https://sputnik.tj/20220325/iqtisoddon-nuqta-oghoz-marg-dollar-oshkor-1047055654.html
Иқтисоддон нуқтаи оғози "марг"-и долларро ошкор кард
Иқтисоддон нуқтаи оғози "марг"-и долларро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Замони зиёде бар поёни ҳокимияти доллар дар арсаи ҷаҳонӣ боқӣ намондааст: бисёр кишварҳо аллакай дар самти даст кашидан аз асъор қадамҳои қатъӣ гузоштаанд
2022-03-25T09:57+0500
2022-03-25T09:57+0500
2022-03-25T13:01+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
доллар
евро
рубл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Доллар тадриҷан мавқеи пешсафии худро аз даст медиҳад, аммо дар бораи суқути пули Амрико ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст. Дар ин бора Григорий Сосновский, директори шабакаи минтақавии кор бо муштариёни сарватманди ширкати "Ҷаҳони сармоя" дар суҳбат бо агентии "Прайм" хабар дод. Ба гуфтаи коршинос, ба далели дороиҳо бо пули Амрико кишварҳое, ки ба мавқеи Вашингтон шарик нестанд, аз ҳамёнҳои худ метарсанд. Масалан, Чин 1 триллион доллар захираи асъор дорад. Инчунин ба пули амрикоӣ 60% захираҳои ҷаҳон вобастаанд. Ҳамзамон аксари муомилот дар бозори асъор бо шарикии доллар сурат мегирад, таъкид кард Сосновский. Бисёр давлатҳо муддатҳост, ки роҳҳои дур шудан аз ин асъорро меҷӯянд. Ҳоло усули кишварҳо ба "шабакаи бехатарӣ ва роҳи алтернативӣ" монанд аст. Яке аз қадамҳои қатъӣ барои дур шудан аз доллар қаблан аз ҷониби Федератсияи Русия гирифта шуда буд.Ба андозаи бештар ин тадбир ба евро таъсир мерасонад. Аммо ин аз ташаббуси аввалини Маскав, ки мақсад аз он даст кашидан аз асъори америкоӣ мебошад, дур аст. Аз ин рӯ гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл як қарори мувофиқ ба назар мерасад, таъкид кард Сосновский.Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки Федератсияи Русия пардохт барои интиқоли сӯзишворӣ бо асъори созишшуда, аз ҷумла доллар ва евроро қабул намекунад. Дар айни замон ин маъное надорад.Раҳбари Русия ба Бонки марказӣ ва Девони Вазирон дастур дод, ки дар давоми як ҳафта тартиби муомилот бо рубл бо Аврупоро муайян кунанд. Дар баробари ин Маскав иҷрои қарордодҳои қаблан имзошударо идома медиҳад ва аз уҳдадориҳои худ дар назди муштариён даст намекашад.
https://sputnik.tj/20220323/putin-avrupo-pul-gaz-rusiya-rubl-1047022049.html
https://sputnik.tj/20220323/kharidufurushi-naft-rubl-1047027359.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисоддон "марг" доллар рубл евро
иқтисоддон "марг" доллар рубл евро
Иқтисоддон нуқтаи оғози "марг"-и долларро ошкор кард
09:57 25.03.2022 (Навсозишуда: 13:01 25.03.2022) Замони зиёде бар поёни ҳокимияти доллар дар арсаи ҷаҳонӣ боқӣ намондааст: бисёре аз кишварҳо аллакай дар самти даст кашидан аз ин асъор қадамҳои қатъӣ гузоштаанд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Доллар тадриҷан мавқеи пешсафии худро аз даст медиҳад, аммо дар бораи суқути пули Амрико ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст. Дар ин бора Григорий Сосновский, директори шабакаи минтақавии кор бо муштариёни сарватманди ширкати "Ҷаҳони сармоя" дар суҳбат бо агентии "Прайм" хабар дод.
Ба гуфтаи коршинос, ба далели дороиҳо бо пули Амрико кишварҳое, ки ба мавқеи Вашингтон шарик нестанд, аз ҳамёнҳои худ метарсанд. Масалан, Чин 1 триллион доллар захираи асъор дорад.
Инчунин ба пули амрикоӣ 60% захираҳои ҷаҳон вобастаанд. Ҳамзамон аксари муомилот дар бозори асъор бо шарикии доллар сурат мегирад, таъкид кард Сосновский.
Бисёр давлатҳо муддатҳост, ки роҳҳои дур шудан аз ин асъорро меҷӯянд. Ҳоло усули кишварҳо ба "шабакаи бехатарӣ ва роҳи алтернативӣ" монанд аст.
Яке аз қадамҳои қатъӣ барои дур шудан аз доллар қаблан аз ҷониби Федератсияи Русия гирифта шуда буд.
"Даст кашидан аз пардохт бо евро ва доллар барои газ як ташаббуси далерона ва сахтгир аст", - қайд кард коршинос.
Ба андозаи бештар ин тадбир ба евро таъсир мерасонад. Аммо ин аз ташаббуси аввалини Маскав, ки мақсад аз он даст кашидан аз асъори америкоӣ мебошад, дур аст. Аз ин рӯ гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл як қарори мувофиқ ба назар мерасад, таъкид кард Сосновский.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки Федератсияи Русия пардохт барои интиқоли сӯзишворӣ бо асъори созишшуда, аз ҷумла доллар ва евроро қабул намекунад. Дар айни замон ин маъное надорад.
Раҳбари Русия ба Бонки марказӣ ва Девони Вазирон дастур дод, ки дар давоми як ҳафта тартиби муомилот бо рубл бо Аврупоро муайян кунанд.
Дар баробари ин Маскав иҷрои қарордодҳои қаблан имзошударо идома медиҳад ва аз уҳдадориҳои худ дар назди муштариён даст намекашад.