"Барои ҳамла аз камин". Амрико артиши Украинаро бо чӣ чизе мусаллаҳ хоҳад кард?

© REUTERS \ ZOHRA BENSEMRAУкраинские военные в городе Буча
Украинские военные в городе Буча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Обуна шудан
Вашингтон нақша дорад, ки ба Киев як гурӯҳи бузурги ҳавопаймоҳои бесарнишини “Switchblade” интиқол диҳад
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik, Андрей Котс. Ин бесарнишинҳои хурд ба синфи лавозимоти ҷангӣ тааллуқ доранд, онҳо дар сатҳи тактикӣ силоҳи муассир мебошанд. Аммо артиши Русия чизе дорад, ки ба ин ҷавоб диҳад.

Паҳпод дар дохили киф

Ҳанӯз миёнаҳои моҳи март президенти ИМА Ҷо Байден эълон кард, ки ба Украина ба маблағи 800 миллион доллар кумаки иловагӣ ҷудо мекунад: 800 системаи сайёри зиддиҳавоии "Stinger", 2000 “Javelin”, 1000 силоҳи сабуки зиддитанкӣ ва 6000 норинҷакандози AT-4 ба Киев фиристода мешавад. Илова бар ин нерӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳи тирандозӣ, камарбанди тир, кулоҳ ва лавозимоти ҷангӣ дарёфт хоҳанд кард. Рӯзи дигар маълум шуд, ки Пентагон инчунин ба ин ҳампаймонаҳ 100 ҳавопаймои бесарнишини “Switchblade” медиҳад.
Встреча глав МИД РФ и ФРГ С. Лаврова и А. Бербок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Бербок: Дар анборҳои Бундесвер пайдо кардани силоҳ барои Украина ғайриимкон аст
Ин лавозимоти ҷангӣ, ба истилоҳ ҳавопаймои бесарнишини “Камикадзе” бо фармоиши нерӯҳои заминии Амрико барои мубориза бо толибон дар манотиқи кӯҳистонии душворгузари Афғонистон таҳия шудааст. Он дар соли 2011 ба истифода дода шуд, якчанд ҳазор адад аз он сохта шуд. Қӯшунҳои пиёдагард ва қувваҳои махсуси Амрикоонҳоро дар Ховари Миёна бомуваффақият истифода карданд.
Ду намуди он вуҷуд дорад - зидди пиёдагард ва зидди танк. Якум, “Switchblade 300”, ки вазнаш каме бештар аз 2,5 кило аст, барои ҷойгир кардан дар ҷузвдони сарбозон мувофиқ аст. Он дар як контейнере ҷойгир шудааст ва тавассути ҳавои фишурда - мувофиқи принсипи пневмокатапулт ба осмон партоб мешавад. Масофаи парвози он то даҳ километр аст, иқтидори кулоҳак ба тири 40-миллиметрӣ аз норинҷакандоз баробар аст. Суръати саёҳат 100 километр дар як соат аст, камераҳои шабурӯзӣ барои мушоҳида ва роҳнамоӣ дар он пешбинӣ шудаанд.
“Switchblade 600”-и зиддитанкӣ калонтару вазнинтар, 23 кило аст. Он ба ҳадафҳо дар масофаи то 40 километр аз оператор зарба мезанад. Кулоҳаки ҷангии он ба “Javelin” монанд аст. Ба гуфтаи амрикоиҳо, ин аслиҳа бароиаз боло ҳадаф қарор додани ҳар гуна мошинҳои зиреҳпӯши замонавӣ муассир аст.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Медведев иғво дар Буча таблиғоти дуруғи Украина аст
Ҳарду дрон аз тариқи панели ҳушманд идора карда мешаванд. Тайёрӣ ба парвоз даҳ дақиқа замон мебарад. Арзиши як ҳавопаймои бесарнишин тақрибан шаш ҳазор доллар аст. Он барои истифодаи оммавӣ дар умқи тактикии мудофиаи душман тарҳрезӣ шуда, ба аслиҳаи аксари воҳидҳои пиёданизоми савораи артиши ИМА дохил карда шудааст. Бо вуҷуди ин, "кордҳои ивазкунанда", ба монанди дигар аъзои оилаи лавозимоти ҷангӣ камбудиҳо доранд.

