https://sputnik.tj/20220309/zakharova-vaz-zelenskiy-nomutadil-1046653481.html
Захарова вазъи Зеленскийро "номуътадил" хонд
Захарова вазъи Зеленскийро "номуътадил" хонд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, изҳороти президенти Украинро наметавон ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор дод
2022-03-09T19:10+0500
2022-03-09T19:10+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
мария захарова
владимир зеленский
вазъият
ҳолат
сиёсат
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043265232_0:0:3108:1748_1920x0_80_0_0_1a3ca821f26f781bef0dcd448c69d203.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Вазъи Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина номуътадил аст, изҳор дошт Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия. Ӯ таъкид намуд, ки маҳз ба далели вазъи хоси Зеленский наметавон, изҳороташро дар мавриди узвият ба НАТО ва инчунин Қрим, Донетск ва Луганск ҷиддан ба баррасӣ гирифт. "Шумо худатон дида истодаед, ки ӯ дар ҳолати хосе қарор дорад, вақте назди микрофон меояд. Бояд мутахассисон дигар инро баррасӣ мекунанд. Барои ин амиқ ва ҷиддӣ баррасӣ кардани изҳороташ ғайриимкон менамояд", - гуфт Захарова дар барномаи радиои Sputnik.Вай таъкид намудаст, ки рӯшан аст, ки вазъи Зеленский "номуътадил" аст. Ахиран раисҷумҳури Украина гуфт, дар масъалаи воридшавӣ ба НАТО дилсард шудааст."Дар масъалаи НАТО ман аз дер боз дилсард шудаам, баъди он ки фаҳмидам, омодаи қабули Украина нест. Эътилоф аз мухолифат бо Русия эҳтиёткорӣ мекунад", - иқтибос овардааст РИА "Новости" аз суҳбати Зеленский бо телевизиони АВС.Ӯ ҳамчунин таъкид намудааст, ки Киев "ба зону зада" чизе аз Брюссел наметалабад.Дар посух ба суоле дар мавриди эътирофи Қрим чун ҷузъи Русия ва мустақилияти Донетску Луганск президенти Украина гуфтааст, ки ин масъала бояд баррасӣ шавад."Мо метавонем масоили марбути минтақаҳои муваққатан ишғолшуда ва ҷумҳуриҳои эътирофнашударо баррасӣ намоем ва дар мавриди тақдири ояндаи ин минтақаҳо муросо кунем", - илова намудаст Зеленский.Ӯ таъкид намудааст, ки барояш аз ҳама муҳим зиндагии одамоне дар ин минтақаҳо мебошад, ки мехоҳанд ҷузъи Украина бошанд. Вай бо ҳамин далел масъаларо мураккабтар аз эътирофи одӣ хондааст.Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран изҳор дошт, ки амалиёти низомӣ дар Украина метавонад "дар як лаҳза" қатъ шавад, дар сурате агар Киев шартҳои Маскавро иҷро намояд. Ӯ дар феҳрасти шартҳо эътирофи Қрим чун қаламрави Русия, розигии Киев бо мустақилияти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва сабти мақоми ғайриблокии Украина дар қонунгузориро матраҳ кардааст.
https://sputnik.tj/20220309/maskav-khorijiyon-ishtirokdori-amaliyot-ukraina-1046645620.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043265232_377:0:3108:2048_1920x0_80_0_0_882b43f6f2a007e9aeba9f3dee51aa70.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
захарова, вазъ, номуътадил, зеленский
захарова, вазъ, номуътадил, зеленский
Захарова вазъи Зеленскийро "номуътадил" хонд
19:10 09.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, изҳороти президенти Украинро наметавон ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор дод
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Вазъи Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина номуътадил аст, изҳор дошт Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия.
Ӯ таъкид намуд, ки маҳз ба далели вазъи хоси Зеленский наметавон, изҳороташро дар мавриди узвият ба НАТО ва инчунин Қрим, Донетск ва Луганск ҷиддан ба баррасӣ гирифт.
"Шумо худатон дида истодаед, ки ӯ дар ҳолати хосе қарор дорад, вақте назди микрофон меояд. Бояд мутахассисон дигар инро баррасӣ мекунанд. Барои ин амиқ ва ҷиддӣ баррасӣ кардани изҳороташ ғайриимкон менамояд", - гуфт Захарова дар барномаи радиои Sputnik.
Вай таъкид намудаст, ки рӯшан аст, ки вазъи Зеленский "номуътадил" аст.
"Дар ҳамин ҳолат чӣ мекунаду чӣ мегӯяд, онро наметавон чун баёни мавқеи ҳазмшудаю ташаккулёфта қабул кард", - илова намуд намояндаи расмии ВУХ Русия.
Ахиран раисҷумҳури Украина гуфт, дар масъалаи воридшавӣ ба НАТО дилсард шудааст.
"Дар масъалаи НАТО ман аз дер боз дилсард шудаам, баъди он ки фаҳмидам, омодаи қабули Украина нест. Эътилоф аз мухолифат бо Русия эҳтиёткорӣ мекунад", - иқтибос овардааст РИА "Новости" аз суҳбати Зеленский бо телевизиони АВС.
Ӯ ҳамчунин таъкид намудааст, ки Киев "ба зону зада" чизе аз Брюссел наметалабад.
Дар посух ба суоле дар мавриди эътирофи Қрим чун ҷузъи Русия ва мустақилияти Донетску Луганск президенти Украина гуфтааст, ки ин масъала бояд баррасӣ шавад.
"Мо метавонем масоили марбути минтақаҳои муваққатан ишғолшуда ва ҷумҳуриҳои эътирофнашударо баррасӣ намоем ва дар мавриди тақдири ояндаи ин минтақаҳо муросо кунем", - илова намудаст Зеленский.
Ӯ таъкид намудааст, ки барояш аз ҳама муҳим зиндагии одамоне дар ин минтақаҳо мебошад, ки мехоҳанд ҷузъи Украина бошанд. Вай бо ҳамин далел масъаларо мураккабтар аз эътирофи одӣ хондааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран изҳор дошт, ки амалиёти низомӣ дар Украина метавонад "дар як лаҳза" қатъ шавад, дар сурате агар Киев шартҳои Маскавро иҷро намояд. Ӯ дар феҳрасти шартҳо эътирофи Қрим чун қаламрави Русия, розигии Киев бо мустақилияти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва сабти мақоми ғайриблокии Украина дар қонунгузориро матраҳ кардааст.