Нишаст зери боли В-52 — ҳадафе, ки ба варта мебарад

© AP / Mindaugas KulbisСамолет B-52
Самолет B-52 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Иёлоти Муттаҳида мекӯшад, ки шикасти стратегӣ дар самти Украинаро тавассути пурзӯр кардани ҷанги ниёбатӣ бо Русия, таҳкими НАТО, "васеъшавӣ ба Шарқ" ҷуброн кунад ва инчунин кӯшиш мекунад, ки иттифоқро аз ҳисоби кишварҳои бетарафи Аврупои Шимолӣ таҳким диҳад
Дар нишасти рӯзҳои 6-7 апрел дар Брюссел вазирони дифои НАТО ва намояндагони кишварҳои дигар мавзӯи дигареро баррасӣ мекунанд, ки НАТО метавонад "барои ҳимоят аз Украина" боз чӣ кор кунад ва чӣ гуна "ба шарикони осебпазираш аз фишори Русия, аз ҷумла ба Гурҷистон" кумак намояд.
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг муборизаи дарозмуддат алайҳи Федератсияи Русияро дар рӯзномаи нишаст ворид кард, зеро президенти Русия Владимир Путин аз "хоҳиши таҳти назорат қарор додани тамоми Украина ва инчунин аз нав навиштани тартиботи байналмилалӣ" даст накашидааст.
Иштироккунандагони саммит масъалаи таҳияи Консепсияи нави стратегии НАТО-ро баррасӣ мекунанд, ки барои мутобиқ кардани Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ ба ҷаҳони хатарноктар "бо симои чинӣ" зарур аст.
Военнослужащие народной милиции ДНР проводят зачистку Волновахи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Генерали эронӣ: Ҷанг дар Украина сабаби коҳиши қудрати Амрико, НАТО ва Аврупо шуд
Ҳадафивохӯрӣ даъвати намояндагони кишварҳои ғайриузви НАТО аст: Финландия, Шветсия, Гурҷистон, Украина, инчунин Австралия, Зеландияи Нав, Корея, Ҷопон. Гуфта мешавад, ки давлатҳои минтақаи уқёнуси Ором аз худдории Чин аз "пешгирии вуруди нерӯҳои Русия ба Украина" ва эҳтимоли афзояндаи амалиёти мушобеҳи Чин нигарон ҳастанд. Аҳамият диҳед, ки байни Чин ва Австралияи бетараф се баҳр, зиёда аз 4000 километр мавҷуд аст ва сулҳи сайёраро ИМА ва НАТО таҳдид мекунанд (ҷангҳои ахирро дар Югославия, Ироқ, Афғонистон, Сурия, Либия ба ёд оред).
Ин нишаст таҳти сарпӯши ҳавопаймоҳои стратегии бомбаандози B-52H “Stratofortress” баргузор мешавад.
Якчанд "стратег" дирӯз аз пойгоҳи ҳавоии Англия “Фэрфорд” парвоз карда, бо ҳавопаймоҳои британӣ, даниягӣ, чехӣ, венгерӣ, юнонию итолиёвӣ, инчунин эҳтимол бо диспетчерҳои Булғору Венгрия як барномаи ҳамкориро тамрин карданд.
Намоиши Пентагонва ҳампаймононаш эҳтимол дар бораи наздикии охируззамон хабар диҳад, аммо дар НАТО дар робита ба муносибатҳои минбаъда бо Федератсияи Русия ихтилофоти ҷиддӣ вуҷуд дорад.
Спикер Государственной думы РФ Сергей Нарышкин. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Наришкин: НАТО мехоҳад Украинаро барои Русия мисли Афғонистон кунад
Британияи Кабир, Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтик тасмим доранд, Русияро ба зону дароваранд. Фаронса, Олмон ва Туркия бар ин назаранд, ки тамосҳо бояд нигоҳ дошта шаванд. На ҳама кишварҳои иттиҳод омодаанд, ки ҳатто дар шакли таҳримҳои худкуш ба ҷанг бо Русия ҷалб шаванд. Дар НАТО ягонагии идеологӣ нест, блок аз ҳам ҷудо шудааст.

