https://sputnik.tj/20220320/rahmon-levakant-agregator-sarband-kor-darovard-1046934296.html
Раҳмон дар Левакант агрегати савуми "Сарбанд"-ро ба кор даровард
Раҳмон дар Левакант агрегати савуми "Сарбанд"-ро ба кор даровард
Sputnik Тоҷикистон
Барои таҷдиди нерӯгоҳи мазкур ҳукумати мамлакат бо Бонки Осиёии Рушд соли 2011 созишномаи грантӣ ба маблағи як миллиард сомонӣ ба имзо расонида буд
2022-03-20T11:00+0500
2022-03-20T11:00+0500
2022-03-21T14:30+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
хатлон
энергетика
сарбанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/16/1031942432_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_5ac5e6df16036e7ec2e9d01244e24ac9.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант агрегати савуми нерӯгоҳи "Сарбанд"-ро ба кор даровард.Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, тавоноии агрегати мазкур пас аз таҷдиду навсозӣ ба 49 мегаватт баробар шуд. Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт аз ҷумлаи шашумин нерӯгоҳҳои амалкунандаи маҷрои дарёи Вахш ба ҳисоб меравад.Сохтмони нерӯгоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар сабаби истифодабарии тулонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ, гидромеханикии нерӯгоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буданд.Дар нерӯгоҳи мазкур дар давоми қариб шаст сол ба ҷуз аз таҷдиди як агрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашуда буд.Бинобар ин соли 2011 байни ҳукумати мамлакат ва Бонки Осиёии Рушд барои амалӣ намудани лоиҳаи "Таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд" созишномаи грантӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ ба имзо расид ва татбиқи он расман соли 2016 оғоз гардид.Манбаъ меафзояд, дар ҳоли ҳозир таҷдиду навсозии гидроагрегати рақами 1 идома дорад. Ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар агрегати мазкур зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад.Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд” иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ аз 240 мегаватт ба 270 мегаватт зиёд шуд.
https://sputnik.tj/20220320/emomali-rahmon-tajlil-navruz-khatlon-1046932738.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/16/1031942432_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_e845e0419bb37d96860691d8578ee9ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон левакант сарбанд
эмомалӣ раҳмон левакант сарбанд
Раҳмон дар Левакант агрегати савуми "Сарбанд"-ро ба кор даровард
11:00 20.03.2022 (Навсозишуда: 14:30 21.03.2022) Барои таҷдиди нерӯгоҳи мазкур ҳукумати мамлакат бо Бонки Осиёии Рушд соли 2011 созишномаи грантӣ ба маблағи як миллиард сомонӣ ба имзо расонида буд
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант агрегати савуми нерӯгоҳи "Сарбанд"-ро ба кор даровард.
Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, тавоноии агрегати мазкур пас аз таҷдиду навсозӣ ба 49 мегаватт баробар шуд.
Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт аз ҷумлаи шашумин нерӯгоҳҳои амалкунандаи маҷрои дарёи Вахш ба ҳисоб меравад.
Сохтмони нерӯгоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар сабаби истифодабарии тулонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ, гидромеханикии нерӯгоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буданд.
Дар нерӯгоҳи мазкур дар давоми қариб шаст сол ба ҷуз аз таҷдиди як агрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашуда буд.
Бинобар ин соли 2011 байни ҳукумати мамлакат ва Бонки Осиёии Рушд барои амалӣ намудани лоиҳаи "Таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд" созишномаи грантӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ ба имзо расид ва татбиқи он расман соли 2016 оғоз гардид.
"Лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, даври якуми он пурра иваз кардани 5 агрегат, 2 автотрансформатор, бунёди бинои нави идоракунӣ ва қисмати дуюми лоиҳа таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110-киловолтаро дар бар мегирад", - омадааст дар изҳорот.
Манбаъ меафзояд, дар ҳоли ҳозир таҷдиду навсозии гидроагрегати рақами 1 идома дорад. Ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар агрегати мазкур зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд” иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ аз 240 мегаватт ба 270 мегаватт зиёд шуд.