https://sputnik.tj/20220318/vazorat-maorif-maqomi-kholi-ozmun-1046895264.html
Вазорати маориф барои ишғоли 10 мақоми холӣ озмун эълон кардаст: нашри маошу талабот
Вазорати маориф барои ишғоли 10 мақоми холӣ озмун эълон кардаст: нашри маошу талабот
Sputnik Тоҷикистон
Ҷойҳои холии корӣ, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод кардаст, аз 900 то зиёда аз 2 ҳазор сомонӣ маош доранд
2022-03-18T13:53+0500
2022-03-18T13:53+0500
2022-03-18T17:32+0500
дар тоҷикистон
маориф
эълон
ҷойи кор
озмун
довталаб
маош
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101382/85/1013828502_0:0:3655:2056_1920x0_80_0_0_accfee6995b1cfdfbaef799cd7637002.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои холии кор дар ин ниҳод озмун эълон кардааст. Тибқи иттилои вазорат, он ба мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ниёз дорад, ки маоши мансабияш 1124 сомониро ташкил медиҳад. Барои мақомҳои холии дигар, аз ҷумла муовини сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак 2256 сомонӣ ва мутахассиси Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак 924,6 сомонӣ маош таъйин гардидааст. Инчунин ҷойҳои мутахассиси пешбари Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм бо 1124 сомонӣ маош, сардори шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ - 2056 сомонӣ, 2 ҷойи сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ - 1380 сомонӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ - 1124 сомонӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро - 1124 сомонӣ ба озмун пешниҳод карданд. Таъкид шудааст, ки иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт мешавад.Дар феҳрасти талабот донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забони хориҷӣ ва компютер зикр гардидаанд. Манбаъ афзуд, ки довталабон бояд ҳуҷҷатҳои худро давоми 21 рӯз баъди нашри эълон ба Вазорати маориф дар кӯчаи Нисормуҳаммад 13-А, дар шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд. Рақамҳои телефонии 221 37 65 ва 2 27 67 07 барои тамос ва маълумоти бештар пешниҳод гардидаанд.
https://sputnik.tj/20220318/tojikiston-bonki-jahon-bunyod-makotib-1046889242.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101382/85/1013828502_100:0:2841:2056_1920x0_80_0_0_27f3833c31bff9f8007b91d2fcd92074.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, озмун, ҷой, мақом, холӣ, ҷойи корӣ
эълон, озмун, ҷой, мақом, холӣ, ҷойи корӣ
Вазорати маориф барои ишғоли 10 мақоми холӣ озмун эълон кардаст: нашри маошу талабот
13:53 18.03.2022 (Навсозишуда: 17:32 18.03.2022) Ҷойҳои холии кор, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод кардаст, аз 900 то зиёда аз 2 ҳазор сомонӣ маош доранд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои холии кор дар ин ниҳод озмун эълон кардааст.
Тибқи иттилои вазорат, он ба мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ниёз дорад, ки маоши мансабияш 1124 сомониро ташкил медиҳад.
Барои мақомҳои холии дигар, аз ҷумла муовини сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак 2256 сомонӣ ва мутахассиси Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак 924,6 сомонӣ маош таъйин гардидааст.
Инчунин ҷойҳои мутахассиси пешбари Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм бо 1124 сомонӣ маош, сардори шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ - 2056 сомонӣ, 2 ҷойи сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ - 1380 сомонӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ - 1124 сомонӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро - 1124 сомонӣ ба озмун пешниҳод карданд.
Таъкид шудааст, ки иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт мешавад.
Дар феҳрасти талабот донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забони хориҷӣ ва компютер зикр гардидаанд.
Манбаъ афзуд, ки довталабон бояд ҳуҷҷатҳои худро давоми 21 рӯз баъди нашри эълон ба Вазорати маориф дар кӯчаи Нисормуҳаммад 13-А, дар шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд. Рақамҳои телефонии 221 37 65 ва 2 27 67 07 барои тамос ва маълумоти бештар пешниҳод гардидаанд.