Таҷҳизи "аҳмақҳои муфид"

НАТО ният дорад, ки дар ҳафтаҳои наздик нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дубора мусаллаҳ кунад. Идеяи асосии лоиҳа: "Украина метавонад Русияро мағлуб кунад, агар ҷаҳон дастгирии заруриро анҷом диҳад”. Гӯё "дастгирӣ"-и Ғарб набуд, ки Украинаро ба оғози амалиёти вижаи Русия дар 24 феврали соли 2022 рӯ ба рӯ кард.
Вазири хориҷаи УкраинаДмитрий Кулеба маъмулан дар нишасти ин паймон "ҳавопаймоҳо, мушакҳои киштӣ, зиреҳпӯшҳо, системаҳои дифои шадиди ҳавоӣ" дархост кардааст. Барои ҳифзи манфиатҳои ИМА дар Аврупои Шарқӣ амрикоиҳо пулро дареғ намедоранд. Эҳтимол Украина аз ин рӯйхат чизе бигирад ва ҳатто бо таъхири пардохти "қарз" барои даҳсолаҳо.
Сенати ИМА тарҳи нави қарз барои Украинаро тасвиб кард. “The Ukraine Democracy Defense Lend-Lease Act of 2022” як падидаи бесобиқа аз замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба ин тараф аст. Иёлоти Муттаҳида саъй дорад, ки дар минтақаи НАТО таҷҳизоти низомӣ барои интиқоли минбаъда аз сарҳад, ташкили логистика ва ташкили интиқоли доимии кӯмаки низомӣ ба Украина захира кунад.
Йенс Столтенберг дар як конфронси муштарак бо Дмитрий Кулеба имрӯз ба таври дипломатӣ қайд кард, ки кишварҳои паймон барои Украина корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд ва кӯшиш мекунанд, ки дар берун аз Украина "аз авҷи низоъ" ҷилавгирӣ кунанд.
Марши националистов на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
"Ҳич нозие дар Украина вуҷуд надорад". Бардошти мухталифи Русия ва Ғарб аз миллатгароӣ
Эҳтимол ҳамаи танкҳои Т-72 ва БМП-1, ки аз ҷониби Чехия интиқол дода шудаанд, корношоям шуданд ва Лаҳистон намехоҳад онҳоро ройгон таъмир кунад.
Ин кор як моҳ фурсат ва миллионҳо доллар тақозо мекунад. Дар ҷаҳони Ғарб Варшава яке аз мавқеъҳои сахттарин дар баробари Русияро ишғол мекунад, таъминкунандаи пешбари силоҳ барои қувваҳои мусаллаҳи Украина маҳсуб мешавад ва аммо пул аз принсип муҳимтар аст.
Вазири хориҷаи Бритониё Лиз Трасс имрӯз гуфт: "Рӯзҳои Санади таъсиси Русия ва НАТО ба поён расид". Бритониё интиқоли мошинҳои зиреҳпӯш ба Украинаро тасдиқ кард, аммо сухан дар бораи даҳ мошини зиреҳпӯши истихборотӣ ва посбонӣ меравад, на аз артиллерияи худгард, ки қаблан ваъда шуда буд.
Ва ҳатто теъдоде аз дронҳои амрикоии “Камикадзе”, 110 адад барои нест кардани то 100 нафар ва 10 мошини зиреҳпӯш пешбинӣ шудааст. Онҳо бо обуҳаво мутобиқ нестанд.
Ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Русия аз расидани силоҳҳои Ғарбӣ ва шӯравӣ (мероси Паймони Варшава) ба макони таъиноти худ дар Украина монеъ мешаванд.
Флаги стран участниц у штаб-квартиры НАТО в Брюсселе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
NYT аз ихтилофи назар дар НАТО бар сари равобити оянда бо Маскав мегӯяд
Барои мутахассисон рӯшан аст, ки Русия дар амалиёти вижа дар Украина пайваста ба ҳадафҳои худ мерасад ва дар ҳама ҷиҳат пирӯз мешавад.
Таъмини силоҳи НАТО ба режими Киев ҳеҷ гоҳ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, аммо "гегемон"-ҳоаз тамдиди марги даҳҳо ҳазор "аҳмақони муфид"-и украинӣ комилан қаноатманданд ва он ҳам барои "даргир" кардани Русия, "афғонизатсия" -и шарқи Аврупо, афзоиши ҳузури артиши ИМА (имрӯз - то 100 ҳазор нафар) ва бунёди пойгоҳҳои нави доимии Пентагон. Фақат бизнес.