Раҳгирии ҳавоӣ

"Камбудии асосӣ ин кам будани иқтидори батареяҳост, ки онҳо муддати дароз дар ҳаво намемонанд”, - мегӯяд коршиноси ҳарбӣ Алексей Леонков ва меафзояд, - “ҳамон “Switchblade 300” ҳамагӣ аз даҳ то понздаҳ дақиқа кор мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ҳадаф бояд аз тариқи як ҳавопаймои калонтари истихборотӣ, ки баро системаҳои дифои ҳавоии мо намоён аст, мушаххас карда шавад”.
Артиши Русия барои мубориза бо таҳдиди нав воситаҳои кофӣ дорад. Пеш аз ҳама инҳо маҷмуаҳои зиддимушакии “Тор-М2”, системаҳои мушакии зиддиҳавоӣ ва силоҳи “Пантсир-С1” мебошанд. Онҳо ҳатто ҳадафҳои хурдро ошкор, ҳамроҳӣ ва нобуд мекунанд. Дар Сурия мудофиаи ҳавоӣ бо кӯмаки онҳо такрор ба такрор ҳамлаҳои ифротгароҳо ба пойгоҳи ҳавоии Ҳмеймимро дафъ мекард.
Сборы военных в Грозном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Қодиров аз “дешайтонизатсия”-и мувафақ дар Украина хабар дод
"Системаҳои зиддиҳавоии мо эшелони дуюми мудофиа мебошанд”, — тасреҳ мекунад коршинос, - “Якум, аскарони ҷанги электронӣ. Таҷҳизоти онҳо қодир аст, ки канали алоқаи байни ҳавопаймо ва операторро вайрон кунад ва дар асл ҳавопаймои бесарнишинро ба як оҳани бефоида табдил диҳад. Вақте ки арманиҳо дар болои Степанакерт бо маҷмаъҳои ҷангии электронии сохти русии "Поле" ҳавопаймоҳои бесарнишини Озарбойҷонро аз кор андохтанд, бекифоятии паҳподҳо бештар шуд. Шубҳа надорам, ки ин навгониҳо дар Украина низ истифода мешаванд".

Занҷирҳои таъминот

Ҳавопаймоҳои бесарнишини “Камикадзе”-и амрикоӣ метавонанд ба артиши Русия каме талафот расонанд. Аммо онҳо, бешубҳа, ба як "силоҳи олӣ" мубаддал нахоҳанд шуд, ки ин навъи таҷҳизоти низомӣ дар тирамоҳи соли 2020 дар ҷараёни даргириҳои Қарабоғи Кӯҳӣ буд. Дар он вақт лавозимоти ҷангии Озарбойҷон IAI “Harop” воқеан мавқеъҳои дифои ҳавоии Арманистон, минтақаҳои тамаркузи техникаи ҳарбӣ ва истеҳкомҳои саҳроиро нобуд карда буд.
Степанакерт ва Ереван системаҳои дифои зиддиҳавоӣ надоштанд, ки нерӯҳои Русия доранд. Илова бар ин коршиносон шубҳа доранд, ки украинҳо метавонанд туҳфаҳои хориҷиро дуруст истифода баранд.

"Ин чизеро тағйир намедиҳад. Амрикоиҳо метавонанд ҳар чизеро, ки хоҳанд, тарҳрезӣ кунанд. Суол ин аст, ки ин маҷмаъҳоро кӣ идора мекунад? Ба гумон аст, ки афсарони низомии Украина ба зудӣ тамрин кунанд. Аввалан, ин одамон худро зери хатари воқеӣ мегузоранд, зеро онҳоро несту нобуд кардан мумкин аст. Сониян, дахолати як давлати хориҷӣ, бахусус Иёлоти Муттаҳида ба ҷанг аст. Ва савум, ин гуна таъминот ба амалҳои ҷиноии режими Киев мусоидат мекунад”, - мутмаин аст коршиноси низомӣ Владимир Евсеев.

Қаблан Вазорати дифои Русия расман ҳушдор дода буд, корвонҳое, ки аз Ғарб вориди Украина мегарданд, ҳадафи қонунӣ дониста мешаванд. Ҳоло ягона роҳи кишварҳои НАТО аз сарҳади заминӣ бо Лаҳистон мегузарад. Эҳтимол ҳама чиз ҳадафи силоҳи ҳавоии Русия ва тӯпхонаии дақиқзан қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0