https://sputnik.tj/20220204/markaz-moshini-mushkili-tavaqqufgoh-1045489568.html
"Хонахарҳо дар марказ ду мошинӣ доранд": раиси кумита аз мушкили таваққуфгоҳҳо гуфт
"Хонахарҳо дар марказ ду мошинӣ доранд": раиси кумита аз мушкили таваққуфгоҳҳо гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Хонахарҳо дар маркази Душанбе камаш ду мошин дар як оила доранд ва ин боиси мушкили таваққуфгоҳҳо мегардад
2022-02-04T15:10+0500
2022-02-04T15:10+0500
2022-02-04T18:30+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
таваҷҷуҳ
бозор
шаҳрдорӣ
хона
мошин
таваққуфгоҳи мошин
маҳмадсаид зувайдзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032794914_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_76e94c356b1c87b323e60d545bc3550f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев— Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шароити афзоиши аҳолӣ, биноҳои баландошёна ва мошинҳо таваққуфгоҳҳоро яке аз мушкилоти мубрам хонд. Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, биноҳои бисёрошёна дар пойтахт афзуда истодаанд ва бисёри онҳое, ки дар маркази Душанбе манзил мегиранд, камаш ду мошин дар оила доранд. Дар чунин ҳол, ба гуфтаи раиси Кумитаи меъморӣ, ду ошёна таваққуфгоҳе, ки дар биноҳои бисёрқабата бунёд мегардад, наметавонад талаботи сокинони онро таъмин созад. Вай аз таҷрибаи кораш дар Ҳукумати Душанбе ёдовар шуда афзуд, ки ин масъаларо бо соҳибкорони хонасоз дар миён гузошта буданд, аммо онҳо ба далели хароҷоти зиёд ба манфиаташон набудани таваққуфгоҳҳои аз ин бештар таъкид намудаанд. Ба гуфтаи Зувайдзода, сипас шаҳрдорию мақомоти меъморӣ бунёди таваққуфгоҳҳои бисёрқабатаи тагизаминию болоизаминиро пешниҳод карданд. Феълан лоиҳаи 200 таваққуфгоҳ таҳия ва барои бунёд пешниҳод шудааст, ки аксари онҳо то се ошиёна дар таги замину беш аз ду ошёнаро дар боло дар бар мегиранд. Раиси Кумитаи меъморӣ изҳор дошт, ки чунин таваққуфгоҳҳо мавриди таваҷҷуҳи соҳибкорон қарор гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран дар наздикии "Корвон", калонтарин бозори Тоҷикистон таваққуфгоҳи шаштабақаӣ ва таҳхона бунёд гардид, ки ба иттилои шаҳрдорӣ, ҳудуди 14 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад.
https://sputnik.tj/20220202/chin-evakuator-vazir-khudrav-jarimagoh-1045432334.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032794914_10:0:2677:2000_1920x0_80_0_0_2f314ae32fc7a0a4551d12c1779363a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хонахар, мошин, таваққуфгоҳҳо, марказ, душанбе
хонахар, мошин, таваққуфгоҳҳо, марказ, душанбе
"Хонахарҳо дар марказ ду мошинӣ доранд": раиси кумита аз мушкили таваққуфгоҳҳо гуфт
15:10 04.02.2022 (Навсозишуда: 18:30 04.02.2022) Харидорони хона дар маркази Душанбе камаш ду мошин дар як оила доранд ва ин боиси мушкили таваққуфгоҳҳо мегардад, гуфт раиси Кумитаи меъмории Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 4 фев— Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шароити афзоиши аҳолӣ, биноҳои баландошёна ва мошинҳо таваққуфгоҳҳоро яке аз мушкилоти мубрам хонд.
Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, биноҳои бисёрошёна дар пойтахт афзуда истодаанд ва бисёри онҳое, ки дар маркази Душанбе манзил мегиранд, камаш ду мошин дар оила доранд.
Дар чунин ҳол, ба гуфтаи раиси Кумитаи меъморӣ, ду ошёна таваққуфгоҳе, ки дар биноҳои бисёрқабата бунёд мегардад, наметавонад талаботи сокинони онро таъмин созад.
Вай аз таҷрибаи кораш дар Ҳукумати Душанбе ёдовар шуда афзуд, ки ин масъаларо бо соҳибкорони хонасоз дар миён гузошта буданд, аммо онҳо ба далели хароҷоти зиёд ба манфиаташон набудани таваққуфгоҳҳои аз ин бештар таъкид намудаанд.
Ба гуфтаи Зувайдзода, сипас шаҳрдорию мақомоти меъморӣ бунёди таваққуфгоҳҳои бисёрқабатаи тагизаминию болоизаминиро пешниҳод карданд. Феълан лоиҳаи 200 таваққуфгоҳ таҳия ва барои бунёд пешниҳод шудааст, ки аксари онҳо то се ошиёна дар таги замину беш аз ду ошёнаро дар боло дар бар мегиранд.
Раиси Кумитаи меъморӣ изҳор дошт, ки чунин таваққуфгоҳҳо мавриди таваҷҷуҳи соҳибкорон қарор гирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар наздикии "Корвон", калонтарин бозори Тоҷикистон таваққуфгоҳи шаштабақаӣ ва таҳхона бунёд гардид, ки ба иттилои шаҳрдорӣ, ҳудуди 14 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад.