Ҳукумати Русия барномаи муқовимат алайҳи таҳримҳои Ғарбро омода кард

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ
Премьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Нахуствазири Русия эълон кардааст, ки ҳукумат барнома зиддитаҳримиро омода кардааст ва он беш аз сад иқдомро дар бар мегирад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ахиран эълон кард, ки ҳукумати кишвараш барномаи муқовимат алайҳи таҳримҳои Ғарбро омода кардааст ва он беш аз 100 иқдом дар ҳаҷми як триллион рублро дар бар мегирад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.

“Бо супориши президент маҷмуи тадбирҳо омода карда шуд, аксари онҳо ба лоиҳаи нақшаи иқдомҳои аввалиндараҷа ворид карда шудаанд, ки ин санад хеле ҷомеъ аст ва он вобаста ба сатҳи зарурӣ пайваста таҷдид мешавад”, - гуфт Мишустин дар ҷаласаи ҳукуматӣ.

Ба гуфтаи Мишустин, бархе аз ин иқдомот то охири моҳи март амалӣ хоҳанд шуд.
Роҳбари ҳукумат қайд кард, ки санади мазкур дар ҷаласаи оянда тасдиқ хоҳад шуд.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Патрушев гуфт, далели қасди Киев барои ҳамла ба Донбассу Қрим ёфт шуд
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молию бонкӣ ва энержиро шомиланд.
Мақомоти Русия ҳамчун чораи ҷавобӣ аз эҳтимоли миллӣ кардани ширкатҳое гуфтанд, ки бидуни ироаи кафолат ба истеъмолкунандагон нияти тарки бозори ин кишварро кардаанд.
Русия ҳамчунин эълон кард, ки аз уҳдадориҳояш дар робита ба қарзи давлатӣ даст намекашад, онро бо рубл пардохт хоҳад кард. Вазири молияи ин кишвар Антон Силуанов таъкид намуд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд. Ӯ зикр намуд, ки захоири тилою асъори Русия, аз ҷумла Хазинаи рифоҳи миллӣ дар хориҷ баста шудаанд ва аз ин рӯ ӯ ин иқдоми Маскав барои пардохти уҳдадориҳо аз рӯи қарзи давлатӣ бо рублро аз рӯи адолат номид.
Ахиран дар Кремл изҳори бовар намуданд, ки дар Русия зарфияти кофӣ барои раҳоӣ аз вазъи феълии иқтисодӣ фароҳам аст.
Лентаи хабарҳо
0