Русия феҳристи таҳримҳои шахсии ҷавобӣ алайҳи Ғарбро омода кардааст

© Sputnik / Алексей МайшевМосковский Кремль.
Московский Кремль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Обуна шудан
Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, ки феҳристи таҳримҳои шахсии ҷавобӣ алайҳи Ғарбро омода кардаанд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ба зудӣ феҳристи таҳримҳои шахсӣ алайҳи сиёсатмадорон, соҳибкорон ва шахсиятҳои дигари ғарбиро нашр хоҳанд кард.

"Рӯйхатҳо омодаанд. Мо ин корро карда истодаем. Ин аслан як қисми кори ҳаррӯза аст. Муайян кардани он ки чӣ гуна ва дар кадом миқёс ба таҳримҳо вокуниш нишон додан мумкин аст, нодуруст аст", - гуфт ӯ дар эфири "Шабакаи аввал".

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Рябков, мақомоти Русия имкон доранд, ки хисорот аз маҳдудиятҳои ҷориро ба ҳадди ақал расонанд.
"Мо медонистем ва медонем, ки ҳар лаҳза аз амрикоиҳо ҳар гуна найранг интизор шудан мумкин аст. Мо ба ин вазъият омода будем, ки ҳоло мебинем. Ин новобаста аз амалиёти вижа аст. Ин ба он иртибот надорад",- гуфт ӯ.
Президент РФ В. Путин принял участие в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Путин: ИҶШС ҳамеша зери таҳримҳо зиндагӣ мекард ва муваффақ мешуд
Русия рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки барои 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтанд".
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва деазификатсияи Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳо пайдо карданд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Медведев гуфт, Русия ба таҳримҳои Ғарб посухи тунд хоҳад дод
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия, гурӯҳҳои низомии ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раиси ҷумҳури Русия.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча баргузор шуд.
Даври сеюми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0