Стратегияи нави номуродон

Дар як нишаст дар Брюссел вазирони умури хориҷии кишварҳои НАТО дар пешорӯи нишасти моҳи июн дар Мадрид дар бораи консепсияи нави стратегии ин паймон ба мувофиқа бояд бирасанд. Ба ҷуз аз дастгирии низомӣ аз Украина ва "раҳгирӣ"-и Русия, атлантикҳо нақшаи мубориза бо Чинро таҳия мекунанд - "таҳдиди асри 21". Иёлоти Муттаҳида иттифоқчиёнро водор мекунад, ки минтақаи анъанавии масъулияти НАТО-ро васеъ кунанд.
Йенс Столтенберг дирӯз гуфт:
“Консепсияи нави стратегӣ бори нахуст нуфузи афзояндаи Чинро дар арсаи ҷаҳонӣ, ки як чолиши системавӣ ба амният ва демократияи мост, ба инобат мегирад... Аз ин рӯ ман интизорам, мо розӣ мешавад, ки ҳамкории НАТО бо шарикони худ дар минтақаи Ҳинду уқёнуси Ором вусъат ёбад".
Марк Миллӣ, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар як ҷаласаи Конгресс Пекинро "ҷолиби геостратегӣ" номид ва аз паймон даъват кард, ки ба таври дастаҷамъӣ бо Пекин муқовимат кунад.
Васеъ кардани минтақаи анъанавии масъулияти паймон, ки барои аз таъсири шӯравӣ муҳофизат намудани Аврупо дар соли 1949 ташкил карда шуда буд, дида мешавад. Амрико Чинеро, ки афзоиши иқтидори худро дар соҳаҳои гуногун идома медиҳад, "ҳар рӯз барои коҳиш додани фарқияти технологӣ бо Иёлоти Муттаҳида кор мекунад", "то соли 2035 аз ҷиҳати низомӣ ба Иёлоти Муттаҳида баробар шавад" ва Тайванро дар соли 2027 ғасб кунад, намехоҳад.
Ненсӣ Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико қарор аст, рӯзҳои наздик аз Тайван боздид кунад, то аз истиқлоли ин кишвар пуштибонӣ намояд. Ин нахустин боздиди ӯ дар 25 соли ахир аст. Дар хотир доред, ки Тайван як қисми Чин аст.
Стратегияи навшудаи мудофиаи миллӣ барои соли 2022 (ҳуҷҷат 28 март ба Конгресси ИМА пешниҳод карда шуд) Чинро "муҳимтарин рақиби стратегӣ"-и Иёлоти Муттаҳида ва "ҷолиби аввалиндараҷа" барои Пентагон номидааст. Албатта, иттифоқчиён ва лимитрофҳо бояд роҳи таъйиншударо паймоянд.
Дар ин замина сухангӯи Вазорати хориҷии Чин Чжао Литсзян имрӯз бори дигар бар зарурати барҳам додани НАТО ҳамчун маҳсули ҷанги сард таъкид ва муносибати манфии Чинро нисбат ба тавсеаи паймон ба самти Шарқ таъйид кард.
Украинские военные на трассе между Дебальцево - Артемовск 18 февраля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Чин бо Украина дар бораи кафолатҳои амниятӣ музокира накардааст
Сухангӯи Вазорати дифои Чин Тан Кефей дар бораи тасвиби садани ИМА дар ҷиҳати интиқоли силоҳ ба Тайван изҳори назар кард: "Тайван як ҷузъи ҷудонашавандаи қаламрави Чин аст, масъалаи Тайван ба манофеи аслии Чин дахл дорад ва дахолати беруниро таҳаммул намекунад". Артиши Чин "барои пешгирӣ кардани дахолати берунӣ ва кӯшиши ба даст овардани истиқлоли Тайван чораҳои самарабахш меандешад".
Пас аз фирори нангин аз Афғонистон ва як силсила нокомиҳои низомӣ дар Африқо ва Ховари Миёна, стратегҳои ИМА ва НАТО орзу доранд, ки Русия ва Чинро ба зону дароранд.
Муқовимат ба экспансияи ҳарбию сиёсии дастаҷамъонаи Ғарб ва моҳвораҳои ғарбгарои Шарқ заминаи боэътимоди шарикии стратегии Русия ва Чин хоҳад шуд. Ва сухани охиринро ҳамеша қӯшунҳои мушакӣ хоҳанд гуфт.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0