https://sputnik.tj/20220405/berbok-anbor-bundesver-siloh-ukraina-1047380762.html
Бербок: Дар анборҳои Бундесвер пайдо кардани силоҳ барои Украина ғайриимкон аст
Бербок: Дар анборҳои Бундесвер пайдо кардани силоҳ барои Украина ғайриимкон аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Олмон мегӯяд дар анборҳои вазорати дифои кишвараш пайдо кардани силоҳ барои Украина ғайриимкон аст
2022-04-05T21:20+0500
2022-04-05T21:20+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
олмон
аслиҳа
анбор
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044925356_0:0:2725:1532_1920x0_80_0_0_ebc20cef05a8309e53cfdb631c77b339.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Анналена Бербок, вазири умури хориҷии Олмон дар гуфтугӯ бо рӯзноманигорон афзуд, ки дар анборҳои Бундесвер ҳеҷ гуна силоҳе боқӣ намондааст, ки ба Украина интиқол дода шавад.Вай гуфт, ҳоло масъалаҳои логистикӣ, таъмир ва омӯзиш ҳангоми интиқоли системаҳои куҳна мушкил аст, аммо қарори ниҳоӣ эҳтимол дар сатҳи шарикони Иттиҳодияи Аврупо, НАТО ва G7 қабул карда шавад.“Мо ҳоло системаҳоеро дар назар дорем, ки то ҳол интиқол надода будем. Аммо худи Бундесвер дар анборҳо қариб ҳеҷ намуди ин системаҳоро надорад. Муҳимаш ин аст, ки... мо бояд ба он таваҷҷуҳ кунем, ки агар мо дар бораи системаҳои куҳна гӯем, пас ба ин масъалаҳо мушкилоти зиёди логистикӣ, омӯзиш ва қисмҳои эҳтиётӣ вобастаанд”, - гуфт вазир.Вай афзуд, то чанде системаҳо, ки ба Украина интиқол мешаванд, куҳна бошанд, ҳамон қадар интиқол, омӯзиш ва таъмири онҳо мушкил хоҳад буд.“Мо намегӯем, ки на, мо дар назар дорем, ки чӣ гуна мушкилот ҳалли худро пайдо мекунад. Ҳамзамон мо тасмимро дар якҷоягӣ бо шарикон дар Иттиҳодияи Аврупо, НАТО ва "G7" мегирем”, - гуфт Бербок.Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои безараргардонӣ ва нозизудоии Украина оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Тавре Вазорати дифоъ изҳор дошт, қувваҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.То 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳилаи якумро иҷро карданд - иқтидори ҷангии Украинаро хеле заиф гардониданд. Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
https://sputnik.tj/20220405/kreml-begharaz-taftishot-ighvo-bucha-shubha-1047371815.html
олмон
анбор
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044925356_0:0:2471:1853_1920x0_80_0_0_add82fc08d12a59da4ce25b94889cc48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олмон, силоҳ, украина, анбор, бундесвер, вазири хориҷа
олмон, силоҳ, украина, анбор, бундесвер, вазири хориҷа
Бербок: Дар анборҳои Бундесвер пайдо кардани силоҳ барои Украина ғайриимкон аст
21:20 05.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Вазири хориҷаи Олмон мегӯяд, дар анборҳои Вазорати дифои кишвараш пайдо кардани силоҳ барои Украина ғайриимкон аст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Анналена Бербок, вазири умури хориҷии Олмон дар гуфтугӯ бо рӯзноманигорон афзуд, ки дар анборҳои Бундесвер ҳеҷ гуна силоҳе боқӣ намондааст, ки ба Украина интиқол дода шавад.
Вай гуфт, ҳоло масъалаҳои логистикӣ, таъмир ва омӯзиш ҳангоми интиқоли системаҳои куҳна мушкил аст, аммо қарори ниҳоӣ эҳтимол дар сатҳи шарикони Иттиҳодияи Аврупо, НАТО ва G7 қабул карда шавад.
“Мо ҳоло системаҳоеро дар назар дорем, ки то ҳол интиқол надода будем. Аммо худи Бундесвер дар анборҳо қариб ҳеҷ намуди ин системаҳоро надорад. Муҳимаш ин аст, ки... мо бояд ба он таваҷҷуҳ кунем, ки агар мо дар бораи системаҳои куҳна гӯем, пас ба ин масъалаҳо мушкилоти зиёди логистикӣ, омӯзиш ва қисмҳои эҳтиётӣ вобастаанд”, - гуфт вазир.
Вай афзуд, то чанде системаҳо, ки ба Украина интиқол мешаванд, куҳна бошанд, ҳамон қадар интиқол, омӯзиш ва таъмири онҳо мушкил хоҳад буд.
“Мо намегӯем, ки на, мо дар назар дорем, ки чӣ гуна мушкилот ҳалли худро пайдо мекунад. Ҳамзамон мо тасмимро дар якҷоягӣ бо шарикон дар Иттиҳодияи Аврупо, НАТО ва "G7" мегирем”, - гуфт Бербок.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои безараргардонӣ ва нозизудоии Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Тавре Вазорати дифоъ изҳор дошт, қувваҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
То 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳилаи якумро иҷро карданд - иқтидори ҷангии Украинаро хеле заиф гардониданд. Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.