https://sputnik.tj/20220311/muzokirot-qirghiziston-tojikiston-hosil-1046715045.html
Музокироти ҳайати Қирғизистон ва Тоҷикистон пас аз даргирии шабона: чӣ ҳосил шуд?
Музокироти ҳайати Қирғизистон ва Тоҷикистон пас аз даргирии шабона: чӣ ҳосил шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии иғво ва ҳифзи сарҳади давлатӣ тавассути посбонҳои доимии сарҳадӣ ба мувофиқа расиданд
2022-03-11T15:20+0500
2022-03-11T15:20+0500
2022-03-11T16:40+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
муноқиша
сарҳад
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:124:2836:1719_1920x0_80_0_0_fc7d649b7045be017a5dd051198e3618.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон дар вилояти Бодканд мулоқот карданд.Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад.“Дар ҷараёни мулоқот ҷониби Қирғизистон изҳор доштааст, ки задухӯрди шабона бо иғвои низомиёни тоҷик сурат гирифт. Онҳо бо нишон додани қисмати шоҳроҳи Бодканд - Исфара дар мавзеи Эки-Тош гуфтанд, аз он ҷо низомиёни Тоҷикистон ба сӯйи мошинҳои шаҳрвандони Қирғизистон санг андохтанд", - омадааст дар хабар.Ҷониби Тоҷикистон дар навбати худ даст доштан дар сангпартоӣ ба сӯйи мошинҳоро рад мекунад.Ба гуфтаи марзбонони Тоҷикистон, ин корро шаҳрвандони ношинос анҷом додаанд, ки аллакай дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳар гуна иғво пешгирӣ карда, сарҳади давлатиро аз тариқи сарҳадбонони доимӣ ҳифз кунанд. То соати 13:30 вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муътадил арзёбӣ мешуд.Ёдрас менамоем, ки шабона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ рух дод. Бино ба гуфтаи сокинон, тирпаронӣ дар маҳаллаҳои маъруф ба Лангар, Қақир ва Қуммазори Чоркӯҳ сурат гирифтааст.Ин ҳодисаро манобеъ аз ҳукумати шаҳри Исфара низ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуданд. Ҳоло хисорати ин ҳодиса маълум нест.Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи 10-уми март дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ як марзбони тоҷик Сунатулло Самадов кушта шуд.Дар пайи ин таниш мулоқоти мақомоти сарҳадбонии ду кишвар дар марз баргузор шуда, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки воқеаи мусаллаҳонаро таҳқиқ карда, натоиҷи муқаддамотӣ дар мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи 12 март баргузор мегардад, эълом шавад.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан беш аз 460 километри он муайян нашудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз гоҳе ба сар задани муноқишаҳои сарҳадӣ боис мешавад.
https://sputnik.tj/20220311/marz-tojikiston-qirghiziston-tirparoni-1046701589.html
https://sputnik.tj/20220310/favri-tirparoni-marz-isfara--1046665398.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:0:2516:1887_1920x0_80_0_0_c19de0528c7e8c04c05dd842c0a49748.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
музокирот, қирғизистон, тоҷикистон
музокирот, қирғизистон, тоҷикистон
Музокироти ҳайати Қирғизистон ва Тоҷикистон пас аз даргирии шабона: чӣ ҳосил шуд?
15:20 11.03.2022 (Навсозишуда: 16:40 11.03.2022) Ҷонибҳо дар бораи пешгирии иғво ва ҳифзи сарҳади давлатӣ тавассути посбонҳои доимии сарҳадӣ ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон дар вилояти Бодканд мулоқот карданд.
Дар ин бора
Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад.
“Дар ҷараёни мулоқот ҷониби Қирғизистон изҳор доштааст, ки задухӯрди шабона бо иғвои низомиёни тоҷик сурат гирифт. Онҳо бо нишон додани қисмати шоҳроҳи Бодканд - Исфара дар мавзеи Эки-Тош гуфтанд, аз он ҷо низомиёни Тоҷикистон ба сӯйи мошинҳои шаҳрвандони Қирғизистон санг андохтанд", - омадааст дар хабар.
Ҷониби Тоҷикистон дар навбати худ даст доштан дар сангпартоӣ ба сӯйи мошинҳоро рад мекунад.
Ба гуфтаи марзбонони Тоҷикистон, ин корро шаҳрвандони ношинос анҷом додаанд, ки аллакай дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳар гуна иғво пешгирӣ карда, сарҳади давлатиро аз тариқи сарҳадбонони доимӣ ҳифз кунанд.
То соати 13:30 вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муътадил арзёбӣ мешуд.
Ёдрас менамоем, ки шабона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ рух дод.
Бино ба гуфтаи сокинон, тирпаронӣ дар маҳаллаҳои маъруф ба Лангар, Қақир ва Қуммазори Чоркӯҳ сурат гирифтааст.
Ин ҳодисаро манобеъ аз ҳукумати шаҳри Исфара низ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуданд. Ҳоло хисорати ин ҳодиса маълум нест.
Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи 10-уми март дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ як марзбони тоҷик Сунатулло Самадов кушта шуд.
Дар пайи ин таниш мулоқоти мақомоти сарҳадбонии ду кишвар дар марз баргузор шуда, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки воқеаи мусаллаҳонаро таҳқиқ карда, натоиҷи муқаддамотӣ дар мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи 12 март баргузор мегардад, эълом шавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан беш аз 460 километри он муайян нашудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз гоҳе ба сар задани муноқишаҳои сарҳадӣ боис мешавад.