https://sputnik.tj/20220331/amirabdullohiyon-afghoniston-tashkili-davlati-farogir-1047228598.html
Амирабдуллоҳиён: Афғонистон ба ташкили давлати фарогири миллӣ ниёзманд аст
Амирабдуллоҳиён: Афғонистон ба ташкили давлати фарогири миллӣ ниёзманд аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Эрон дар сеюмин нишасти ҳамсоягони Афғонистон дар шаҳри Тунсии Чин, эҷоди як механизми дохилиминтақавиро барои ташкили давлати фарогири миллӣ дар Афғонистон зарурӣ донист
2022-03-31T15:55+0500
2022-03-31T15:55+0500
2022-03-31T19:55+0500
афғонистон
эрон
ҳукумат
равобит
вазири хориҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041611915_0:404:2923:2048_1920x0_80_0_0_322156d6b37294351c7ce77ffcf14dc3.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон дар ин нишаст гуфт, решаи мушкилоти Афғонистонро метавон дар ишғоли тӯлонии ин кишвар ва сиёсатҳои ғалати ишғолгарону Амрико донист, иттилоъ додааст хабаргузории "Форс".Амирабдуллоҳиён афзуд, ишғоли солҳои тӯлонии Афғонистон на танҳо кумаке ба тавсеаи он накард, балки навъе аз вобастагиро ба вуҷуд оварад.Вай гуфт, ин вобастагӣ муҷиб шуд, бо ақибнишинии ишғолгарон сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодии он фурӯ бирезад ва монанди ҳамеша мардуми мазлуми Афғонистон бузургтарин бозанда ва қурбонии ин вазъият бошанд.Амирабдуллоҳиён пешниҳод кард, як созукори амниятии мушаххасе дар қолаби созмонҳои мавҷуд ё бо мавҷудияте мустақил барои ҳамоҳангсозии сиёсати зиддитеррористии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон эҷод шавад, то иқдомоти ҷамъии кишварҳо ва табодули иттилоот дар ин заминаро тасҳил ва мудирият кунад.Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт, ташкили сандуқии молӣ бо ҳадафи ҳимоят аз мардуми Афғонистон ба мувозоти ташкили давлати фарогири миллӣ як зарурат аст.Дар сеюмин нишасти ҳамсоягони Афғонистон вазирони умури хориҷӣ ва мақомоти Эрон, Покистон, Чин, Туркманистон, Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Қатар ширкат доштанд.
https://sputnik.tj/20220330/jabha-farmondeh-tolibon-nobud-1047199488.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041611915_69:0:2800:2048_1920x0_80_0_0_ae7836e3ab6b56f738ca30635fe4055c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, афғонистон, давлати фарогир, ниёзманд, чин
эрон, афғонистон, давлати фарогир, ниёзманд, чин
Амирабдуллоҳиён: Афғонистон ба ташкили давлати фарогири миллӣ ниёзманд аст
15:55 31.03.2022 (Навсозишуда: 19:55 31.03.2022) Вазири умури хориҷии Эрон дар сеюмин нишасти ҳамсоягони Афғонистон дар шаҳри Тунсии Чин эҷоди як механизми дохилиминтақаиро барои ташкили давлати фарогири миллӣ дар Афғонистон зарурӣ донист
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон дар ин нишаст гуфт, решаи мушкилоти Афғонистонро метавон дар ишғоли тӯлонии ин кишвар ва сиёсатҳои ғалати ишғолгарону Амрико донист, иттилоъ додааст хабаргузории
"Форс".
Амирабдуллоҳиён афзуд, ишғоли солҳои тӯлонии Афғонистон на танҳо кумаке ба тавсеаи он накард, балки навъе аз вобастагиро ба вуҷуд оварад.
Вай гуфт, ин вобастагӣ муҷиб шуд, бо ақибнишинии ишғолгарон сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодии он фурӯ бирезад ва монанди ҳамеша мардуми мазлуми Афғонистон бузургтарин бозанда ва қурбонии ин вазъият бошанд.
Амирабдуллоҳиён пешниҳод кард, як созукори амниятии мушаххасе дар қолаби созмонҳои мавҷуд ё бо мавҷудияте мустақил барои ҳамоҳангсозии сиёсати зиддитеррористии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон эҷод шавад, то иқдомоти ҷамъии кишварҳо ва табодули иттилоот дар ин заминаро тасҳил ва мудирият кунад.
Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт, ташкили сандуқии молӣ бо ҳадафи ҳимоят аз мардуми Афғонистон ба мувозоти ташкили давлати фарогири миллӣ як зарурат аст.
Дар сеюмин нишасти ҳамсоягони Афғонистон вазирони умури хориҷӣ ва мақомоти Эрон, Покистон, Чин, Туркманистон, Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Қатар ширкат доштанд.