https://sputnik.tj/20220312/muzokirot-tojikiston-qirghiziston-1046744249.html
Музокироти 7-соатаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон: ба чӣ тавофуқ расиданд?
Музокироти 7-соатаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон: ба чӣ тавофуқ расиданд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин мулоқот, ки баъд аз тирпарронии ахир дар марз сурат гирифт, ҷонибҳо сари якчанд масъалаҳои сарҳадӣ тавофуқ намуда ва дар ин бора санад (протокол) имзо карданд
2022-03-12T17:12+0500
2022-03-12T17:12+0500
2022-03-14T17:12+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
қирғизистон
дар тоҷикистон
музокира
муноқиша
марз
баҳси марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0c/1046743653_83:0:958:492_1920x0_80_0_0_6bbe380fddfd9fd33945c60fa6bb18a1.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Мулоқоти беш аз шашсоатии ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи масъалаҳои марзӣ бо имзои як санад (протокол) ба анҷом расид.Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки гуфтушуниди ҷонибҳо беш аз шаш соат давом кард. Аммо дар бораи он ки санади баимзорасида мушаххасан кадом масъалаҳои сарҳадиро танзим мекунад, ин манбаъ изҳори бехабарӣ кард. Баъди баимзорасонии ин санад фармондеҳони нерӯҳои сарҳадбонии ҳар ду кишвар изҳори бовар намуданд, ки амнияти ҳар ду кишвар дар хатти марзи давлатӣ ҳифз карда мешавад ва ҳар ду ҷониб созишномаи ҳосилшударо риоя карда, фазои орому осудагии мардумро дар хатти сарҳадро таъмин менамоянд.Мулоқоти имрӯза таҳти роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдикарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканд, бо иштироки фармондеҳони марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳокимони шаҳру навоҳии наздимарзии ин ду кишвар соати 9:00 субҳ дар гузаргоҳи Гулистони шаҳри Исфара, дар назикии марз бо ноҳияи Ботканд оғоз ёфта буд. Мақомоти ду кишвар ҳадафи гуфтушунидро пешгирӣ аз муноқишаҳо дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ арзёбӣ кардаанд. Ёдовар мешавем, таниши ахир дар марз субҳи рӯзи 10-уми март сар зад, ки дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ марзбони тоҷик Сунатулло Самадов кушта шуд. Ҳамзамон шаби 11 март низ марзбонони қирғиз ҷониби хонаҳои тоҷикон оташ кушоданд, ки мақомот инро тасдиқ карданд. Дар пайи ин таниши марзӣ мулоқот миёни мақомоти сарҳадбонии ду кишвар баргузор шуд ва тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки воқеаи мусаллаҳонаро таҳқиқ карда, натоиҷи муқаддамотӣ дар мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи 12 март баргузор мегардад, эълом шавад. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан беш аз 460 километри он муайян нашудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз гоҳе ба муноқишаҳои сарҳадӣ боис мешавад.
https://sputnik.tj/20220312/guftushunid-tojikiston-qirghiziston-marz-1046735472.html
https://sputnik.tj/20220311/muzokirot-qirghiziston-tojikiston-hosil-1046715045.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0c/1046743653_192:0:848:492_1920x0_80_0_0_74f08c7c0dae1f5e8a5981e9c2c690f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гуфтушунид, тоҷикистон, қирғизистон
гуфтушунид, тоҷикистон, қирғизистон
Музокироти 7-соатаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон: ба чӣ тавофуқ расиданд?
17:12 12.03.2022 (Навсозишуда: 17:12 14.03.2022) Дар ин мулоқот, ки баъд аз тирпарронии ахир дар марз сурат гирифт, ҷонибҳо сари якчанд масъалаи сарҳадӣ тавофуқ карданд
ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Мулоқоти беш аз шашсоатии ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи масъалаҳои марзӣ бо имзои як санад (протокол) ба анҷом расид.
Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки гуфтушуниди ҷонибҳо беш аз шаш соат давом кард.
"Мулоқоти ҷонибҳо, аз соати 9:00-и субҳ то соати 16:00 бо вақти маҳҳалӣ давом кард. Ҷонибҳо дар поёни кори мулоқот як санад (протокол) имзо карданд”, – гуфт Шомадов.
Аммо дар бораи он ки санади баимзорасида мушаххасан кадом масъалаҳои сарҳадиро танзим мекунад, ин манбаъ изҳори бехабарӣ кард.
Баъди баимзорасонии ин санад фармондеҳони нерӯҳои сарҳадбонии ҳар ду кишвар изҳори бовар намуданд, ки амнияти ҳар ду кишвар дар хатти марзи давлатӣ ҳифз карда мешавад ва ҳар ду ҷониб созишномаи ҳосилшударо риоя карда, фазои орому осудагии мардумро дар хатти сарҳадро таъмин менамоянд.
Мулоқоти имрӯза таҳти роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдикарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканд, бо иштироки фармондеҳони марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳокимони шаҳру навоҳии наздимарзии ин ду кишвар соати 9:00 субҳ дар гузаргоҳи Гулистони шаҳри Исфара, дар назикии марз бо ноҳияи Ботканд оғоз ёфта буд.
Мақомоти ду кишвар ҳадафи гуфтушунидро пешгирӣ аз муноқишаҳо дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ арзёбӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, таниши ахир дар марз субҳи рӯзи 10-уми март сар зад, ки дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ марзбони тоҷик Сунатулло Самадов кушта шуд.
Ҳамзамон шаби 11 март низ марзбонони қирғиз ҷониби хонаҳои тоҷикон оташ кушоданд, ки мақомот инро тасдиқ карданд.
Дар пайи ин таниши марзӣ мулоқот миёни мақомоти сарҳадбонии ду кишвар баргузор шуд ва тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки воқеаи мусаллаҳонаро таҳқиқ карда, натоиҷи муқаддамотӣ дар мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи 12 март баргузор мегардад, эълом шавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан беш аз 460 километри он муайян нашудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз гоҳе ба муноқишаҳои сарҳадӣ боис мешавад.