https://sputnik.tj/20220320/payom-shodbosh-kishvardor-emomali-rahmon-1046938823.html
Аз Ҷинпин то Сардору Ҷабборов. Паёми шодбошии ҳашт кишвардор ба Эмомалӣ Раҳмон
Аз Ҷинпин то Сардору Ҷабборов. Паёми шодбошии ҳашт кишвардор ба Эмомалӣ Раҳмон
Sputnik Тоҷикистон
Унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон аз номи роҳбарони ҳашт кишварди дунё номаи табрикӣ ба муносибати Наврӯз ирсол гардид 20.03.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-03-20T16:30+0500
2022-03-20T16:30+0500
2022-03-21T12:41+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
наврӯз
табрикот
раисҷумҳурон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1045004578_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_62d08c41bb4cdcd182e7bd5653d6a186.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Аз номи як қатор сарони давлатҳо ба унвони Эмомалӣ Раҳмон номаҳои шодбошии наврӯзӣ ирсол гардиданд. Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар дод.Ба иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистонро ҳамтоёни амрикоӣ ва чиноии ӯ, Ҷо Байден ва Си Ҷинпин муборакбодӣ намудаанд.Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар номаи худ аз 30-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин ва аз сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба кишвараш ёдовар шуда зикр намудааст, ки ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд дорад.Зимнан президенти Амрико Ҷо Байден низ дар мактуби ирсолнамудаи худ аз 30 соли муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Амрико гуфтааст. Ӯ гуфт, ҳукуматаш хостори идомаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемия, мусоидат ба барқарорсозии иқтисоди ҷонибҳо, рафъи нигарониҳои муштараки амниятӣ ва таъмиқи бештари муносиботи барои ҷонибҳо судманд мебошад.Аз миёни роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ унвонии Раҳмон номаҳои шодбошии Шавкат Мирзиёев президенти Ӯзбекистон, Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ва ҳамчунин Содир Ҷабборов кишвардори Қирғизистон расидаанд.Мирзиёев пас аз шодбош гуфтани ҳамтои тоҷики худ ва кулли мардуми Тоҷикистон қайд намудааст, ки дар интизори сафари қарибулвуқуи Раҳмон ба Ӯзбекистон аст.Ба таъкиди президенти Ӯзбекистон, сафари навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба таъмиқи минбаъдаи равобити байни ин ду кишвар такону нерӯи тоза мебахшад.Илова бар ин Эмомалӣ Раҳмонро президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов низ ба муносибати Ҷашни Наврӯз табрик кардааст. Дар мактуби табрикотии Ҷабборов омадааст:Ҳамчунин кишвардори тозаинтихоби Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов низ унвонии президенти Тоҷикистон номаи муборакбодӣ фиристод.Бердимуҳаммадови хурдӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми Тоҷикистон дуо намудааст, ки бигзор, ин иди фархунда ба тамоми мардуми кишвар хушнудиву некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ оварад.Манбаъ зикр намуд, ки роҳбари давлатро ҳамчунин ҳамтоёни қазоқу озарбойҷонӣ ва эронияш низ шодбош гуфтаанд.
https://sputnik.tj/20220320/emomali-rahmon-tajlil-navruz-khatlon-1046932738.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1045004578_113:0:1928:1361_1920x0_80_0_0_01392e5b72f2a93c93e671d89cc47533.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, наврӯз, табрикот, раисҷумҳурон
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, наврӯз, табрикот, раисҷумҳурон
Аз Ҷинпин то Сардору Ҷабборов. Паёми шодбошии ҳашт кишвардор ба Эмомалӣ Раҳмон
16:30 20.03.2022 (Навсозишуда: 12:41 21.03.2022) Унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон аз номи роҳбарони ҳашт кишварди дунё номаи табрикӣ ба муносибати Наврӯз ирсол гардид
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Аз номи як қатор сарони давлатҳо ба унвони Эмомалӣ Раҳмон номаҳои шодбошии наврӯзӣ ирсол гардиданд. Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, кишвардори Тоҷикистонро ҳамтоёни амрикоӣ ва чиноии ӯ, Ҷо Байден ва Си Ҷинпин муборакбодӣ намудаанд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар номаи худ аз 30-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин ва аз сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба кишвараш ёдовар шуда зикр намудааст, ки ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд дорад.
Зимнан президенти Амрико Ҷо Байден низ дар мактуби ирсолнамудаи худ аз 30 соли муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Амрико гуфтааст. Ӯ гуфт, ҳукуматаш хостори идомаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемия, мусоидат ба барқарорсозии иқтисоди ҷонибҳо, рафъи нигарониҳои муштараки амниятӣ ва таъмиқи бештари муносиботи барои ҷонибҳо судманд мебошад.
Аз миёни роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ унвонии Раҳмон номаҳои шодбошии Шавкат Мирзиёев президенти Ӯзбекистон, Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ва ҳамчунин Содир Ҷабборов кишвардори Қирғизистон расидаанд.
Мирзиёев пас аз шодбош гуфтани ҳамтои тоҷики худ ва кулли мардуми Тоҷикистон қайд намудааст, ки дар интизори сафари қарибулвуқуи Раҳмон ба Ӯзбекистон аст.
Ба таъкиди президенти Ӯзбекистон, сафари навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба таъмиқи минбаъдаи равобити байни ин ду кишвар такону нерӯи тоза мебахшад.
Илова бар ин Эмомалӣ Раҳмонро президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов низ ба муносибати Ҷашни Наврӯз табрик кардааст. Дар мактуби табрикотии Ҷабборов омадааст:
"Бовар дорам, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар минбаъд низ дар рӯҳияи дӯстиву некӯҳамсоягӣ таҳкиму таъмиқ хоҳанд ёфт".
Ҳамчунин кишвардори тозаинтихоби Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов низ унвонии президенти Тоҷикистон номаи муборакбодӣ фиристод.
Бердимуҳаммадови хурдӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми Тоҷикистон дуо намудааст, ки бигзор, ин иди фархунда ба тамоми мардуми кишвар хушнудиву некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ оварад.
Манбаъ зикр намуд, ки роҳбари давлатро ҳамчунин ҳамтоёни қазоқу озарбойҷонӣ ва эронияш низ шодбош гуфтаанд.