https://sputnik.tj/20220401/hich-nozie-dar-ukraina-vujud-nadorad-1047267712.html
"Ҳич нозие дар Украина вуҷуд надорад". Бардошти мухталифи Русия ва Ғарб аз миллатгароӣ
"Ҳич нозие дар Украина вуҷуд надорад". Бардошти мухталифи Русия ва Ғарб аз миллатгароӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ғарб ва Русия дар робита ба ҷараёнҳои нозӣ хотираи таърихии хеле гуногун доранд
2022-04-01T15:15+0500
2022-04-01T15:15+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
ғарб
аврупо
има
нозӣ
нозизудоӣ
бардошт
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/06/1040679886_0:176:3017:1873_1920x0_80_0_0_5e318efd826f9cc6b36cdfda68eb2bc7.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik, Давид Нармания. Дар Аврупо Ҷанги Бузурги Ватаниро Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ меноманд, на дуюм. Ин фаҳмост: ҷангро бузург номидан душвор аст, ки дар давоми шаш соат (Дания), панҷ рӯз (Ҳолланд) ё яку ним моҳ (Фаронса) аз даст додед. Албатта, корнамоиҳои ҳаракати муқовимат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. Ҳарчанд ... онҳо ҳеҷ гоҳ аз хотири мо зудуда намешаванд, аммо дар он ҷо кӣ медонад, ки чӣ гуна хоҳад шуд.Ҳамин тариқ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ талафоти умумии низомиён ва аҳолии осоишта дар маҷмуъ барои ҳамаи кишварҳои иштироккунанда тақрибан 21,5 миллион нафарро ташкил дод.Дар айни ҳол танҳо ҳиссаи ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 27 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аскару афсарони он 12 миллион нафар, боқимонда шаҳрвандони мулкӣ буданд.Ва акнун каме дар бораи шумораи қурбониён аз муттаҳидони мо: ИМА— 418 ҳазор нафар, Британиёи Кабир — 380 ҳазор нафар. Барои қиёс хотиррасон мекунам, ки танҳо дар наздикии Сталинград Иттиҳоди Шӯравӣ аз 1 миллиону 100 ҳазор бештар талафоти инсонӣ дод.Яъне "дар Русия оилае нест, ки аз қаҳрамонаш ёд накунад. Онҳо ба ғалабаи умумӣ ҳиссаи калон гузошта, ҳаёти ҳазорон нафар аз шаҳрвандони шӯравиро наҷот доданд. Аммо чӣ гуна соҳибкорони ғарбӣ аз Рейхи Сеюми навбунёд пуштибонӣ карданд ва чӣ гуна ҳукуматҳои аврупоӣ барои ташкили он талош карданд, шарҳ додан душвортар аст. Албатта, дар ғалаба бар низоми нозӣ ИҶШС нақши бузург дошт, аммо онро бо ибораи як блокбастери маъруфи “Ҳолливуд” ба осонӣ баён кардан мумкин аст: Биёед, ба ҳолномаи чунин симои капитализм, ба монанди Генрӣ Форд муфассалтар назар андозем. Масалан, у бо ордени "Нишони фахрии укоби немис" мукофотонида шудааст. Фашистон Бенито Муссолини, Франческо Франко ва Ион Антонескуро бо ҳамин нишони миннатдорӣ сарфароз гардониданд.Ё ба хотир меорем, ки чӣ тавр яке аз созандагони иқтисодиёти Олмони нозӣ Хялмар Шахт ҳангоми мурофиаи Нюрнберг даъват карда буд, роҳбарони консернҳои "Ҷенерал Моторс" ва "Форд Моторс", ки саҳми босазое дар саноати низомии Олмон доштанд, ба додгоҳ кашида шаванд.Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ғарб тарсу ваҳмро ба амал овард ва барои ҳамин ҳам Аврупо ва ИМА аз кирдорҳои гитлерӣ чашм пӯшида, ӯро ба унвони мудофее дар баробари "тоғути сурх" қарор доданд.Ин усулро чунин суханони Франклин Рузвелт, ки соли 1939 ба диктатори Никарагуа гуфта буд, ба таври идеалй тасвир мекунанд: "Сомоза шояд писари бадхулқ бошад, аммо вай бадхулқи худи мост". Ва акнун тахмин кунед, ки ӯ ошкоро ба кӣ ҳамдардӣ дошт ва портрети киро баъди эълони ҷанг аз тарафи Олмон Вашингтон аз меҳмонхона гирифта, ба хонаи хоб овезон кард.Ва аз он вақт ба ин сӯ Ғарб ба ин стратегия содиқ монд. Охир, хирсро бо дасти каси дигар бедор кардан хеле бехатартар аст.Барои мисол, биёед, аз як мақолаи нашрияи бритониёии “The Independent” дар соли 1993 ёдовар шавем. Он "Ҷанговари зиддишӯравӣ артиши худро ба сулҳ ҳидоят мекунад" ном дорад. Пас аз ҳашт сол ин пайраҳа зердастони ӯ ба ҳидояти ҳавопаймоҳое бурд, ки 11 сентябр биноҳои Маркази тиҷорати ҷаҳониро тахриб карданд. Бале, ин гузориш ба Ибни Лоден ва нақши ӯ дар муқовимат бо нерӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон бахшида шудааст. Иёлоти Муттаҳида барои дастгирии бародарони мусаллаҳи ӯ тақрибан 40 миллиард доллар сарф кард. Ин нарх буд, ки Вашингтон омода буд, барои заиф кардани рақиби ҷанги сарди худ пардохт кунад. Ана, танҳо шартҳои "созишнома"-ро дар Касри сафед бедиққат хонданд: мутаассифона, масъала бо пул маҳдуд набуд, барои хатоҳои пештараро бо ҳунарӣ додан лозим буд.Ва дар феҳрасти нерӯҳои ниёбатӣ ҷангҷӯёни афғон, ки Ғарб бо дасти онҳо бо Русия дар ҳоли ҷанг аст, танҳо нестанд. Исломгароёни тундрав дар Ховари Миёнаро низ метавон ба он рабт дод. Ҳоло ин рӯйхатро баталонҳои миллии Украина ҳамроҳ бо қувваҳои мусаллаҳи Украина такмил кардаанд.Усуле, ки Киев ба кор мебарад, воқеан шабоҳати чандоне бо наҳваи ҷанги давлатҳо надоранд. Дар ин ҷо истифода аз мардуми осоишта ба ҳайси сипари зинда, шиканҷаи асирони ҷангӣ ва тирборон кардани долонҳои башардӯстона ва тақсими беназорати силоҳ танҳо маҷмуаи ибтидоии созмони террористӣ аст.Агар ба масъалаи тафовут дар хотираи таърихии Русия ва Ғарб бармегардем, бояд гуфт, ки онҳо на танҳо аз таҷрибаи гуногун, балки зоҳиран дар надонистани шарикони мо низ ба вуҷуд омадаанд. Дар акси ҳол шарҳ додани интиқоли силоҳ дар Украина хеле душвор аст, ки онро аллакай якчанд миллион гуреза тарк кардаанд. Барои фаҳмидани он ки воқеаҳо дар оянда чӣ гуна инкишоф меёбанд, дурандеш будан лозим нест: шавҳаронашон аз кӯдакону занонашон пайравӣ мекунанд ва вақте ки вазъи нозиҳо воқеан бад мешаванд, онҳо худашон ҳам фирор мекунанд. Он вақт Аврупо ба чеҳраи он ҳаюло менигарад, ки солҳо онро тағзия қарда, силоҳ медињад, аммо ба гумон аст, ки нешханди он писандаш ояд. Ва Иёлоти Муттаҳида тамоми инро аз он тарафи уқёнус тамошо хоҳад кард. Ягона чизи аламовар он аст, ки Брюссел, Париж ва Берлин инро намефаҳманд.
