https://sputnik.tj/20220320/kishti-pakhta-iftitohi-bonohoi-nav-rahmon-levakantu-kushoniyon-1046942588.html
Аз оғози кишти пахта то ифтитоҳи биноҳои нав: сафари кории Раҳмон ба Леваканту Кӯшониён
Аз оғози кишти пахта то ифтитоҳи биноҳои нав: сафари кории Раҳмон ба Леваканту Кӯшониён
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва Кушониёни вилояти Хатлон чандин иншооти навро ифтитоҳ карду ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшид
2022-03-20T19:00+0500
2022-03-20T19:00+0500
2022-03-21T12:13+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
кишти пахта
ифтитоҳ
бино
леваканд
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/14/1046942561_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_23cfcd66be1a37763490ac2c8e07d11c.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар кооперативи тиҷоратии “Боҳтуробод”-и шаҳри Левакант ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии президенти кишвар.Қайд карда шудааст, ки кооперативи тиҷоратии тухмипарварии “Боҳтуробод” дар ҳудуди деҳоти “Гулистон” аз хоҷагиҳои калонтарин ва серсоҳа маҳсуб ёфта, ҳамасола дар он дар майдони умумии 244 гектар пахта, сабзавот, аз ҷумла картошкаву пиёз, ҷуворимакка ва ғалладона кишт карда мешавад.Таъкид шудааст, ки қабл аз оғози мавсими кишти баҳории пунбадона Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи тухмии зироатҳо, кӯчати помидору бодиринг, сабзавоти тару тоза, гулҳои гуногун ва ғалладонагӣ шинос шуда, доир ба вусъат бахшидани мавсими кишти имсола дастуру супоришҳо дод.Баъд аз боздиди намоишгоҳ раисҷумҳури Тоҷикистон бо ниятҳои накӯи фаровонии ҳосил ба кишти пунбадона ва мавсими киштукори баҳорӣ оғоз бахшид.Сипас роҳбариТоҷикистон ба сӯйи ноҳияи Кушониён равон шуд.Дар ноҳияи Кӯшониён президенти Тоҷикистон аз хоҷагии деҳқонии “Хурсандӣ-2” боздид кард ва барои бунёди тутзор дарахт шинонданд.Ҳамзамон дар ноҳияи Кӯшониён раисҷумҳури Тоҷикистон Маркази таълимӣ-фароғатии кӯдаконро бо номи “Зарринтоҷ”-ро ифтитоҳ кард.Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази таълимии навбунёд аз 3 ошёна иборат буда, дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад, ки то 200 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.Маркази таълимӣ аз тарафи соҳибкор Сафар Ҳалимов дар мудати 3 сол бо риояи талаботи сохтмонӣ ва шакли зебову замонавӣ бунёд шудааст.Инчунин тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯшониён бинои баландошёнаи истиқоматиеро, ки аз 7 ошёна иборат мебошад, ба истифода дод.Бояд қайд кард, ки Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба ду оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои навро тақдим кард.Ҳамзамон дар ошёнаи якуми ин бинои нави истиқоматӣ президенти кишвар бо 150 нафар ятиму бепарастор, ки аз 5 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳам омада буданд, суҳбату мулоқоти карда, барои онҳо дастархони идонаи наврӯзӣ орост.Эмомалӣ Раҳмон ҳама кӯдаконро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои арзанда тақдим намуданд.Гуфта мешавад, туҳфаҳо, ки аз сарулибос ва ширинӣ иборат буданд, боиси хушҳолии кӯдакон гардиданд.Дар ҳамин ҷо ба роҳбари кишвар лоиҳаи сохтмони бинои нави 9-ошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиршавии марказҳои савдову хидматрасонӣ дар ошёнаи аввал, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Давлатов сохта мешавад, муаррифӣ гардид.
https://sputnik.tj/20220320/payom-shodbosh-kishvardor-emomali-rahmon-1046938823.html
https://sputnik.tj/20220320/rahmon-levakant-agregator-sarband-kor-darovard-1046934296.html
леваканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/14/1046942561_14:0:923:682_1920x0_80_0_0_5586edbf07d6e41e4d89c416bce22090.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, ифтитоҳ, бино, сафар, кишти пахта
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, ифтитоҳ, бино, сафар, кишти пахта
Аз оғози кишти пахта то ифтитоҳи биноҳои нав: сафари кории Раҳмон ба Леваканту Кӯшониён
19:00 20.03.2022 (Навсозишуда: 12:13 21.03.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва Кӯшониёни вилояти Хатлон чандин бинои навро ифтитоҳ карду ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшид
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар кооперативи тиҷоратии “Боҳтуробод”-и шаҳри Левакант ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии президенти кишвар.
Қайд карда шудааст, ки кооперативи тиҷоратии тухмипарварии “Боҳтуробод” дар ҳудуди деҳоти “Гулистон” аз хоҷагиҳои калонтарин ва серсоҳа маҳсуб ёфта, ҳамасола дар он дар майдони умумии 244 гектар пахта, сабзавот, аз ҷумла картошкаву пиёз, ҷуворимакка ва ғалладона кишт карда мешавад.
Таъкид шудааст, ки қабл аз оғози мавсими кишти баҳории пунбадона Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи тухмии зироатҳо, кӯчати помидору бодиринг, сабзавоти тару тоза, гулҳои гуногун ва ғалладонагӣ шинос шуда, доир ба вусъат бахшидани мавсими кишти имсола дастуру супоришҳо дод.
Баъд аз боздиди намоишгоҳ раисҷумҳури Тоҷикистон бо ниятҳои накӯи фаровонии ҳосил ба кишти пунбадона ва мавсими киштукори баҳорӣ оғоз бахшид.
Сипас роҳбариТоҷикистон ба сӯйи ноҳияи Кушониён равон шуд.
Дар ноҳияи Кӯшониён президенти Тоҷикистон аз хоҷагии деҳқонии “Хурсандӣ-2” боздид кард ва барои бунёди тутзор дарахт шинонданд.
Ҳамзамон дар ноҳияи Кӯшониён раисҷумҳури Тоҷикистон Маркази таълимӣ-фароғатии кӯдаконро бо номи “Зарринтоҷ”-ро ифтитоҳ кард.
Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази таълимии навбунёд аз 3 ошёна иборат буда, дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад, ки то 200 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Маркази таълимӣ аз тарафи соҳибкор Сафар Ҳалимов дар мудати 3 сол бо риояи талаботи сохтмонӣ ва шакли зебову замонавӣ бунёд шудааст.
Инчунин тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯшониён бинои баландошёнаи истиқоматиеро, ки аз 7 ошёна иборат мебошад, ба истифода дод.
Бояд қайд кард, ки Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба ду оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои навро тақдим кард.
Ҳамзамон дар ошёнаи якуми ин бинои нави истиқоматӣ президенти кишвар бо 150 нафар ятиму бепарастор, ки аз 5 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳам омада буданд, суҳбату мулоқоти карда, барои онҳо дастархони идонаи наврӯзӣ орост.
Эмомалӣ Раҳмон ҳама кӯдаконро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои арзанда тақдим намуданд.
Гуфта мешавад, туҳфаҳо, ки аз сарулибос ва ширинӣ иборат буданд, боиси хушҳолии кӯдакон гардиданд.
Дар ҳамин ҷо ба роҳбари кишвар лоиҳаи сохтмони бинои нави 9-ошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиршавии марказҳои савдову хидматрасонӣ дар ошёнаи аввал, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Давлатов сохта мешавад, муаррифӣ гардид.