Чин: Амрико бояд бидуни қайду шарт дороиҳои миллии Афғонистонро баргардонад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкГлава МИД Китая Ван И
Глава МИД Китая Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Чин мегӯяд, ИМА бояд таҳримҳои якҷонибаро лағв ва дороиҳои миллии Афғонистонро бидуни қайду шарт ба ин кишвар бозгардонад
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ван И, вазири умури хориҷаи Чин ахиран дар нишасти сеюми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфт, кишварҳои ҳамсоя хостори бозгардонидани амволи миллати Афғонистон аз сӯйи Амрико шуданд.
Конфронси савуми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар Тунси Чин бо ҳузури Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, вазирони умури хориҷӣ ва намояндагони Чин, Покистон, Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Тарафайн тайи ин нишаст дар хусуси мавориде ба иҷмои назар даст ёфтанд, ки ин маворид аз сӯйи Вазорати хориҷаи Чин тайи баёнияе мунташир кард.

"Муҳим аст, ки Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб масъулияти аслии худро барои эҳё ва рушди Афғонистон бар дӯш гиранд ва амволи мардуми Афғонистонро ҳарчи зудтар ба онҳо баргардонанд", - гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар изҳорот ҳамчунин бар зарурати пуштибонӣ аз нақши муносиби Созмони Милали Муттаҳид дар мусоидат ба сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳамоҳангсозии кумак ба Афғонистон таъкид шудааст.
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Амирабдуллоҳиён: Афғонистон ба ташкили давлати фарогири миллӣ ниёзманд аст
Ҳамчунин аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ хоҳиш карда шудааст, ки нақдинагӣ ба Афғонистон тазриқ кунанд, то ба ин кишвар кумак кунанд, дар масири тавсеаи солим қадам бардорад.
"Мо аз ҳама ҷонибҳо даъват менамоем, ки бо Афғонистон тамос ва муколамаро густариш диҳанд, аз рушди иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон пуштибонӣ кунанд, ба таҳримҳо ва фишорҳо муқовимат ва мухолифат кунанд", - гуфта шудааст дар баёния.
Лентаи хабарҳо
0