https://sputnik.tj/20220325/rasonahoi-gharbi-azov-nozi-nest-zero-ghayriolmonist-1047072890.html
https://sputnik.tj/20220315/nigoh-kiev-ukraina-niyoz-nozizudoi-dorad-1046816424.html
https://sputnik.tj/20220305/avrupo-nozizudoi-metarsad-1046562472.html
аврупо
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/06/1040679886_142:0:2873:2048_1920x0_80_0_0_2f7abbc6e5791f5aab8aae699da3f8f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нозӣ миллатгароӣ русия аврупо ғарб украина ҷанги дуюми ҷаҳон
нозӣ миллатгароӣ русия аврупо ғарб украина ҷанги дуюми ҷаҳон
"Ҳич нозие дар Украина вуҷуд надорад". Бардошти мухталифи Русия ва Ғарб аз миллатгароӣ
15:15 01.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Ғарб ва Русия дар робита ба ҷараёнҳои нозӣ хотираи таърихии хеле гуногун доранд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik, Давид Нармания. Дар Аврупо Ҷанги Бузурги Ватаниро Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ меноманд, на дуюм. Ин фаҳмост: ҷангро бузург номидан душвор аст, ки дар давоми шаш соат (Дания), панҷ рӯз (Ҳолланд) ё яку ним моҳ (Фаронса) аз даст додед. Албатта, корнамоиҳои ҳаракати муқовимат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. Ҳарчанд ... онҳо ҳеҷ гоҳ аз хотири мо зудуда намешаванд, аммо дар он ҷо кӣ медонад, ки чӣ гуна хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ талафоти умумии низомиён ва аҳолии осоишта дар маҷмуъ барои ҳамаи кишварҳои иштироккунанда тақрибан 21,5 миллион нафарро ташкил дод.
Дар айни ҳол танҳо ҳиссаи ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 27 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аскару афсарони он 12 миллион нафар, боқимонда шаҳрвандони мулкӣ буданд.
Ва акнун каме дар бораи шумораи қурбониён аз муттаҳидони мо: ИМА— 418 ҳазор нафар, Британиёи Кабир — 380 ҳазор нафар. Барои қиёс хотиррасон мекунам, ки танҳо дар наздикии Сталинград Иттиҳоди Шӯравӣ аз 1 миллиону 100 ҳазор бештар талафоти инсонӣ дод.
Яъне "дар Русия оилае нест, ки аз қаҳрамонаш ёд накунад. Онҳо ба ғалабаи умумӣ ҳиссаи калон гузошта, ҳаёти ҳазорон нафар аз шаҳрвандони шӯравиро наҷот доданд. Аммо чӣ гуна соҳибкорони ғарбӣ аз Рейхи Сеюми навбунёд пуштибонӣ карданд ва чӣ гуна ҳукуматҳои аврупоӣ барои ташкили он талош карданд, шарҳ додан душвортар аст. Албатта, дар ғалаба бар низоми нозӣ ИҶШС нақши бузург дошт, аммо онро бо ибораи як блокбастери маъруфи “Ҳолливуд” ба осонӣ баён кардан мумкин аст:
"Бигзор, дӯстон сарватманд шаванд, аммо душманон камбағалтар нашаванд, баъдан, биёед, бубинем, кӣ киро мағлуб мекунад".
Биёед, ба ҳолномаи чунин симои капитализм, ба монанди Генрӣ Форд муфассалтар назар андозем. Масалан, у бо ордени "Нишони фахрии укоби немис" мукофотонида шудааст. Фашистон Бенито Муссолини, Франческо Франко ва Ион Антонескуро бо ҳамин нишони миннатдорӣ сарфароз гардониданд.
Ё ба хотир меорем, ки чӣ тавр яке аз созандагони иқтисодиёти Олмони нозӣ Хялмар Шахт ҳангоми мурофиаи Нюрнберг даъват карда буд, роҳбарони консернҳои "Ҷенерал Моторс" ва "Форд Моторс", ки саҳми босазое дар саноати низомии Олмон доштанд, ба додгоҳ кашида шаванд.
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ғарб тарсу ваҳмро ба амал овард ва барои ҳамин ҳам Аврупо ва ИМА аз кирдорҳои гитлерӣ чашм пӯшида, ӯро ба унвони мудофее дар баробари "тоғути сурх" қарор доданд.
