Захарова умедворӣ кард, ки эҳсосоти Байден ҷаҳонро дучори фалокат накунад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкБрифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Обуна шудан
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия изҳороти раисҷумҳури Амрикоро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Русия умедвор аст, ки эҳсосоти раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден ҷаҳонро ба остонаи фалокат қарор намедиҳад.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳори назар кард, менависад РИА "Новости".

"Мехоҳам, изҳори умедворӣ намоям, чунин эҳсосоте, ки изҳороти Байден дар Кохи Сафед ба он нисбат дода шуд, боиси он нахоҳад шуд, ки таҳти таъсири онҳо президенти ИМА кори ҷуброннопазир ва барои тамоми ҷаҳон хатарнок кунад", - афзуд ӯ.

Сухангӯи ВУД қайд намуд, Кохи Сафед ҳамаи гуфтаҳои Байденро ба эҳсосот нисбат медиҳад, вале гуфтаҳои ӯ аллакай аз маҳдудаи ақлу касбият берун рафтаанд.
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Захарова вазъи Зеленскийро "номуътадил" хонд
Ӯ гуфт, коре нашавад, ки ҷаҳон аз сабаби изҳоротҳои эҳсосотии Байден дар остонаи фалокат қарор гирад.
Қаблан сухангӯи Кремл Дмитрий Песков низ суханони Байден дар ҳаққи кишвардори Русия Владимир Путинро нобахшиданӣ гуфта буд.
Байден дар як мусоҳиба Владимир Путинро "ҷинояткори ҷангӣ" номида буд.
Лентаи хабарҳо
0