Мизони гирифторӣ ба COVID-19 дар Русия 35 дарсад коҳиш ёфт

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкЛечение больных Covid-19 в ККБ №2 Краснодара
Лечение больных Covid-19 в ККБ №2 Краснодара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Нишондиҳандаҳои сироят ба COVID-19 дар Русия дар як ҳафтаи ахир 35 дарсад коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии коронавирус хабар дод, ки мизони гирифторӣ ба COVID-19 ба 100 ҳазор аҳолӣ дар Русия дар як ҳафта 35 дарсад коҳиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки нишондиҳанда 160,25-ро ташкил додааст.
Дар чаҳор минтақа мизони гирифторӣ ба ин беморӣ афзоиш ёфтааст, бахусус гирифторӣ ба корона дар се вилоят дар қиёс ба мизони миёнгини гирифторӣ ба ин беморӣ дар тамоми кишвар бештар аст.
"Меъёри бистари шудани сокинон дар як ҳафтаи охир ба 100 ҳазор аҳолӣ 22,5 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳафтаи қаблӣ 9,6 дарсад кам аст", - афзуд ситоди марказӣ.
ВОЗ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи авҷи дубораи коронавирус
Афзоиши шумори гирифторон дар 23 минтақа, бахусус дар 20 минтақа дар қиёс ба шумори миёнгини гирифторӣ ба ин беморӣ бештар аст.
Дар як шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 28 709 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 409 нафар аз онҳо фавтидаанд. 2187 нафар бемор бистарӣ шуда, 61938 нафари дигар шифо ёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0