https://sputnik.tj/20220329/sayyoh-bonki-rusiya-osiyo-markazi-afzoish-1047163089.html
Сайёҳии "бонкӣ" аз Русия ба Осиёи Марказӣ майли афзоиш дорад
Сайёҳии "бонкӣ" аз Русия ба Осиёи Марказӣ майли афзоиш дорад
Sputnik Тоҷикистон
Сайёҳии ба истилоҳ кортӣ ба кишварҳои моварои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ барои афроде ҷолиб аст, ки талош доранд аз маҳдудиятҳои кортӣ канор монанд
2022-03-29T15:15+0500
2022-03-29T15:15+0500
2022-03-29T17:47+0500
дар русия
бонк
қафқоз
сайёҳӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/13/1043633682_0:287:3131:2048_1920x0_80_0_0_d9cedd0e113ee1dc6f63afe3e33e3118.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Бархе ширкатҳои сайёҳии Русия ба мизоҷонашон саёҳат ба кишварҳои ҳамсоя бо ҳадафи таҳияи корти бонкии маҳаллиро пешниҳод мекунанд. Ин иқдом бо ҳадафи канорагирӣ аз маҳдудиятҳои молии ҷоришуда роҳандозӣ мегардад. Дар ин бора "Ведомости" аз қавли мусоҳибонаш дар се ширкатҳи сайёҳӣ хабар додааст.Таъкид шудааст, ки ин хидматрасонӣ ба мизоҷони мусофир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи моварои Қафқоз пешниҳод мегардад. Ин самти хидматрасонӣ дар ширкатҳои "Интурист", "Русский экспресс" ва "Веди групп" пайдо шудааст, ки бо шариконашон аз минтақаҳои зикршуда дар ҳоли музокирот қарор доранд. Дар баробари ин чунин дархостҳо аз мизоҷонро ширкатҳои дигари сайёҳии Русия ва пойгоҳҳои хидматрасонӣ дастрас кардаанд. Ширкатҳои маҳаллии Осиёи Марказӣ низ ба ҷалби сайёҳон аз Русия оғоз кардаанд. Аз ҷумла бонки қазоқистонӣ мегӯянд, дархостҳо барои ифтитоҳи суратҳисоби бонкӣ аз ҷониби шаҳрвандони Русия афзоиш ёфтаанд. Ширкати сайёҳии қирғизии "Terra Trip" аллакай ба сайёҳати ба истилоҳ кортиро ба ин кишвар роҳандозӣ кардааст. Ин дар ҳолест, қаблан Русия феҳрасти кишварҳоеро мушаххас карда буд, ки дар он ҷо метавон аз корти "Мир" истифода кард. Ба иттилои Бонки марказии Русия, феълан ин рӯйхат шомили 10 кишвари хориҷии дуру наздик, аз ҷумла Тоҷикистон мешавад.Бар асоси тавзеҳоти расмӣ, корти "Мир" ба таври комил танҳо дар шаҳри Душанбе фаъол хоҳад буд."Гирифтани маблағи нақд ё пардохти пул барои мол аз тариқи дастгоҳҳои иштироккунандаҳои низоми пардохтии "Корти миллӣ" ва "Express Pay" дар маркази "Душанбе Сити" имконпазир аст", - изҳор дошт Бонки марказӣ.Инчунин корти мазкур дар бархе низомҳои пардохтии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил ва Туркияю Ветнам фаъол мебошад.
https://sputnik.tj/20220318/bonki-rusiya-korti-mir-tojikiston-1046893192.html
қафқоз
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/13/1043633682_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e438e550d1ed9cc1cf5fa58ea0f2eb32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, сайёҳӣ, бонкӣ, русия, осиёи марказӣ
афзоиш, сайёҳӣ, бонкӣ, русия, осиёи марказӣ
Сайёҳии "бонкӣ" аз Русия ба Осиёи Марказӣ майли афзоиш дорад
15:15 29.03.2022 (Навсозишуда: 17:47 29.03.2022) Сайёҳии ба истилоҳ кортӣ ба кишварҳои моварои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ барои афроде ҷолиб аст, ки талош мекунанд, аз маҳдудиятҳои кортӣ канор монанд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Бархе ширкатҳои сайёҳии Русия ба мизоҷонашон саёҳат ба кишварҳои ҳамсоя бо ҳадафи таҳияи корти бонкии маҳаллиро пешниҳод мекунанд. Ин иқдом бо ҳадафи канорагирӣ аз маҳдудиятҳои молии ҷоришуда роҳандозӣ мегардад.
Дар ин бора "Ведомости" аз қавли мусоҳибонаш дар се ширкатҳи сайёҳӣ хабар додааст.
Таъкид шудааст, ки ин хидматрасонӣ ба мизоҷони мусофир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи моварои Қафқоз пешниҳод мегардад. Ин самти хидматрасонӣ дар ширкатҳои "Интурист", "Русский экспресс" ва "Веди групп" пайдо шудааст, ки бо шариконашон аз минтақаҳои зикршуда дар ҳоли музокирот қарор доранд.
Дар баробари ин чунин дархостҳо аз мизоҷонро ширкатҳои дигари сайёҳии Русия ва пойгоҳҳои хидматрасонӣ дастрас кардаанд.
Ширкатҳои маҳаллии Осиёи Марказӣ низ ба ҷалби сайёҳон аз Русия оғоз кардаанд. Аз ҷумла бонки қазоқистонӣ мегӯянд, дархостҳо барои ифтитоҳи суратҳисоби бонкӣ аз ҷониби шаҳрвандони Русия афзоиш ёфтаанд.
Ширкати сайёҳии қирғизии "Terra Trip" аллакай ба сайёҳати ба истилоҳ кортиро ба ин кишвар роҳандозӣ кардааст.
Ин дар ҳолест, қаблан Русия феҳрасти кишварҳоеро мушаххас карда буд, ки дар он ҷо метавон аз корти "Мир" истифода кард. Ба иттилои Бонки марказии Русия, феълан ин рӯйхат шомили 10 кишвари хориҷии дуру наздик, аз ҷумла Тоҷикистон мешавад.
Бар асоси тавзеҳоти расмӣ, корти "Мир" ба таври комил танҳо дар шаҳри Душанбе фаъол хоҳад буд.
"Гирифтани маблағи нақд ё пардохти пул барои мол аз тариқи дастгоҳҳои иштироккунандаҳои низоми пардохтии "Корти миллӣ" ва "Express Pay" дар маркази "Душанбе Сити" имконпазир аст", - изҳор дошт Бонки марказӣ.
Инчунин корти мазкур дар бархе низомҳои пардохтии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил ва Туркияю Ветнам фаъол мебошад.