Вазорат барои мактабҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон омӯзгор меҷӯяд

© Исполком Народно-демократической партии Таджикистана в ДушанбеНовая школа в Турсунзаде
Новая школа в Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Яке аз талаботи асосӣ ин донистани забони русӣ, тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги ин ду кишвар мебошад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои муассисаҳои давлатии буҷавии таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Русия ва Тоҷикистон омӯзгорон меҷӯянд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон нашр намуда, талаботи асосӣ барои довталабонро низ зикр намуд.
Ба иттилои манбаъ, вазорат мехоҳад муаллимони фанҳои дақиқро барои мактабҳои муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷалб кунад.
Дар матни эълон зикр шудааст, ки довталабон бояд ҳатман забонҳои русӣ ва тоҷикиро хуб донанд ва ҳамчунин аз таърих ва фарҳанги Русияву Тоҷикистон низ бохабар бошанд.
Илова бар ин донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф зарур буда, аз уҳдаи истифода бурдани технологияи рақамӣ низ бояд бароянд.
Встреча с Председателем Совета Федерации Федерального Собрания России Валентиной Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Аз муҳоҷират то сармоягузорӣ: дидору мулоқоти Раҳмон ва Матвиенко
Талаби дигар барои довталабон ин донистан ва истифодаи усулҳои муосири таълим ва бо хонандагону толибилмон хушмуомила будан гуфта мешавад.
Манбаъ меафзояд, довталабон имкон доранд, ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод кунанд.
Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба забони русӣ афзоиш ёфтааст
Дар номгӯи ҳуҷҷатҳо ариза, нусхаҳои диплому шиноснома, маълумотнома аз ҷойи кори охирин, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома оид ба надоштани доғ и судӣ, маълумотномаи тиббӣ ва чор дона расм қайд шудааст.
Гуфта мешавад, муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 28 марти соли равон аст.
Интизор меравад, ҳамаи панҷ мактабе, ки Русия дар Тоҷикистон месозад, то 1 сентябри соли 2022 ба истифода дода шаванд.
Макотиб дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд сохта мешаванд. Ин мактабҳо имкони фарогирии 1200 хонанда ба таҳсил дар як вақтро доранд.
Лентаи хабарҳо
0