https://sputnik.tj/20220312/ryabkov-rusiya-tahrimho-omoda-1046746808.html
Рябков: Русия ба таҳримҳо омода буд
Рябков: Русия ба таҳримҳо омода буд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, кишвараш аз ИМА норафоқати интизор дошт ва ба ҳамин хотир ба таҳримҳо омодагӣ гирифт
2022-03-12T20:10+0500
2022-03-12T20:10+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
има
таҳрим
сергей рябков
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/41/1027914158_0:0:2676:1506_1920x0_80_0_0_d1784f2b14236f9a0fb5d5c02055975c.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Русия медонист, ки аз Иёлоти Муттаҳида норафоқатӣ интизор шудан мумкин аст, ба ҳамин хотир мо омодагӣ дидем, гуфт муовини вазири корҳои хориҷӣ Сергей Рябков.Ба гуфтаи вай, новобаста аз амалиёти Русия дар Украина бо ҳар баҳона таҳримҳо бар зидди ин кишвар ҷорӣ мешуданд.Ба гуфтаи вай, агар амалиёти вижаи низомӣ сурат намегирифт, Вашингтон баҳонае меёфт, то тадобире зидди Русия анҷом диҳад.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.Рӯзи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пуша баргузор шуд.Даври сеюми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220312/rusiya-tahrim-javobi-gharb-omoda-1046742308.html
https://sputnik.tj/20220312/qodirov-firori-sarbozoni-ukraina-guft-1046740130.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/41/1027914158_0:0:2600:1950_1920x0_80_0_0_0660741d576f2cf55f82280da75cadfe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, има, украина, таҳрим, рябков
русия, има, украина, таҳрим, рябков
Рябков: Русия ба таҳримҳо омода буд
20:10 12.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, кишвараш аз ИМА норафоқатӣ интизор дошт ва ба ҳамин хотир ба таҳримҳо омодагӣ гирифт
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Русия медонист, ки аз Иёлоти Муттаҳида норафоқатӣ интизор шудан мумкин аст, ба ҳамин хотир мо омодагӣ дидем, гуфт муовини вазири корҳои хориҷӣ Сергей Рябков.
Ба гуфтаи вай, новобаста аз амалиёти Русия дар Украина бо ҳар баҳона таҳримҳо бар зидди ин кишвар ҷорӣ мешуданд.
"Мо медонистем ва медонем, ки ҳар лаҳза аз амрикоиҳо ҳар гуна ҳиллаву найранг интизор шудан мумкин аст. Мо ба ин вазъ омодагӣ мегирифтем. Ҳоло мо шоҳиди он ҳастем. Ин новобаста аз амалиёти вижа аст. Ин ба он иртиботе надорад", - гуфт Рябков.
Ба гуфтаи вай, агар амалиёти вижаи низомӣ сурат намегирифт, Вашингтон баҳонае меёфт, то тадобире зидди Русия анҷом диҳад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Рӯзи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пуша баргузор шуд.
Даври сеюми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.