Ин усулро чунин суханони Франклин Рузвелт, ки соли 1939 ба диктатори Никарагуа гуфта буд, ба таври идеалй тасвир мекунанд: "Сомоза шояд писари бадхулқ бошад, аммо вай бадхулқи худи мост". Ва акнун тахмин кунед, ки ӯ ошкоро ба кӣ ҳамдардӣ дошт ва портрети киро баъди эълони ҷанг аз тарафи Олмон Вашингтон аз меҳмонхона гирифта, ба хонаи хоб овезон кард.
Ва аз он вақт ба ин сӯ Ғарб ба ин стратегия содиқ монд. Охир, хирсро бо дасти каси дигар бедор кардан хеле бехатартар аст.
Барои мисол, биёед, аз як мақолаи нашрияи бритониёии “The Independent” дар соли 1993 ёдовар шавем. Он "Ҷанговари зиддишӯравӣ артиши худро ба сулҳ ҳидоят мекунад" ном дорад. Пас аз ҳашт сол ин пайраҳа зердастони ӯ ба ҳидояти ҳавопаймоҳое бурд, ки 11 сентябр биноҳои Маркази тиҷорати ҷаҳониро тахриб карданд.
Бале, ин гузориш ба Ибни Лоден ва нақши ӯ дар муқовимат бо нерӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон бахшида шудааст. Иёлоти Муттаҳида барои дастгирии бародарони мусаллаҳи ӯ тақрибан 40 миллиард доллар сарф кард. Ин нарх буд, ки Вашингтон омода буд, барои заиф кардани рақиби ҷанги сарди худ пардохт кунад. Ана, танҳо шартҳои "созишнома"-ро дар Касри сафед бедиққат хонданд: мутаассифона, масъала бо пул маҳдуд набуд, барои хатоҳои пештараро бо ҳунарӣ додан лозим буд.
Ва дар феҳрасти нерӯҳои ниёбатӣ ҷангҷӯёни афғон, ки Ғарб бо дасти онҳо бо Русия дар ҳоли ҷанг аст, танҳо нестанд. Исломгароёни тундрав дар Ховари Миёнаро низ метавон ба он рабт дод. Ҳоло ин рӯйхатро баталонҳои миллии Украина ҳамроҳ бо қувваҳои мусаллаҳи Украина такмил кардаанд.
Усуле, ки Киев ба кор мебарад, воқеан шабоҳати чандоне бо наҳваи ҷанги давлатҳо надоранд. Дар ин ҷо истифода аз мардуми осоишта ба ҳайси сипари зинда, шиканҷаи асирони ҷангӣ ва тирборон кардани долонҳои башардӯстона ва тақсими беназорати силоҳ танҳо маҷмуаи ибтидоии созмони террористӣ аст.
Агар ба масъалаи тафовут дар хотираи таърихии Русия ва Ғарб бармегардем, бояд гуфт, ки онҳо на танҳо аз таҷрибаи гуногун, балки зоҳиран дар надонистани шарикони мо низ ба вуҷуд омадаанд.
Дар акси ҳол шарҳ додани интиқоли силоҳ дар Украина хеле душвор аст, ки онро аллакай якчанд миллион гуреза тарк кардаанд. Барои фаҳмидани он ки воқеаҳо дар оянда чӣ гуна инкишоф меёбанд, дурандеш будан лозим нест: шавҳаронашон аз кӯдакону занонашон пайравӣ мекунанд ва вақте ки вазъи нозиҳо воқеан бад мешаванд, онҳо худашон ҳам фирор мекунанд.
Он вақт Аврупо ба чеҳраи он ҳаюло менигарад, ки солҳо онро тағзия қарда, силоҳ медињад, аммо ба гумон аст, ки нешханди он писандаш ояд. Ва Иёлоти Муттаҳида тамоми инро аз он тарафи уқёнус тамошо хоҳад кард. Ягона чизи аламовар он аст, ки Брюссел, Париж ва Берлин инро намефаҳманд.