https://sputnik.tj/20220318/bonki-rusiya-korti-mir-tojikiston-1046893192.html
Тавзеҳи Бонки марказии Русия дар бораи истифода аз корти "Мир" дар Тоҷикистон
Тавзеҳи Бонки марказии Русия дар бораи истифода аз корти "Мир" дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бонки марказии Русия варақаи тавзеҳотӣ дар бораи тарзи истифодаи низоми пардохтии кишвар дар хориҷаро таҳия кардаст
2022-03-18T13:05+0500
2022-03-18T13:05+0500
2022-03-18T18:18+0500
дар русия
иқтисод
бонк
низом
пардохт
корт
идм
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/12/1046889738_0:317:3077:2048_1920x0_80_0_0_cac9b78ee9b6ee6fe10725d9c62979a0.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Русия феҳрати кишварҳоеро мушаххас кард, ки дар он ҷо метавон аз корти "Мир" истифода кард. Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, феълан ин рӯйхат шомили 10 кишвари хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Тоҷикистон мешавад. Бар асоси тавзеҳоти расмӣ, корти "Мир" ба таври комил танҳо дар шаҳри Душанбе фаъол хоҳад буд. Ин амалиёт дар Ӯзбекистон аз тариқи иштирокдори низоми пардохтии UZCARD, дар Қазоқистон аз тариқи дастгоҳҳои бонкҳои "ВТБ", "Сбербонк", Бонки халқии Қазоқистон ва "Сентр-Кредит" имкон дорад. Ин имконият дар Қирғизистон аз тариқи иштирокдорони низоми пардохтии "ЭЛКАРТ", дар Арманистон аз тариқи "ArCa" ва Беларус аз тариқи "БЕЛКАРТ" фароҳам мебошад. Корти Русияро дар Бонки марказии Осетияи Ҷанубӣ ва дар Абахзистон аз тариқи АПРА метавон кор бурд. Дар баробари кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил амалиёт бо корти "Мир" инчунин дар Туркия аз тариқи дастгоҳҳои бонкии "Turkiye Is Bankasi", "Ziraat Bankasi", "VakifBank" ва дар Ветнам аз тариқи низоми пардохтии NAPAS - бонкҳои BIDV ва VRB дастрас мебошад.
https://sputnik.tj/20220311/kreml-iqtisodi-rusiya-kasod-1046721420.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/12/1046889738_346:0:3077:2048_1920x0_80_0_0_c4f4062b12977f6abef15b7f5a73b015.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавзеҳ, тарз, корт, бонк, мир, тоҷикистон
тавзеҳ, тарз, корт, бонк, мир, тоҷикистон
Тавзеҳи Бонки марказии Русия дар бораи истифода аз корти "Мир" дар Тоҷикистон
13:05 18.03.2022 (Навсозишуда: 18:18 18.03.2022) Бонки марказии Русия варақаи тавзеҳотӣ дар бораи тарзи истифодаи як низоми пардохтии ин кишвар дар хориҷаро таҳия кардаст
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Русия феҳрати кишварҳоеро мушаххас кард, ки дар он ҷо метавон аз корти "Мир" истифода кард.
Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, феълан ин рӯйхат шомили 10 кишвари хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Тоҷикистон мешавад.
Бар асоси тавзеҳоти расмӣ, корти "Мир" ба таври комил танҳо дар шаҳри Душанбе фаъол хоҳад буд.
"Гирифтани маблағи нақд ё пардохти пул барои мол аз тариқи дастгоҳҳои иштироккунандаҳои низоми пардохтӣ "Корти миллӣ" ва "Express Pay" дар маркази "Душанбе Сити" имконпазир аст", - изҳор дошт Бонки марказӣ.
Ин амалиёт дар Ӯзбекистон аз тариқи иштирокдори низоми пардохтии UZCARD, дар Қазоқистон аз тариқи дастгоҳҳои бонкҳои "ВТБ", "Сбербонк", Бонки халқии Қазоқистон ва "Сентр-Кредит" имкон дорад.
Ин имконият дар Қирғизистон аз тариқи иштирокдорони низоми пардохтии "ЭЛКАРТ", дар Арманистон аз тариқи "ArCa" ва Беларус аз тариқи "БЕЛКАРТ" фароҳам мебошад. Корти Русияро дар Бонки марказии Осетияи Ҷанубӣ ва дар Абахзистон аз тариқи АПРА метавон кор бурд.
Дар баробари кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил амалиёт бо корти "Мир" инчунин дар Туркия аз тариқи дастгоҳҳои бонкии "Turkiye Is Bankasi", "Ziraat Bankasi", "VakifBank" ва дар Ветнам аз тариқи низоми пардохтии NAPAS - бонкҳои BIDV ва VRB дастрас мебошад.