчун “сипари инсонӣ” истифода мекарданд.
"Аён аст, ки ҳоло дар ин шаҳр на ҳомиёни ба истилоҳ "арзишҳои аврупоӣ", балки зархаридони хориҷӣ банд шудаанд. Онҳо барои куштани славянҳо ба ивази доллари амрикоӣ омада, дар паси "сипари инсонӣ"-и ғайринизомиён пинҳон шудаанд", - гуфт ӯ.
Конашенков таъкид кард, ки Киев аз баровардани ҷангҷӯён аз Мариупол худдорӣ кард, бо назардошти ин шаҳр аз ҷониби нерӯҳои Ҷумҳурии Мардумии Донетск ва воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия бидуни қайду шарт озод карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан намояндагони ҶМД ва мақомоти Русия гуфта буданд, дар сурати дастгир шудани зархаридони хориҷӣ ба онҳо чун асири ҷангӣ муносибат нахоҳад шуд.
"Бо онҳо чун асирони ҷангӣ муомила карда намешавад. Онҳо боздошт ва ба додгоҳ кашида мешаванд",- гуфт намояндаи милитсияи мардумии ҶМД Эдуард Басурин.
Маскав низ гуфта буд, ки Русия ба ҳифзи ҳаёти зархаридони хориҷӣ дар Укаина масъул нест.
Ҳамзамон Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия ба муфаттишони дастгоҳи марказии ин ниҳоди қудратӣ дастур дода буд, зархаридони хориҷиеро, ки вориди Украина мешаванд, шиносоӣ кунанд.
* Баталони миллии "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.