https://sputnik.tj/20220318/rahmon-kodeks-nav-manzil-imzo-1046908013.html
Раҳмон Кодекси манзили нав дар Тоҷикистонро имзо кард
Раҳмон Кодекси манзили нав дар Тоҷикистонро имзо кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон бархе қонунҳоро, ки ду палатаи парлумони кишвар қабул намуданд, имзо кард
2022-03-18T19:00+0500
2022-03-18T19:00+0500
2022-03-18T19:30+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
қонун
имзо
кодекс
манзил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102694/12/1026941209_73:123:1132:719_1920x0_80_0_0_60d305b4861a511c03cf3d0eb0b4702e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар баробари як қатор қонунҳо инчунин Кодекси манзили кишварро низ имзо кард. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, кодекси нав асосҳои соҳиб шудан ба манзил, истифодабарии он, хидматрасониҳои коммуналӣ, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии давлатии фонди манзилро танзим мекунад. Таъкид шудааст, ки ҳадаф аз Кодекси манзили нав, ки раисҷумҳури барои таҳияи он ҳанӯз 13 соли қабл дастур дода буд, рушди манзилдорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Инчунин Эмомалӣ Раҳмон қонунҳо "Дар бораи захираҳои генетикӣ", "Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ", Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумрукро имзо кардааст. Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, қонунҳои мазкур ба рушди соҳаҳои агросаноатӣ ва захоири генетикӣ мусоидат намуда, ба ҳифзи растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, дастгирии давлатии соҳа равона гардидаанд."Қонунҳои қабулгардида ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, савдои хориҷӣ, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар равона шудаанд", - омадааст дар иттилоия. Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон зикр намуд, ки санадҳои имзокардаи Раҳмон баъди нашрашон дар матбуот мавриди амал қарор мегиранд.
https://sputnik.tj/20220204/markaz-moshini-mushkili-tavaqqufgoh-1045489568.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102694/12/1026941209_158:0:1073:686_1920x0_80_0_0_829fcbaba336fd1ccb6ede904cafc4f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имзо, кодекси нав, манзил, тоҷикистон
имзо, кодекси нав, манзил, тоҷикистон
Раҳмон Кодекси манзили нав дар Тоҷикистонро имзо кард
19:00 18.03.2022 (Навсозишуда: 19:30 18.03.2022) Президенти Тоҷикистон бархе қонунҳоеро, ки ду палатаи парлумони кишвар қабул намуда буд, имзо кард
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар баробари як қатор қонунҳо инчунин Кодекси манзили кишварро низ имзо кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, кодекси нав асосҳои соҳиб шудан ба манзил, истифодабарии он, хидматрасониҳои коммуналӣ, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии давлатии фонди манзилро танзим мекунад.
Таъкид шудааст, ки ҳадаф аз Кодекси манзили нав, ки раисҷумҳури барои таҳияи он ҳанӯз 13 соли қабл дастур дода буд, рушди манзилдорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон қонунҳо "Дар бораи захираҳои генетикӣ", "Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ", Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумрукро имзо кардааст.
Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, қонунҳои мазкур ба рушди соҳаҳои агросаноатӣ ва захоири генетикӣ мусоидат намуда, ба ҳифзи растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, дастгирии давлатии соҳа равона гардидаанд.
"Қонунҳои қабулгардида ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, савдои хориҷӣ, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар равона шудаанд", - омадааст дар иттилоия.
Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон зикр намуд, ки санадҳои имзокардаи Раҳмон баъди нашрашон дар матбуот мавриди амал қарор мегиранд.