https://sputnik.tj/20220316/oriyonbonk-safar-rusiya-puli-naqd-1046829715.html
“Ориёнбонк”: Дар зимни сафар ба Русия бо худ пули нақд гиред
“Ориёнбонк”: Дар зимни сафар ба Русия бо худ пули нақд гиред
Sputnik Тоҷикистон
“Ориёнбонк” аз муштариёни худ хоҳиш кардааст, дар зимни сафар ба Русия пардохтҳои худро ба таври онлайнӣ аз Тоҷикистон анҷом диҳанд
2022-03-16T09:00+0500
2022-03-16T09:00+0500
2022-03-16T09:24+0500
дар тоҷикистон
бонк
корт
пардохт
дар русия
таҳрим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833326_0:106:3000:1794_1920x0_80_0_0_420f794cf9fe41c2ef2279c9e773b4e3.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. "Ориёнбонк" тайи як эъломе аз муштариёнаш, ки дорои кортҳои VISA ҳастанд, хоҳиш кардааст, қабл аз сафар ба Русия пардохтҳои онлайнии худро барои харидории билети ҳавопаймо, суфориши меҳмонхона, раводид ва бима дар Тоҷикистон анҷом диҳанд ва сипас ба Русия сафар кунанд.Ҳамчунин “Орёнбонк” муштариёнашро тавсия додааст, дар баробари иҷрои ин амалҳо ҳамроҳ бо худ пули нақд гиранд.Дар ҳамин ҳол бонк мегӯяд: “Истифодабарии кортҳои VISA дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ягон маҳдудият надорад”.“Ориёнбонк”, тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, яке аз муассисаҳои молии муваффақ ва низомсоз дар кишвар аст. Аммо эълони ахири он ба далели мувоҷеҳаи Русия ба таҳримот аз сӯйи Ғарб аст, ки гардиши пулии байналмилалӣ дар ин кишварро масдуд кардааст.Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молию бонкӣ ва энержиро шомиланд.Мақомоти Русия ҳамчун чораи ҷавобӣ аз эҳтимоли миллӣ кардани ширкатҳое гуфтанд, ки бидуни ироаи кафолат ба истеъмолкунандагон нияти тарки бозори ин кишварро кардаанд.Русия ҳамчунин эълон кард, ки аз уҳдадориҳояш дар робита ба қарзи давлатӣ даст намекашад, онро бо рубл пардохт хоҳад кард. Вазири молияи ин кишвар Антон Силуанов таъкид намуд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд. Ӯ зикр намуд, ки захоири тилою асъори Русия, аз ҷумла Хазинаи рифоҳи миллӣ дар хориҷ баста шудаанд ва аз ин рӯ ӯ ин иқдоми Маскав барои пардохти уҳдадориҳо аз рӯи қарзи давлатӣ бо рублро аз рӯи адолат номид.Ахиран дар Кремл изҳори бовар намуданд, ки дар Русия зарфияти кофӣ барои раҳоӣ аз вазъи феълии иқтисодӣ фароҳам аст.
https://sputnik.tj/20220315/hukumati-rusiya-barnoma-muqovimat-tahrimho-gharb-1046827055.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833326_234:0:2766:1899_1920x0_80_0_0_b0cd5aa193088361e661acf5fc62c9f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ориёнбонк, тоҷикистон, пул, корд, сафар, русия
ориёнбонк, тоҷикистон, пул, корд, сафар, русия
“Ориёнбонк”: Дар зимни сафар ба Русия бо худ пули нақд гиред
09:00 16.03.2022 (Навсозишуда: 09:24 16.03.2022) “Ориёнбонк” аз муштариёни худ хоҳиш кардааст, дар зимни сафар ба Русия пардохтҳои худро ба таври онлайнӣ аз Тоҷикистон анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. "Ориёнбонк" тайи як эъломе аз муштариёнаш, ки дорои кортҳои VISA ҳастанд, хоҳиш кардааст, қабл аз сафар ба Русия пардохтҳои онлайнии худро барои харидории билети ҳавопаймо, суфориши меҳмонхона, раводид ва бима дар Тоҷикистон анҷом диҳанд ва сипас ба Русия сафар кунанд.
Ҳамчунин “Орёнбонк” муштариёнашро тавсия додааст, дар баробари иҷрои ин амалҳо ҳамроҳ бо худ пули нақд гиранд.
Дар ҳамин ҳол бонк мегӯяд: “Истифодабарии кортҳои VISA дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ягон маҳдудият надорад”.
“Ориёнбонк”, тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, яке аз муассисаҳои молии муваффақ ва низомсоз дар кишвар аст. Аммо эълони ахири он ба далели мувоҷеҳаи Русия ба таҳримот аз сӯйи Ғарб аст, ки гардиши пулии байналмилалӣ дар ин кишварро масдуд кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молию бонкӣ ва энержиро шомиланд.
Мақомоти Русия ҳамчун чораи ҷавобӣ аз эҳтимоли миллӣ кардани ширкатҳое гуфтанд, ки бидуни ироаи кафолат ба истеъмолкунандагон нияти тарки бозори ин кишварро кардаанд.
Русия ҳамчунин эълон кард, ки аз уҳдадориҳояш дар робита ба қарзи давлатӣ даст намекашад, онро бо рубл пардохт хоҳад кард. Вазири молияи ин кишвар Антон Силуанов таъкид намуд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд. Ӯ зикр намуд, ки захоири тилою асъори Русия, аз ҷумла Хазинаи рифоҳи миллӣ дар хориҷ баста шудаанд ва аз ин рӯ ӯ ин иқдоми Маскав барои пардохти уҳдадориҳо аз рӯи қарзи давлатӣ бо рублро аз рӯи адолат номид.
Ахиран дар Кремл изҳори бовар намуданд, ки дар Русия зарфияти кофӣ барои раҳоӣ аз вазъи феълии иқтисодӣ фароҳам аст.