Оғози гуфтушуниди гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон баъди нооромии ахири марзӣ

© Дафтари матбуоти раиси вилояти СуғдҲайти Тоҷикистон дар музокира бо ҷониби Қирғизистон
Ҳайти Тоҷикистон дар музокира бо ҷониби Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Обуна шудан
Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон барои пешгирии муноқишаҳои марзӣ сари мизи музокирот нишастанд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар марз мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 12 март оғоз ёфтааст.
Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдори Исфара ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.

"Мулоқоти ҷонибҳо соати 09:00 ба вақти маҳаллӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Гулистон оғоз шуд",- афзуд Шомадов.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷониби Тоҷикистонро фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияи Исфара ва Бобоҷон Ғафуров Баҳоваддин Баҳодурзода ва Зафарбек Давлатзода намояндагӣ мекунанд.
Аз ҷониби Қирғизистон бошад, ба ин мулоқот раиси вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони навоҳии сарҳадии он кишвар ва сохторҳои низомӣ ҳозир шудаанд.
Гуфта мешавад, ҳадафи ин дидори ҷонибҳо пешгирӣ аз муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ мебошад.
Военнослужащие вооруженных сил Кыргызстана на границе с Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокирот пас аз тирпаронӣ дар марз анҷом ёфт: КДАМ гуфт, чӣ тавофуқ ҳосил шуд
Ёдовар мешавем, таниши ахир дар марз субҳи рӯзи 10-уми март сар зад, ки дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ марзбони тоҷик Сунатулло Самадов кушта шуд.
Ҳамзамон шаби 11 март низ аз ҷониби марзбонони қирғиз ҷониби хонаҳои тоҷикон оташкушоӣ шуд, ки мақомот инро тасдиқ карданд.
Дар пайи ин таниш мулоқот миёни мақомоти сарҳадбонии ду кишвар дар марз баргузор шуда, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки воқеаи мусаллаҳонаро таҳқиқ карда, натоиҷи муқаддамотӣ дар мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи 12 март баргузор мегардад, эълом шавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан беш аз 460 километри он муайян нашудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз гоҳе ба муноқишаҳои сарҳадӣ боис мешавад.
Лентаи хабарҳо
0