https://sputnik.tj/20220331/artish-rusiya-zolotaya-niva-nazorat-1047227118.html
Артиши Русия шаҳраки Золотая Ниваро таҳти назорат гирифт
Артиши Русия шаҳраки Золотая Ниваро таҳти назорат гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия маҳаллаи Золотая Ниваро зери назорат гирифта, аз дарёи Қашлагач гузаштанд
2022-03-31T15:00+0500
2022-03-31T15:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
назорат
муҳосираи низомиён
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044717201_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_17832fcc9c545cc940b0dfc3470c5114.jpg
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар як шабонарӯз боз як шаҳрак дар вилояти Донетскро ишғол карданд, хабар медиҳад сухангӯи Вазорати дифоии ин кишвар Игор Конашенков."Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия амалиётро идома дода, маҳаллаи Золотая Ниваро пурра таҳти назорати худ гирифта, аз дарёи Кашлагач гузашта, дар ҷои бехавф қарор гирифтанд. Дар як шабонарӯз нерӯҳои Русия шаш километр пеш рафтанд", — гуфт генерал-майор дар нишасти хабарӣ.Вай тавзеҳ дод, ки то 60 миллатгарои украинӣ, ду танк, чаҳор мошини ҷангӣ, 9 мошини гуногуни низомӣ нобуд кард шуд.Давоми шабонарӯзи гузашта воҳидҳои ҳавопаймоҳои оперативӣ-тактикӣ ва бесарнишини Русия ба 52 ҳадафи низомии Украина зарба заданд, аз ҷумла: чаҳор нуқтаи фармондеҳӣ, як С-300 ва як системаи зиддимушакии "Бук-М1", ду системаи мушакии чандманзура, лавозимоти ҷангӣ, анбори артиллерӣ ва мушакӣ, ду анбори сӯзишворӣ, 38 истгоҳ ва техника. Дар навбати худ нерӯҳои дифои ҳавоӣ дар як рӯз 18 ҳавопаймои бесарнишини Украина, аз ҷумла як ҳавопаймои "Байрактар-ТБ2"-ро нобуд карданд. Дар маҷмқъ, аз оғози амалиёти махсуси низомӣ 124 ҳавопаймо ва 77 чархбол, 216 системаи зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 341 ҳавопаймои бесарнишин, 1815 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 195 системаи мушакии чандманзура, 762 тӯпхона ва миномётҳои саҳроӣ, инчунин 1689 воҳиди мошинҳои махсуси ҳарбӣ нобуд карда шуд. Дар баробари ин аскарони ҶМЛ поксозии шаҳраки Житловкаро анҷом дода, панҷ километр пеш ҳаракат карда, дар канори шаҳраки Кременная бо миллатгароён меҷанганд.Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Шойгу гуфт, вазифаҳои асосии амалиёти вижа иҷро шудБа гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина як рӯз пеш дар Туркия баргузор шуд.Шойгу аз даъвати баҳорӣ гуфт: Наваскарон ба маконҳои даргирӣ фиристода намешаванд - видеоҚабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
https://sputnik.tj/20220331/rusiya-poygohho-buzurg-ukraina-zarba-1047226430.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044717201_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_8d3504cc98a2cb18984351aadc9d1928.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрак, золотая нива, муҳосира
шаҳрак, золотая нива, муҳосира
Артиши Русия шаҳраки Золотая Ниваро таҳти назорат гирифт
15:00 31.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Нерӯҳои мусаллаҳи Русия маҳаллаи Золотая Ниваро зери назорат гирифта, аз дарёи Кашлагач гузаштанд
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар як шабонарӯз боз як шаҳрак дар вилояти Донетскро ишғол карданд, хабар медиҳад сухангӯи Вазорати дифоии ин кишвар Игор Конашенков.
"Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия амалиётро идома дода, маҳаллаи Золотая Ниваро пурра таҳти назорати худ гирифта, аз дарёи Кашлагач гузашта, дар ҷои бехавф қарор гирифтанд. Дар як шабонарӯз нерӯҳои Русия шаш километр пеш рафтанд", — гуфт генерал-майор дар нишасти хабарӣ.
Вай тавзеҳ дод, ки то 60 миллатгарои украинӣ, ду танк, чаҳор мошини ҷангӣ, 9 мошини гуногуни низомӣ нобуд кард шуд.
Давоми шабонарӯзи гузашта воҳидҳои ҳавопаймоҳои оперативӣ-тактикӣ ва бесарнишини Русия ба 52 ҳадафи низомии Украина зарба заданд, аз ҷумла: чаҳор нуқтаи фармондеҳӣ, як С-300 ва як системаи зиддимушакии "Бук-М1", ду системаи мушакии чандманзура, лавозимоти ҷангӣ, анбори артиллерӣ ва мушакӣ, ду анбори сӯзишворӣ, 38 истгоҳ ва техника.
Дар навбати худ нерӯҳои дифои ҳавоӣ дар як рӯз 18 ҳавопаймои бесарнишини Украина, аз ҷумла як ҳавопаймои "Байрактар-ТБ2"-ро нобуд карданд.
Дар маҷмқъ, аз оғози амалиёти махсуси низомӣ 124 ҳавопаймо ва 77 чархбол, 216 системаи зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 341 ҳавопаймои бесарнишин, 1815 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 195 системаи мушакии чандманзура, 762 тӯпхона ва миномётҳои саҳроӣ, инчунин 1689 воҳиди мошинҳои махсуси ҳарбӣ нобуд карда шуд.
Дар баробари ин аскарони ҶМЛ поксозии шаҳраки Житловкаро анҷом дода, панҷ километр пеш ҳаракат карда, дар канори шаҳраки Кременная бо миллатгароён меҷанганд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина як рӯз пеш дар Туркия баргузор шуд.
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.