https://sputnik.tj/20220318/khona-furukht-qallobi-dushanbe-1046890829.html
Як хонаро ба 2 кас фурӯхт: Муттаҳам боздошт шуд
Як хонаро ба 2 кас фурӯхт: Муттаҳам боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Муттаҳам дар қаллобӣ пули хонаро аз як шаҳрванд гирифта, манзили ваъдагиро ба нафари дигар фурӯхтааст
2022-03-18T11:43+0500
2022-03-18T11:43+0500
2022-03-18T11:43+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
хона
фурӯш
қаллобӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d73776bbb044b07d833c1aa10a938b22.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сабти ҳолати дигари қаллобӣ дар бозори харидуфурӯши хона хабар дод. Тибқи иттилои ВУД, марди 35-сола, сокини шаҳри Турсунзода зимни муомилот дар бозори хона ба фиреби мизоҷон даст задааст. Таъкид шудааст, ки муттаҳам ҳанӯз моҳи январи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 23-сола, сокини шаҳри Турсунзода даромада, аз ӯ 212 ҳазору 625 сомониро гирифтааст. Бар ивази ин маблағ ваъда додааст, ки ба ҷавон аз бинои навбунёди ширкати “Хайрсохтмон” хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад. ВУД мегӯяд, маъмурини милисаи Турсунзода муттаҳамро боздошт карда, феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бар асоси моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон идома дорад. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон сол ба сол талабот ба манзили истиқоматӣ ба далели афзоиши босуръати аҳолӣ ва камзаминии кишвар афзоиш ёфта истодааст. Ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, тайи як соли ахир дар ҷумҳурӣ 1 миллион 430 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки барои он 14,8 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст. Манбаъ афзуд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли 2020 ҳудуди 42,4 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20220204/markaz-moshini-mushkili-tavaqqufgoh-1045489568.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_4230a5d01a2f12f9d38fed037f54ceba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, муттаҳам, қаллобӣ, фиреб, хонахарҳо
боздошт, муттаҳам, қаллобӣ, фиреб, хонахарҳо
Як хонаро ба 2 кас фурӯхт: Муттаҳам боздошт шуд
Муттаҳам дар қаллобӣ пули хонаро аз як шаҳрванд гирифта, манзили ваъдагиро ба нафари дигар фурӯхтааст
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сабти ҳолати дигари қаллобӣ дар бозори харидуфурӯши хона хабар дод.
Тибқи иттилои ВУД, марди 35-сола, сокини шаҳри Турсунзода зимни муомилот дар бозори хона ба фиреби мизоҷон даст задааст.
Таъкид шудааст, ки муттаҳам ҳанӯз моҳи январи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 23-сола, сокини шаҳри Турсунзода даромада, аз ӯ 212 ҳазору 625 сомониро гирифтааст.
Бар ивази ин маблағ ваъда додааст, ки ба ҷавон аз бинои навбунёди ширкати “Хайрсохтмон” хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад.
"Маблағҳоро ба ҶДММ-и мазкур супорида, хонаи истиқоматиро ба дигар шаҳрванд фурӯхтааст", - омадааст дар иттилоия.
ВУД мегӯяд, маъмурини милисаи Турсунзода муттаҳамро боздошт карда, феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бар асоси моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон сол ба сол талабот ба манзили истиқоматӣ ба далели афзоиши босуръати аҳолӣ ва камзаминии кишвар афзоиш ёфта истодааст.
Ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, тайи як соли ахир дар ҷумҳурӣ 1 миллион 430 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки барои он 14,8 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст. Манбаъ афзуд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли 2020 ҳудуди 42,4 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.