https://sputnik.tj/20220404/tojikiston-sokhtmon-maktab-rusi-dushanbe-1047326460.html
Муовини нахуствазири Тоҷикистон сохтмони мактаби русиро дар Душанбе тафтиш кард
Муовини нахуствазири Тоҷикистон сохтмони мактаби русиро дар Душанбе тафтиш кард
Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони мактабҳо дар кишвар тибқи Созишномаи байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон бо суръат идома дорад ва онҳо бояд аз 1 сентябри соли 2022 ба кор шурӯъ кунанд
2022-04-04T12:39+0500
2022-04-04T12:39+0500
2022-04-04T15:52+0500
маориф
дар тоҷикистон
дар русия
мактаб
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047325315_0:103:1000:666_1920x0_80_0_0_96cfc0afb32cee5339f17e46ce35308c.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Усмоналӣ Усмонзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон бо сохтусози мактабҳое, ки Русия дар Душанбе бунёд мекунад, ошно шуд, гузориш медиҳад маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.Усмонзода дар қатори дигар намояндагони соҳаи маориф аз иншооти пойтахти кишвар дидан намуд.Гуфта мешавад, ки сохтмони ин мактаб дар чаҳорчӯби созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия сурат мегирад.Муовини нахуствазир таваҷҷуҳи худро ба сифати кор ҷалб карда, бо масъулини ширкати сохтмонӣ, ки дар сохтмон ширкат доранд, суҳбат кард.Чунин муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 1,2 ҳазор нафар хонанда пешбинӣ шудаанд.Усмоналӣ Усмонзода пас аз анҷоми санҷиш ба масъулин ва сохтмончиён дастурҳои зарурӣ дод.Ёдовар мешавем, ки ҳоло на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохтмони муассисаҳои таълимӣ босуръат идома дорад.Пас аз ба истифода додани мактабҳо дар онҳо таълим ба забони русӣ сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20220315/vazorat-maorif-maktab-mushtarak-rusiya-tojikiston-omuzgor-1046815441.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/04/1047325315_5:0:893:666_1920x0_80_0_0_291439413400b41e13d5f0aa892a5174.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон сохтмон мактаб русӣ душанбе тафтиш
тоҷикистон сохтмон мактаб русӣ душанбе тафтиш
Муовини нахуствазири Тоҷикистон сохтмони мактаби русиро дар Душанбе тафтиш кард
12:39 04.04.2022 (Навсозишуда: 15:52 04.04.2022) Сохтмони мактабҳо дар кишвар, тибқи созишномаи байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон, бо суръат идома дорад ва онҳо бояд аз 1 сентябри соли 2022 ба кор шуруъ кунанд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Усмоналӣ Усмонзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон бо сохтусози мактабҳое, ки Русия дар Душанбе бунёд мекунад, ошно шуд, гузориш медиҳад маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Усмонзода дар қатори дигар намояндагони соҳаи маориф аз иншооти пойтахти кишвар дидан намуд.
Гуфта мешавад, ки сохтмони ин мактаб дар чаҳорчӯби созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия сурат мегирад.
Муовини нахуствазир таваҷҷуҳи худро ба сифати кор ҷалб карда, бо масъулини ширкати сохтмонӣ, ки дар сохтмон ширкат доранд, суҳбат кард.
"Корҳои сохтмонӣ бо суръат идома доранд ва тибқи нақшаи пешакӣ, муассисаи таълимӣ имсол ба истифода дода мешавад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Чунин муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 1,2 ҳазор нафар хонанда пешбинӣ шудаанд.
Усмоналӣ Усмонзода пас аз анҷоми санҷиш ба масъулин ва сохтмончиён дастурҳои зарурӣ дод.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохтмони муассисаҳои таълимӣ босуръат идома дорад.
Пас аз ба истифода додани мактабҳо дар онҳо таълим ба забони русӣ сурат мегирад.