https://sputnik.tj/20220325/rubl-dollar-evro-qurb-asor-somoni-tojikiston-1047055091.html
Аз рублу доллар то евро: эълони қурби асъор нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон
Аз рублу доллар то евро: эълони қурби асъор нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши рубли русӣ дар бозори ғайринақдӣ бетағйир монда, дар бозори нақдӣ каме болотар аст
2022-03-25T09:38+0500
2022-03-25T09:38+0500
2022-03-25T12:58+0500
бонки миллӣ
дар тоҷикистон
қурби асъор
иқтисод
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032620446_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_0901f7e0a7a21678f6a84490858ca624.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурбъи асъори хориҷиро дар бозори ғайринақдии кишвар бетағйир гузошта, нишондоди ду рӯзи қаблро нигоҳ доштааст.Бар асоси иттилои сомонаи Бонки миллӣ, қурби рубл ҳамоно 0,124 сомонӣ, евро 14,2832 ва доллар 12,96 сомонӣ мебошад.Дар ҳамин ҳол қурби рубл дар бонкҳои тиҷорӣ, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон бо ин асъор маош мегиранду бо он ба Ватан маблағ интиқол медиҳанд, каме боло рафтааст.Танҳо дар "Ориёнбонк" арзиш бетағйир буда, ин бонк барои ҳазор рубл зимни харид ҳамоно 115 сомонӣ ва зимни фурӯш 135 сомонӣ нарх муқаррар кардааст. Ин поинтарин нишондод зимни харид ва баландтарин зимни фурӯш миёни бонкҳои тиҷории кишвар мебошад.Дар "Спитаменбонк", ҳазор рубл феълан зимни харид 126,7 сомонӣ ва зимни фурӯш 126 сомониро ташкил медиҳад.Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 126,7 ва 128,7 сомонӣ муайян намудааст. Рӯзи гузашта дар ин бонк бар ивази 1000 рубл 132 сомонӣ медоданд."Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 125 сомонӣ мехараду ба ивази 132 сомонӣ мефурӯшад. Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошанд.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220310/bonki-milli-guft-charo-qurbi-dollar-dar--tojikiston-yakbora-garon-shud-1046664074.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032620446_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_ea021e1ed8a633a8222be289891f2a00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл доллар евро сомонӣ тоҷикистон
рубл доллар евро сомонӣ тоҷикистон
Аз рублу доллар то евро: эълони қурби асъор нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон
09:38 25.03.2022 (Навсозишуда: 12:58 25.03.2022) Арзиши рубли русӣ дар бозори ғайринақдӣ бетағйир монда, дар бозори нақдӣ каме бештар аз он аст
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурбъи асъори хориҷиро дар бозори ғайринақдии кишвар бетағйир гузошта, нишондоди ду рӯзи қаблро нигоҳ доштааст.
Бар асоси иттилои сомонаи Бонки миллӣ, қурби рубл ҳамоно 0,124 сомонӣ, евро 14,2832 ва доллар 12,96 сомонӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол қурби рубл дар бонкҳои тиҷорӣ, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон бо ин асъор маош мегиранду бо он ба Ватан маблағ интиқол медиҳанд, каме боло рафтааст.
Танҳо дар "Ориёнбонк" арзиш бетағйир буда, ин бонк барои ҳазор рубл зимни харид ҳамоно 115 сомонӣ ва зимни фурӯш 135 сомонӣ нарх муқаррар кардааст. Ин поинтарин нишондод зимни харид ва баландтарин зимни фурӯш миёни бонкҳои тиҷории кишвар мебошад.
Дар "Спитаменбонк", ҳазор рубл феълан зимни харид 126,7 сомонӣ ва зимни фурӯш 126 сомониро ташкил медиҳад.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 126,7 ва 128,7 сомонӣ муайян намудааст. Рӯзи гузашта дар ин бонк бар ивази 1000 рубл 132 сомонӣ медоданд.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 125 сомонӣ мехараду ба ивази 132 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошанд.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.