https://sputnik.tj/20220324/maqomoti-ukraina-amriko-avrupo-kafolati-amniyat-1047039654.html
Мақомоти Украина бо Амрико ва Аврупо дар бораи кафолати амниятӣ гуфтугӯ доранд
Мақомоти Украина бо Амрико ва Аврупо дар бораи кафолати амниятӣ гуфтугӯ доранд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Украина бо чандин кишвари ғарбӣ дар бораи кафолати амниятӣ гуфтугӯ доранд
2022-03-24T15:00+0500
2022-03-24T15:00+0500
2023-10-02T17:10+0500
аврупо
има
амрико
кафолат
амнияти миллӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/10/1032636445_0:0:3059:1720_1920x0_80_0_0_6421e25a388ba302063b65a2e669b9c0.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина гуфт, ки Киев бо Амрико, Бритониё, Олмон, Фаронса ва Туркия дар бораи кафолати амниятӣ музокира мекунад.“Бале, мо бо ИМА, Бритониё, Олмон, Фаронса ва Туркия дар бораи иштироки эҳтимолии онҳо дар додани кафолати амниятӣ музокира карда истодаем. Онҳо дар робита ба ин иқдом назари мусбат доранд. Ҳарчанд ин мавзуъ то ҳол баррасӣ мешавад, аммо ман аз назари ибтидоии онҳо хушҳолам. Ин ягона масъалаест, ки мо бо онҳо гуфтугӯ мекунем. Масъалаҳои боқимонда, ҷузъи музокироти миёни Русия ва Украина мебошанд”, - гуфт Кулеба дар мусоҳиба бо рӯзномаи испании "Pais".Кулеба дар бораи чӣ гуна таҳкими равобити Украина бо НАТО ва ИА гуфт, ки тайи даҳ рӯзи охир вай коҳиши раванди тасмимгириҳои Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди Русияро мушоҳида кардааст.Ҳамзамон вай қайд кард, ки айни замон вазъ бо НАТО аз ин хам душвортар аст, зеро ин созмон боэҳтиёт амал мекунад. Вай афзуд, Киев бештар бо шарикони худ ҳамкории дуҷонибаро бартарият додааст, аз он ки ҳамкории кулли бо НАТО дошта бошад.Кулеба гуфт, шаҳрвандони Украина аз НАТО ноумед шудаанд.Вай гуфт, "андеша буд, ки НАТО қавӣ ва Иттиҳодияи Аврупо заъиф аст" ва афзуд, ки ҳаводиси ахир дар Украина акси онро собит кард. Дар ҳамин ҳол вазири умури хориҷии Украина қайд кард, ки агар ИА ба ҷустуҷӯи беохири ризоият баргардад, украиниҳо низ аз он ноумед мешаванд.Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20220324/ima-arabistoni-saudi-dastgiri-rusiya-mujozot-1047038621.html
https://sputnik.tj/20220324/novak-avrupo-ivazkunanda-gaz-rusiya-1047030845.html
аврупо
има
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/10/1032636445_18:0:2749:2048_1920x0_80_0_0_c83a7efda7faa1885c6c786624fe188b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, аврупо, има, амрико, кафолати амниятӣ, гуфтугӯ
украина, аврупо, има, амрико, кафолати амниятӣ, гуфтугӯ
Мақомоти Украина бо Амрико ва Аврупо дар бораи кафолати амниятӣ гуфтугӯ доранд
15:00 24.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Мақомоти Украина бо чандин кишвари ғарбӣ дар бораи кафолати амниятӣ дар ҳоли музокира ҳастанд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина гуфт, ки Киев бо Амрико, Бритониё, Олмон, Фаронса ва Туркия дар бораи кафолати амниятӣ музокира мекунад.
“Бале, мо бо ИМА, Бритониё, Олмон, Фаронса ва Туркия дар бораи иштироки эҳтимолии онҳо дар додани кафолати амниятӣ музокира карда истодаем. Онҳо дар робита ба ин иқдом назари мусбат доранд. Ҳарчанд ин мавзуъ то ҳол баррасӣ мешавад, аммо ман аз назари ибтидоии онҳо хушҳолам. Ин ягона масъалаест, ки мо бо онҳо гуфтугӯ мекунем. Масъалаҳои боқимонда, ҷузъи музокироти миёни Русия ва Украина мебошанд”, - гуфт Кулеба дар мусоҳиба бо рӯзномаи испании "Pais".
Кулеба дар бораи чӣ гуна таҳкими равобити Украина бо НАТО ва ИА гуфт, ки тайи даҳ рӯзи охир вай коҳиши раванди тасмимгириҳои Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди Русияро мушоҳида кардааст.
Ҳамзамон вай қайд кард, ки айни замон вазъ бо НАТО аз ин хам душвортар аст, зеро ин созмон боэҳтиёт амал мекунад. Вай афзуд, Киев бештар бо шарикони худ ҳамкории дуҷонибаро бартарият додааст, аз он ки ҳамкории кулли бо НАТО дошта бошад.
Кулеба гуфт, шаҳрвандони Украина аз НАТО ноумед шудаанд.
Вай гуфт, "андеша буд, ки НАТО қавӣ ва Иттиҳодияи Аврупо заъиф аст" ва афзуд, ки ҳаводиси ахир дар Украина акси онро собит кард. Дар ҳамин ҳол вазири умури хориҷии Украина қайд кард, ки агар ИА ба ҷустуҷӯи беохири ризоият баргардад, украиниҳо низ аз он ноумед мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.