Ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи авҷи дубораи коронавирус

© Sputnik / Алексей ВитвицкийВОЗ
ВОЗ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт иддао дорад, ки омори ҷаҳонии мубталоён ба КОВИД-19 афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳушдор дод, рафъи маҳдудиятҳои иҷтимоӣ, коҳиши риояти беҳдошти умумӣ ва нархи поини ваксинатсия боиси афзоиши омори ҷаҳонии мубталоён ба КОВИД-19 шудааст, иттилоъ додааст "news.un".
Тедрос Аданом, раиси ин созмон гуфт, "бо вуҷуди коҳиши озмоишҳо шоҳиди афзоиши мавориди ибтило дар бархе аз кишварҳо ҳастем".
Вай гуфт, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки омори гирифторон танҳо саҳми ночизе аз воқеиятро мунъакис мекунад.
Мақомҳои ин созмон гуфтаанд, нархи поини ваксинатсия ношӣ аз ҳаҷми фаровони иттилооти дурӯғ дар бархе аз кишварҳо низ ба рушди дубораи корона кумак кардааст.
Музей Гиссарского заповедника - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
“Марг”-и коронавирус гардишгариро дар Тоҷикистон умри дубора мебахшад?
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт зери навъи BA.2 омикронро муассиртарин навъ аз ибтидои шуюи корона то кунун медонад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълом кард, ки шавоҳиде бар шиддати бештари бемории ношӣ аз ибтило ба ин навъ дида нашуда ва дахолати навъҳои дигар дар авҷгирии мавҷи ҷадиди коронавирус низ собит нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0