https://sputnik.tj/20220331/rusiya-poygohho-buzurg-ukraina-zarba-1047226430.html
Артиши Русия ба пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхти Украина мушак партоб кард
Артиши Русия ба пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхти Украина мушак партоб кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия аз тахриби пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхт дар Днепр ва Лисичанск хабар дод
2022-03-31T14:18+0500
2022-03-31T14:18+0500
2022-03-31T20:29+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
дар русия
зарба
амалиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047223313_0:41:1701:998_1920x0_80_0_0_34d59d15b4af635c660c37623a8c04bc.jpg
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Дар ҷараёни амалиёти вижаи низомии Русия дар 4 шаҳри Украина пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхт тавассути мушакҳои болдори дақиқзан нобуд карда шуданд. Дар ин бора дар нишасти хабарӣ намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар дод. Вай тавзеҳ дод, ки ин пойгоҳҳо ба гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс маводи сӯхт медоданд. Намояндаи расмии Вазорати дифоъ ҳамчунин изҳор дошт, ки аз оғози амалиёти вижа нерӯҳои мусаллаҳи Русия 1815 танк, 341 ҳавопаймои бесарнишин ва 195 мушакандози чандманзураи марбут ба қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд кардаанд.Вазири дифои Русия Сергей Шойгу қаблан хабар дода буд, ки нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Украина амалан нобуд карда шуданд, нерӯҳои дарёии он аз фаъолият бозмонданд ва тамоми воҳидҳои заминиву ҳавоии Украина талафоти зиёд дидаанд. Қаблан дар пайи тирборони ҷониби Украина бахше аз як бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ дар Донетск тахриб шуда буд. Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Шойгу гуфт, вазифаҳои асосии амалиёти вижа иҷро шудБа гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина як рӯз пеш дар Туркия баргузор шуд.Шойгу аз даъвати баҳорӣ гуфт: Наваскарон ба маконҳои даргирӣ фиристода намешаванд - видеоҚабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
https://sputnik.tj/20220330/ukraina-bino-istiqoma-donetsk-kharob-1047188716.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047223313_159:0:1542:1037_1920x0_80_0_0_b40595144033d544b62a7204b806bf69.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёт,
Артиши Русия ба пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхти Украина мушак партоб кард
14:18 31.03.2022 (Навсозишуда: 20:29 31.03.2022) Вазорати дифои Русия аз тахриби пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхт дар Днепр ва Лисичанск хабар дод
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Дар ҷараёни амалиёти вижаи низомии Русия дар 4 шаҳри Украина пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхт тавассути мушакҳои болдори дақиқзан нобуд карда шуданд.
Дар ин бора дар нишасти хабарӣ намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар дод.
"Шоми 30 март мушакҳои болдори дақиқзани баландпарвоз дар маҳалҳои аҳолинишини Днепропетровск, Лисичанск, Чугуев ва Новомосковск пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхтро нобуд карданд", - гуфт Конашенков.
Вай тавзеҳ дод, ки ин пойгоҳҳо ба гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс маводи сӯхт медоданд.
Намояндаи расмии Вазорати дифоъ ҳамчунин изҳор дошт, ки аз оғози амалиёти вижа нерӯҳои мусаллаҳи Русия 1815 танк, 341 ҳавопаймои бесарнишин ва 195 мушакандози чандманзураи марбут ба қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд кардаанд.
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу қаблан хабар дода буд, ки нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Украина амалан нобуд карда шуданд, нерӯҳои дарёии он аз фаъолият бозмонданд ва тамоми воҳидҳои заминиву ҳавоии Украина талафоти зиёд дидаанд.
Қаблан дар пайи тирборони ҷониби Украина бахше аз як бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ дар Донетск тахриб шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина як рӯз пеш дар Туркия баргузор шуд.
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.