https://sputnik.tj/20220310/bonki-milli-guft-charo-qurbi-dollar-dar--tojikiston-yakbora-garon-shud-1046664074.html
Бонки миллӣ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарон шуд
Бонки миллӣ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Боло бурдани қимати доллар нисбат ба сомониро ниҳоди танзимкунандаи асъор дар Тоҷикистон ба лапишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ рабт дод
2022-03-10T10:30+0500
2022-03-10T10:30+0500
2022-03-10T13:09+0500
бонки миллӣ
қурби асъор
доллар
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/29/1030622906_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_c52e74b2ac92faed885a643210f4b9cf.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар– Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ боло бурдани қимати доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ шарҳ дод.Ин ниҳод мегӯяд, вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор бо лаппишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ дучор гардида, чунин ҳолат дар аксари кишварҳои шарикони асосии савдои Тоҷикистон низ ба назар мерасад.Маҳз дар ҳамин рӯз дар кишвар 1 доллар ба 13 сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба арзиши қаблӣ 1,7 сомонӣ гарон шуд.Тибқи иттилои БМТ, сабабҳои асосии зиёд шудани фарқи байни қурби расмии доллари ИМА нисабти пули миллӣ ва фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрирасмӣ ин зиёд шудани талабот ба доллари ИМА, коҳиш ёфтани пешниҳоди асъор дар бозори байнибонкӣ, зиёд гардидани талабот ба асъори хориҷӣ аз ҷониби воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия, коҳиш ёфтани вуруди интиқолҳои пулӣ, боқӣ мондани тавозуни манфии савдои кишвар ва дигар омилҳо мебошанд."БМТ бо мақсади коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор, пешгирӣ намудани лаппишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ ва фарқи зиёди байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро дар санаи 9 марти соли 2022 анҷом дод",- афзуд манбаъ.Гуфта мешавад, ки фишангҳои самараноки сиёсати қурбии БМТ имкон медиҳанд, ки норасоии пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор бартараф карда шуда, ба воситаи ташкилотҳои қарзии молӣ талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия қонеъ гардонида шавад.Ҳамзамон ин тасмим воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишварро таъмин намуда, манфиати интиқолгирандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя мекунад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрирасмӣ маҳдуд хоҳад кард, афзудааст манбаъ.Ин ниҳоди танзимкунандаи асъор гуфтааст, ки вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва танзим қарор медиҳад, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода хоҳад бурд.
https://sputnik.tj/20220309/qurb-dollar-tojikiston-bolo-1046632048.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/29/1030622906_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_deec2bf2f2517b155cc1792615bde66a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонки миллӣ қурб доллар тоҷикистон
бонки миллӣ қурб доллар тоҷикистон
Бонки миллӣ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарон шуд
10:30 10.03.2022 (Навсозишуда: 13:09 10.03.2022) Боло бурдани қимати доллар нисбат ба сомониро ниҳоди танзимкунандаи асъор дар Тоҷикистон ба лаппишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ рабт дод
ДУШАНБЕ, 10 мар– Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ боло бурдани қимати доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ шарҳ дод.
Ин ниҳод мегӯяд, вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор бо лаппишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ дучор гардида, чунин ҳолат дар аксари кишварҳои шарикони асосии савдои Тоҷикистон низ ба назар мерасад.
"Аз аввали соли 2022 қурби расмии доллари ИМА нисбат ба пули миллӣ дар сатҳи 11,30 сомонӣ боқӣ монда, аз санаи 8.03.2022 фарқият байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрирасмӣ то ба 15,9 фоиз мушоҳида гардид",- афзуд манбаъ.
Маҳз дар ҳамин рӯз дар кишвар 1 доллар ба 13 сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба арзиши қаблӣ 1,7 сомонӣ гарон шуд.
Тибқи иттилои БМТ, сабабҳои асосии зиёд шудани фарқи байни қурби расмии доллари ИМА нисабти пули миллӣ ва фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрирасмӣ ин зиёд шудани талабот ба доллари ИМА, коҳиш ёфтани пешниҳоди асъор дар бозори байнибонкӣ, зиёд гардидани талабот ба асъори хориҷӣ аз ҷониби воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия, коҳиш ёфтани вуруди интиқолҳои пулӣ, боқӣ мондани тавозуни манфии савдои кишвар ва дигар омилҳо мебошанд.
"БМТ бо мақсади коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор, пешгирӣ намудани лаппишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ ва фарқи зиёди байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро дар санаи 9 марти соли 2022 анҷом дод",- афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки фишангҳои самараноки сиёсати қурбии БМТ имкон медиҳанд, ки норасоии пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор бартараф карда шуда, ба воситаи ташкилотҳои қарзии молӣ талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия қонеъ гардонида шавад.
Ҳамзамон ин тасмим воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишварро таъмин намуда, манфиати интиқолгирандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя мекунад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрирасмӣ маҳдуд хоҳад кард, афзудааст манбаъ.
Ин ниҳоди танзимкунандаи асъор гуфтааст, ки вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва танзим қарор медиҳад, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода хоҳад бурд.