Медведев иғво дар Буча таблиғоти дуруғи Украина аст

© Sputnik / Юлия Зырянова / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Муовини Шӯрои амнияти Русия иғво дар шаҳри Бучаро дурӯғи маҳзи Украина номид
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия видеоҳои кушташугони ғайринизомӣ дар шаҳри Буча ва маълумот дар бораи бомбборон кардани таваллудхона дар Мариуполро сохтакории Украина хонд.
Вай гуфт, ин гуна хабарҳоро ожонсиҳои PR ва созмонҳои ғайридавлатии мухталиф барои пул сохтакорӣ мекунанд.
"Арвоҳи Киев", тасовири ҳавопаймо, ки аз бозии компютерӣ гирифта шудааст, “Каҳрамонони гумшуда”, ки ба киштии низомии рус таслим шуданд, таваллудхонаи Мариупол, акнун Буча. Чӣ онҳоро мепайвандад? Инҳо қалбакӣ ҳастанд, ки дар тасаввуроти беҳаёёнаҳои таблиғоти Украина пухта шудаанд. Оҷонсиҳои машҳури PR, "фабрикаҳои троллҳо", ки ҳукуматҳои Ғарб ва созмонҳои ғайридавлатии онҳоро маблағгузорӣ мекунанд", - навиштааст Медведев дар шабакаи "Telegram"-и худ.
"Рӯз ба рӯз хабарҳо дар бораи "қиссаҳои даҳшатовар" ва "ғалаба"-ҳо сохтакорӣ мешаванд. Бо вуҷуди ин мошини дурӯғи Киев пеши ҳеҷ намеистад!", - навиштааст Медведев.
Глава российского МИД Сергей Лавров прокомментировал ситуацию вокруг Бучи  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Лавров иғво дар атрофи Бучаро ҳамлаи фейкӣ хонд
Ёдовар мешавем, рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0