Тасмими мақомоти Турсунзода дар бораи бунёду навсозии 400 бино тайи чор соли оянда

© Sputnik / Амир ИсаевСтроительство аквапарка в Варзобе
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Обуна шудан
Мақомоти Турсунзода эълон кардаанд, ки ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии 400 бино барномарезӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Дар ин бора Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода зимни дидор бо раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо ва дигар фаъолони шаҳр, ки ахиран баргузор шудааст, хабар додааст, менависад АМИТ “Ховар”.
“Ба истиқболи 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёду навсозии 400 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст”, - гуфт Парвиз Акрамзода.
Мақомоти шаҳри Турсунзода иттилоъ додаанд, ки ба нақшаи мазкур сохтмони коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ низ дохил гардидаанд.
Школьники на уроке труда, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ дар бунёди макотиби нав кумак хост: вазир гуфт, аҳолӣ зиёд шуд
Ҳамчунин мақомоти Турсунзода қайд кардаанд, ки дар ин давра барои иҷрои дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии соҳаи маориф бунёди 500 синфхонаи иловагӣ, инчунин сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмири роҳҳо, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва дигар биноҳои хоҷагии халқ пешбинӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, барои пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ 427 бино мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Аз онҳо 21 ададаш корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0